Главная / Илм / ҚАБЗИ ПЕШОБ

ҚАБЗИ ПЕШОБ

kabzi-peshobҚАБЗИ ПЕШОБ (Retensio urinae), наомадани пешоб. Қ. п. аз сабаби бемориҳои гуногуни узвҳои шошаю таносул, ки дар ин ҳолат сӯрохии найи пешоброн пурра ё қисман баста мешавад (омос, аденомаи ғадуди простата, бемории санги пешоб ва ғ.), ба вуҷуд меояд. Он мумкин аст дар натиҷаи иллати асабҳои марказӣ, инчунин дар аснои газаки атрофи рӯдаи рост ва мақъад, осеби устухонҳои кос низ инкишоф ёбад. Қ. п. шадид ва музмин мешавад.
Ҳангоми қабзи шадид бо вуҷуди зуд-зуд пайдо шудани хоҳиши дардомези пешобронӣ, бемор ихтиёрӣ мезида наметавонад, зери ноф ва чатан дард мекунад. Мариз барои рафъи дард вазъи мувофиқ меҷӯяд – хам мешавад, суст нафас мекашад ва ғ. Аксар вақт дар ин маврид баданро арақи сарди часпак пахш карда, одамро ларза мегирад.
Суст шудани ҷараёни пешоб, нисбатан тӯл кашидани пешобронӣ, пурра холӣ нашудани пешобдон аломатҳои асосии қабзи музмин мебошанд.
Дар аснои қабзи шадид ёрии таъҷилӣ (тавассути асбоби махсус – катетер фавран холӣ кардани шошадон) зарур аст; баъзан ҷарроҳии таъҷилӣ мебояд.
Ҳангоми қабзи музмин ҳатман аз муоинаи духтур уролог гузаштан лозим, то ки сабаби он муайян ва бемории асосӣ табобат карда шавад. Ниг. низ Узвҳои пешоб, Ишурия.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …