Главная / Илм / МАРГ

МАРГ

margМАРГ (Exanimatio), аҷал, фавт, бебозгашт қатъ гардидани фаъолияти организм, зинаи охирин ва ногузири ҳаёти ҳар як фард. Дар одаму ҳайвоноти олиташаккул қатъи амалиёти ҳаётан муҳим (нафаскашӣ, гардиши хун) дарҳол боиси ихтилоли бебозгашти сохти ҳуҷайраю бофтаҳо намегардад. Қатъ гаштани ҷараёни мубодилаи моддаҳо ва ихтилоли узву бофтаҳои гуногун якбора фаро намерасад, яъне ҳамаи қисмҳои организми серҳуҷайра дар як лаҳза нобуд намешавад. Чунончи, баъзе узвҳои аз организми маит гирифта фаъолияти худро дар муҳити махсус тӯлонӣ нигоҳ медоранд (баъзе узвҳои шахси фавтидаро ба одами зинда пайванд кардан маҳз ба ҳамин усул асос ёфтааст). Муддате ки дар давоми он баъзан реаниматсияи организм имконпазир аст, мафҳуми «марги клиникӣ»-ро ба вуҷуд овард. Марги клиникӣ фосилаи вақтест, ки дар давоми он фаъолияти ҳуҷайраҳои асабро барқарор кардан мумкин аст. Ин ҳуҷайраҳо ба норасоии оксиген, ки дар натиҷаи ихтилоли нафаскашӣ ва гардиши хун (мас., ҳангоми ғарқ шудан, буғӣ кардан, аз кор мондани дил дар вақти ҷарроҳӣ, дар натиҷаи инфаркти миокард вайрон шудани фаъолияти дил ва ғ.) ба вуҷуд меояд, ҳассосияти бештар доранд. Мӯҳлати миёнаи давраи М.-и клиникӣ аз 2 то 6 дақ. буда, баъди он М. – и биологӣ фаро мерасад. Баробари фаро расидани М.-и биологӣ организм ба ҷасад табдил ёфта, ихтилоли сохти бофтаҳо оғоз меёбад; моддаҳои мураккаби органикии организм ба пайвастҳои нисбатан соддаи органикӣ ва ғайриорганикӣ тақсим мешаванд. Таҷзияи моддаҳои мураккаб ва ихтилоли сохти ҳуҷайраю бофтаҳо аз таъсири ферментҳои худи организм ва ферментҳои бактерияҳое, ки микрофлораи организмро ташкил медиҳанд, ба амал меояд.
М. табиӣ ва патологӣ мешавад. М. – и табиӣ дар натиҷаи фанои табиии фаъолияти организми тадриҷан пиршаванда фаро мерасад. М. – и патологӣ бинобар таъсири бемаҳали ягон омили зарарнок (беморӣ, фалокат) рӯй медиҳад. Азбаски одам нисбат ба имкониятҳои физиологии организми худ хеле камтар умр мебинад, амалан ҳама гуна М.-ро М. – и патологӣ меҳисобанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …