Главная / Илм / ҚАДКАШАК

ҚАДКАШАК

kadkashakҚАДКАШАК (Regio inguinalis), каши рон; аз боло бо хатти пайванди нӯги устухонҳои тиҳигоҳ, аз поён – бо чини қадкашак, аз дарун – бо канори берунии мушаки рости шикам ҳамҳудуд аст. Пӯcти Қ. тунук буда, дар мавзеи рон чини қадкашакро ба вуҷуд меорад. Дар Қ. артерия, венаҳо ва ғуддаҳои лимфавии фавқи шикам ҷой гирифтаанд. Канори поёни апоневрози мушаки каҷи берунии шикам бандаки Қ.-ро ташкил медиҳад. Дар зери апоневрози мушаки номбурда мушакҳои каҷи дарунӣ ва кӯндаланги шикам, ниёми арзӣ, насҷи зери шикампарда ва сифоқ ҷойгир мебошанд. Дар байни мушакҳои шикам ва ниёми арзии девораи пеши шикам канали Қ. воқеъ гаштааст, ки дар мардҳо танобакҳои манидон, дар занҳо бандаки гирдаи бачадонро дарбар мегирад. Аз насҷи зерисифоқии Қ. артерияҳо ва венаҳои поёнии амиқи фавқи шикам мегузаранд.
Дар Қ. метавонад чурра, пучак, ҳафтпӯст, лимфаденит ва диг. иллатҳо ба вуҷуд оянд. Дар ғуддаҳои лимфавии Қ. ҳангоми омосҳои саратонии аъзои таносул метастазаҳо ба мушоҳида мерасанд.
КЛ
Канали қадкашак ва мушакҳои шикам:
1 – лавҳачаи ақиби ниёми мушаки рости шикам; 2 – хати камоншакл; 3 – мушакпардаи арзӣ; 4 – мушаки рости шикам; 5 – мушаки аҳромшакл; 6 – ҳалқаи амиқи қадкашак; 7 – ҳалқаи сатҳии қадкашак; 8 – танобаки манӣ; 9 – мушаки бардорандаи хоя; 10 – апоневрози мушаки каҷи берунии шикам; 11 – мушаки каҷи берунии шикам; 12 – мушаки каҷи дарунии шикам; 13 – мушаки арзии шикам.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …