БОБОЕВ Абдунаим (тав. 01. 08. 1936, деҳшурои Ёваи ноҳ. Хуҷанд), духтури муолиҷ, доктори илми тиб (1975), проф. (1976), Аълочии тандурустии Тоҷикистон. Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1958). Ходими хурди илмӣ (1958 – 68), мудири лабораторияи беҳдошти меҳнат (1968 – 79) ва мудири шӯъбаи гигиенаи Пажӯҳишгоҳи эпидемиология ва беҳдошти ш. Душанбе (1979 …
Муфассал »Архивы за год: 2017
БОБОХОҶАЕВ Зикриё Муртазоевич
БОБОХОҶАЕВ Зикриё Муртазоевич (тав. 01. 01. 1933, ш. Хуҷанд), терапевт, доктори илми тиб (1988), проф. (1989), Аълочии нигаҳдории тандурустии ИҶШС (1983), Корманди шоистаи ҶТ (1999). Хатмкардаи ДДТТ (1960). Сардухтури беморхонаи минтақавии хоҷагии боғу токдорӣ (1960) ва сардухтури беморхонаи Чептураи ноҳ. Шаҳринав (1960 – 63). Сардухтури беморхонаи роҳи оҳан дар ш. …
Муфассал »БОБОБОХОҶАЕВ Ислом Яъқубович
БОБОБОХОҶАЕВ Ислом Яъқубович (25. 8. 1915, Хуҷанд – 03. 07. 1992, Душанбе), доктори илми тиб (1972), проф. (1977), яке аз аввалин ташкилотчиёни ҳифзи тандурустӣ дар Тоҷикистон. Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. С. 1937 Ин-ти тиббии Тошкентро хатм карда, то с. 1943 дар хизмати ҳарбии тиббӣ буд. …
Муфассал »БОБОХОҶАЕВ Муҳаммад Хоҷаевич
БОБОХОҶАЕВ Муҳаммад Хоҷаевич (19. 11. 1924, Хуҷанд – 23. 01. 2003, ҳамон ҷо), терапевт, доктори илми тиб (1964), проф. (1965), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1969), иштирокчии ҶБВ. Омӯзишгоҳи тиббии Ленинобод (1939), Донишкадаи омӯзгории Тошкент (1941) ва ДДТТ-ро (1951) хатм кардааст. Муаллими физика ва математика, мудири қисми таълим, директори мактаби …
Муфассал »БОБОХОҶАЕВ ӯктам Икромович
БОБОХОҶАЕВ ӯктам Икромович (тав. 30. 06. 1960, ш. Душанбе), доктори илми тиб (1997). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1983). Интерн (1983 – 84), духтури бемориҳои даруни Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №3-и ш. Душанбе (1984 – 86), ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии таълими дармонгоҳии ДДТТ (1986 – 87), таҳсил дар аспирантура (1987 – 91), …
Муфассал »БОБУНА
БОБУНА (Matricaria suaveolens), бобунаҷ, бобунаи бӯё, гули бобуна, навъе аз гиёҳҳои яксола. Аз 15 то 35 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги пармонанд, хӯшагули сипаршакл, гули сабзи зардтоб дорад. Давраи гулшукуфташ май – июн. Дар канори роҳу ҷӯйборҳо мерӯяд. Б. растании маъмули доруист. Бино ба ақидаи Абӯалии Сино бобунаҷ …
Муфассал »БОДИНҶОН
БОДИНҶОН (Solanum melogena), боимҷон зироатест бисёрсола. Пояаш рост, сершох, то 1 м қад мекашад. Баргу гулаш бунафш; мевааш дарозрӯя, нокмонанд, сафед, сабз, бунафш. Б.-ро дар саноати консерв барои тайёр кардани икра, инчунин пухта ё хушконда истифода мебаранд. Дар таркиби он моддаҳои хушк, қанд, сафеда, равған, витаминҳои С, В1,В2, В6, каротин …
Муфассал »БОДИРИНГ
БОДИРИНГ (Cucumis sativus), растаниест яксолаи полизӣ. Дарозии палакаш 1,5 – 2 м. Баргаш дандонадор, гулаш қифшакл. Мевааш дарозу борик, сабз; ҳангоми пурра пухта расидан, зарди тӯрдор мешавад. Б.-ро барои тархӯрӣ ва очоронидан, инчунин дар хӯришҳо истифода мебаранд. Таркиби Б. аз сафеда, қанд, клетчатка, оҳар, кислотаҳои органикӣ, витаминҳои В, С, РР, …
Муфассал »БОДОВАРД
БОДОВАРД (Silybum marianum), бодрӯз, хори каррок, кукухор, гиёҳест як ё дусола. Пояаш рост, одатан бешоха, то 150 см қад мекашад. Баргаш калони хордор, рахҳои сафед дорад. Хӯшагулаш «сабадак»-и калон, дар нӯги поя ҷой гирифтааст. Гулаш майда, найчашакли арғувонӣ. Одатан, моҳҳои май – июн гул карда, авг. – сент. тухм мебандад. …
Муфассал »БОДОМ
БОДОМ (Amygdalus), лавз, бутта ё дарахтест маъмул. То 10 м қад мекашад. Барги нештаршакли дандонадор, гули сафед, гулобӣ ё арғувонӣ, меваи талх ё ширин дорад. Аз мағзи Б. ҳалво, торт ва маснуоти гуногуни қаннодӣ тайёр мекунанд, равғанашро дар атриёт ва дорусозӣ истифода мебаранд. Дар тибби қадим мағз, шилм, равған, инчунин …
Муфассал »