Главная / Илм / МАНСУРОВ Ҳамид Ҳусейнович

МАНСУРОВ Ҳамид Ҳусейнович

mansurov-hamidМАНСУРОВ Ҳамид Ҳусейнович (тав. 20. 12. 1925, Самарқанд), терапевт, доктори илми тиб (1958), проф. (1961), Узви пайвастаи АИ ҶТ (1978; узви вобаста 1961), Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷ. (1976), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1981), Мукофоти АИ ҶТ ба номи Е.Н. Павловский (2003). С. 1947, баъди хатми Ин-ти тиббии Самарқанд, дар аспирантура таҳти роҳбарии акад. АИТ ИҶШС Мясников А.Л. таҳсил кардааст. С-ҳои 1951 – 54 ассистент, баъд дотсент ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи терапияи госпиталии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Аз с. 1954 то 1958 докторанти Ин-ти терапияи АИТ ИҶШС. С-ҳои 1958 – 75 мудири кафедраи терапияи госпиталии ДДТТ, ҳамзамон директори Ин-ти тадқиқоти илмии тибби кишварӣ (ҳоло Ин-ти гастроэнтерология; 1962 – 2000). Аз с. 2000 директори фахрии ҳамин институт. С-ҳои 1990 – 95 ноиби президенти АИ ҶТ буд. Дар соҳаи гастроэнтерология (пеш аз ҳама гепатология), кардиология, гематология, нефрология, пулмонология ва ғ. пажӯҳиш мебарад. Муаллифи зиёда аз 900 асари илмӣ, 18 монография.
М. яке аз асосгузорони биопсияи сӯзании ҷигар дар собиқ ИҶШС мебошад. Зери роҳбарии М. нақшаи раванди гипертензияи бобӣ (даромадгоҳи ҷигар) порталӣ ва астсит ҳини сиррози ҷигар таҳия карда шудааст. С-ҳои 70 асри гузашта М. бо шогирдонаш ба таҳқиқи сохтори гиалин ва аҳамияти ташхисии он, хусусиятҳои стеатоз, гепатит ва сиррози ҷигари пайдоишаш этанолӣ даст зада, ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Баъди дар вил. Хатлон рух намудани бемории дистрофияи гелиотропӣ М. бо шогирдонаш беморонро аз муоина гузаронда, барои ишора кардани маризӣ истилоҳи «Гепатоангиопатияи гелиотропӣ»-ро пешниҳод намуд. Баъдтар дар Ҷаласаи терапевтҳои ҷамоҳири Осиёи Марказӣ (сент. 1994) дар ш. Тошкент пешниҳод шуд, ки бемории мазкур «Бемории Мирочник – Мансуров» низ номида шавад.
Зери роҳбарии М. 80 рисолаи номзадӣ ва 18 рисолаи доктории илм ҳимоя карда шудааст. Бо ташаббуси М. с. 1990 дар ш. Душанбе чопи маҷаллаи «Проблемы гастроэнтерологии» (муассисон АИ ИҶШС, АИ ҶТ ва Ҷамъияти умумииттифоқии гастроэнтерологҳо) ба роҳ монда шуд, ки алҳол зери сарпарастии АИ ҶТ ва Ассотсиатсияи гастроэнтерологҳои минтақавӣ ба табъ мерасад.
Дар конгрессу симпозиумҳои байналхалқии гастроэнтерологҳо, ки дар Полша (1964), Япония (1966), Англия (1967), Чехословакия (1968), РДГ (1969), Дания (1970), Венгрия (1971, 1976), Франсия (1972) баргузор гардида буданд, ширкат варзидааст. Барои силсилаи лексияҳо оид ба гепатология дар Академияи тиббии Хитой сазовори дипломи «Барои фаъолияти академӣ» ва медали Вазорати тандурустии Хитой гаштааст. Бо орденҳои Ленин, Инқилоби Октябр, Исмоили Сомонӣ ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Ос.: Портальная гипертония, Д., 1963; Биопсия печени, Д., 1964; Атлас гистологических исследований печени, Д., 1964; Инструментальная диагностика заболевания печени, М., 1965; Болезни печени и желчных путей, дар кит. «Справочник терапевта», М., 1973; Очаговые заболевания печени, дар кит. «Руководство по гастроэнтерологии», Варшава, 1978; Гелиотропная гепатоангиопатия, Д., 2003; Болезни сосудов печени и портальная гипертензия, Д., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …