Главная / Илм / «МАНОФЕЪУ-Л-АҒЗИЯ ВА ДАФЪУ МАЗОРРИҲО»

«МАНОФЕЪУ-Л-АҒЗИЯ ВА ДАФЪУ МАЗОРРИҲО»

kitob«МАНОФЕЪУ-Л-АҒЗИЯ ВА ДАФЪУ МАЗОРРИҲО», асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925). Китоб дар баёни судмандиҳои ғизоҳо ва чигуна бартараф кардани зиёни онҳо буда, ба забони арабӣ таълиф шудааст. Дар баъзе сарчашмаҳо бо номи «Китобу дафъи мазорри-л-ағзия» низ зикр шудааст. Муаллиф китобро барои амир Абулаббос Аҳмад ибни Алӣ таълиф кардааст. Аз муқаддима, ду мақола ва ҳаждаҳ фасл иборат аст. Дар муқаддимаи китоб Розӣ мақсади таълифро баён карда, хостааст саҳву хатоҳои Ҷолинус ва Яҳё ибни Мосавайҳро, ки дар таълифоти худ доир ба ғизоҳо содир карданд, бартарф намояд, сабабу иллати суду зиёни ғизоҳоро аз нуқтаи назари файласуфони табиатшинос шарҳу тафсир диҳад. Мақолаи якуми китоб дар баёни масъалаҳои хоси ҷузъӣ ва мақолаи дуввум дар баёни умури куллӣ ва дастуроти лозимӣ оид ба ғизоҳо мебошад. Чанд нусхаи хаттии ин китоб ва тарҷумаи лотинии он дар марказҳои фарҳангии Аврупо маҳфуз аст. Матни арабии он борҳо ба шаклҳои гуногун ба табъ расидааст.
Ад.: Закариёи Розӣ, «Манофеъу-л-ағзия ва дафъу мазорриҳо». Бо муқаддима, шарҳ ва таҳқиқи Ҳусайни Ҳамавӣ, Димишқ, 1984.

С. Шаҳобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

ВУЛҚОНҲО

ВУЛҚОН ЧИСТ?

ВУЛҚОНҲО Ҳарорати он то + 1500°С мерасад, дар сатҳи замин 900-1200°С ташкил меқунад ва оҳиста …