Главная / Илм / ҚАБЗИЯТ

ҚАБЗИЯТ

medaҚАБЗИЯТ (Constipatio alvi), сахт шудани меъда, зиёда аз ду шаборӯз хориҷ нагаштани наҷосат ё бо душворӣ қазои ҳоҷат кардан. Қ. ҳолати хеле маъмул аст. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар мамлакатҳои мутараққӣ аз 5 то 10 фоизи аҳолӣ ба Қ. гирифторанд.
Қ. мумкин аст дар одами солим ҳам рӯй диҳад, мас., ҳангоми саёҳати дуру дароз, дар мавриди табдили шароити одатшуда, тағйири тарзи зиндагӣ. Дар ин сурат Қ. бисёр давом намекунад ва одатан бе табобат ҳам мегузарад.
Дар баъзе мавридҳо Қ. бемории алоҳида буда, бинобар ихтилоли низоми рӯзмарраи қазои ҳоҷат пайдо мешавад. Сабаби чунин Қ. худдорӣ кардан аз қазои ҳоҷат аст (мас., дар ронандагони нақлиёт ва коргароне, ки дар конвейер кор мекунанд). Одам аз тарси дарди бавосир, чоки мақъад ва ғ. аз қазои ҳоҷат худдорӣ мекунад, пагоҳӣ аз бистар хестанаш намеояд ё саргарми бозӣ шуда, ба мабраз намеравад. Зарурати дар вазъи номувофиқ ва дар ҳузури одамони бегона қазои ҳоҷат кардан дар беморе, ки хеста наметавонад, боиси Қ. мегардад. Ба пайдоиши Қ. тағзияи нодуруст ҳам мусоидат мекунад. Агар хӯроки якранг, асосан сафедадор хӯранд ва дар таркиби хӯрок обу сабзавоту мева, нони ҷавдор кам бошад, фаъолияти рӯдаи ғафс суст шуда, дар натиҷа Қ. ба вуҷуд меояд. Камҳаракатӣ ва сустии мушакҳои девораи пеши шикам низ боиси Қ. мегардад. Бо мақсади рафъи фарбеҳӣ истеъмол намудани доруҳои мусҳил низ Қ.-ро ба вуҷуд меорад.
Аксар вақт Қ. аломати бемориҳои гуногун аст. Чунончи, ҳангоми дарозии модарзодии рӯдаи ғафс, колити музмин, часпидани узвҳо дар ҷавфи шикам ва ғ. рӯда танг гашта, ҳаракати наҷосатро суст мекунад. Бемории меъда, роҳҳои талха, гурда, узвҳои таносули занон мумкин аст боиси ихтилоли кори рӯдаи ғафс ва Қ. гардад. Баъзе носомониҳои эндокринӣ (суст гаштани кори ғадудҳои сипаршакл, болои гурда, ғадудҳои ҷинсӣ) ва рӯҳӣ, аз ҷумла неврозҳо, бо Қ-.и сахт ҷараён мегиранд.
Нафақат сабабҳои Қ., балки хусусияти ихтилоли фаъолияти рӯдаи ғафс ҳам гуногунанд. Дар як ҳолат Қ. ба суст шудани ҳаракати мӯҳтавои рӯдаи ғафс (аз сабаби ташаннуҷ ё баръакс, суст шудани тонуси қабати мушаки он) вобаста аст; дар мавриди дигар он дар натиҷаи ихтилоли қазои ҳоҷат рӯй медиҳад. Қ. мумкин аст бо як қатор зуҳуроти умумӣ – беҳолӣ, дарди сар, тундмизоҷӣ, бехобӣ, камиштиҳоӣ, дилзанӣ, серарақӣ, дарди ноаёни шикам ҷараён гирад.
Мувофиқи баъзе маълумот Қ. ҷараёни пиршавии организмро метезонад.
Қ. метавонад оризаи ногувор гузорад. Дар аксар беморон ба истилоҳ дисбактериоз инкишоф меёбад: таркиби микроорганизмҳои маскуни рӯда тағйир ёфта, микробҳои уфунӣ пайдо мешаванд. Ин боиси газаки луобпардаи рӯдаи ғафс (колити музмин) мегардад. Ҳангоми дисбактериоз инчунин синтез ва ҳазми витаминҳои гурӯҳи В вайрон мешавад (норасоии онҳо Қ.-ро душвор мегардонад). Дар аснои қазои ҳоҷат зуд-зуд ва сахт зӯр задан, боиси пайдоиши чурра, бавосир, даридани мақъад гашта, аксар вақт бо ҷарроҳӣ анҷом мепазирад.
Табобати худсаронаи Қ. норавост, чунки он бефоида буда, баъзан ҳатто зарар дорад. Фақат духтур сабаб ва тарзи инкишофи бемориро ба назар гирифта, табобат таъин мекунад. Дар баъзе мавридҳо низоми дурусти ғизо, ки духтур таъин кардааст, Қ.-ро пурра бартараф месозад. Агар парҳез фоида набахшад, мувофиқи таъиноти духтур, махсусан ҳангоми суст шудани тонуси рӯдаи ғафс, дигар доруҳо, аз ҷумла доруҳои таҳрикдиҳандаи ҳаракати мавҷмонанди рӯдаро истеъмол мекунанд. Доруҳое низ таъин мекунанд, ки обро дар ковокии рӯда нигоҳ медоранд ва ба туфайли ин наҷосати рақиқ аз рӯда ба осонӣ мегузарад. Бояд ба назар гирифт, ки баъзе доруҳои мусҳил луобпардаи рӯдаи ростро ба ангезиш оварда, ҳаракати мавҷмонанди рӯдаро метезонад. Бинобар ин истеъмоли бардавоми онҳо боиси тағйироти илтиҳобӣ дар рӯда мегардад. Ин доруҳоро фақат дар муддати кӯтоҳ ва зери назорати духтур истеъмол кардан мумкин аст. Агар раво бошад, аз шамъчаҳои гуногуни давоӣ ва ҳуқна истифода мебаранд. Барои рафъи дисбактериоз доруҳоеро истифода мекунанд, ки онҳо флораи мӯътадили рӯдаро барқарор созанд. Давомоти табобат ва меъёри доруро духтур муайян мекунад. Аз физиотерапия, масҳ ва варзиши шифоӣ ҳам истифода мебаранд. Бо қазои ҳоҷати ҳаррӯза одат кардан яке аз муҳимтарин тарзи табобати Қ. аст. Бо ин мақсад ҳар рӯз дар вақти муайян ба ҳоҷатхона рафтан (ҳарчанд чунин хоҳиш пайдо нашуда бошад ҳам) зарур аст. Дар ҳоҷатхона машқҳои махсуси нафаскашӣ мегузаронанд, ки фишори дохили шикамро пасту баланд намуда, ҳаракати рӯдаро метезонад: нафасгирӣ бо шикам – ҳарчи бештар нигоҳ доштани нафас; пурра нафас баровардан – ҳарчи бештар нигоҳ доштани нафас. Машқро се маротиба такрор мекунанд. Дафъаи чорум чуқур нафас гирифта, чунон зӯр мезананд, ки дар мақъад фишор ҳис шавад. Баъди чандин нафасгирии ором машқҳои нафасгириро аз нав такрор кардан лозим (ҳамагӣ 10 – 12 маротиба). Агар Қ. дар натиҷаи нуқси инкишоф ё омос пайдо шавад, зарурати ҷарроҳӣ пеш меояд.
Агар табобати Қ., хусусан бо истеъмоли доруҳои мусҳил мувофиқи таъинот ва зери назорати духтур гузаронида шавад, пас тадбирҳои пешгирии Қ. ба ҳар кас дастрасанд. Пеш аз ҳама кӯдакро аз хурдсолӣ ба қазои ҳоҷат одат кунондан зарур аст. ӯро дар як вақти муайян ба тубак шинонда, кӯшиш кунед, ки ба бозичаҳо ё гуфтугузор диққат надиҳад. Меҳнати одамон бояд чунон ташкил карда шавад, ки барои сари вақт қазои ҳоҷат кардан, монеае набошад. Ба хотири қатъ накардани машғулияти муҳим ё шавқовар аз қазои ҳоҷат худдорӣ намудан ҷоиз нест. Дар ҳоҷатхона хондан ё тамоку кашидан тавсия намешавад. Тағзияи мураттаб дар пешгирии Қ. аҳамияти калон дорад.
Хӯрокро дар вақти муайян истеъмол намудан, дар наҳор тақрибан сеяки вояи таоми рӯзонаро хӯрдан хеле муҳим аст. Ба вояи ғизо бояд доимо сабзавот (сабзӣ, лаблабу, карами намакин ё бенамак, помидор, бодиринг, боимҷон, таррак, каду, карафс, гулкарам), меваҳои гуногун ҷурғот, равғани растанӣ, асал илова карда шавад. Бояд дар хотир дошт, ки истеъмоли баъзе маҳсулот – творог, биринҷ, хурмо, анор, забудаҳо, арақ боиси Қ. мегарданд. Бо мақсади пешгирии Қ. фаъолияти ҷисмонӣ муҳим аст. Варзиши ҳаррӯзаи пагоҳӣ, машқҳо барои манганаи шикам, сайругашт (бо велосипед ё пиёда), варзиш ва ғ. ба кори мӯътадили рӯда мусоидат мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …