Главная / Илм / ҚАДКАШИИ ОДАМ

ҚАДКАШИИ ОДАМ

kadkashii-odamҚАДКАШИИ ОДАМ, калон шудани ҷасомади умумии организм ё бофтаю узвҳои ҷудогонаи он. Рушд (инкишоф) хосияти материяи зинда буда, бештар ба организми ҷавон хос аст. Вале ҳама гуна калоншавии ҷасомади бадан қадкашӣ маҳсуб намешавад. Мас., ғуншавии чарб боиси калон шудани ҷусса гардад ҳам, вале рушди организм нест. Меъёри рушд қад, вазн ва дарозии қисмҳои гуногуни ҷуссаи одам мебошад.
Ба рушди одам бисёр омилҳои дарунӣ ва берунӣ таъсир мерасонанд. Ба омилҳои дарунӣ – омилҳои генетикӣ (ирсӣ) мансубанд, ки онҳо ба бофтаҳо бевосита ё тавассути системаи эндокринӣ ва асаб таъсир меоранд. Омилҳои беруние, ки ба рушду инкишофи бачагон асар доранд, инҳоанд: шароити зиндагӣ, сифати хӯрок, бемориҳо, машғулиятҳои варзишӣ ва ғ.
Рушд се дараҷа – афзоиш, оромӣ ва таназзул дорад. Дараҷаи афзоиши рушд давраи батнии тифл ва баъди таваллуд, тақрибан то 20-солагиро дарбар мегирад. Рушди занон то 16 – 18-солагӣ, мардон то 18 – 20-солагӣ давом мекунад. Минбаъд он дар ҳолати устувории нисбӣ (оромӣ) қарор гирифта, қади одам баъд аз 50-солагӣ торафт (тақр. дар ҳар 10 сол 1 см) паст мешавад. Паст шудани қад дар натиҷаи кӯтоҳ гаштани сутунмӯҳра (бинобар каҷ шудани он), коҳиши чандирии тағояки гирдаи байни мӯҳраҳо ва ҳамвор шудани онҳо ба вуҷуд меояд. Кӯдак дар солҳои аввали ҳаёт хеле қад кашида, минбаъд ин суръат суст мегардад ва дар давраи балоғат аз нав меафзояд.
Дар бисёр давлатҳо дар тӯли даҳсолаҳо меъёри миёнаи қади одамро барои мардон 165 см, барои занон 154 см қабул карда буданд. Вале бинобар акселератсия ин рақам солҳои охир барои мардон то ба 167 – 168 см, барои занон 156 – 157 см-ро ташкил медиҳад. Барои баёни сабаби акселератсия назарияҳои зиёде пешниҳод шудааст, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо ин ҳодисаи мураккаби биологиро шарҳ дода наметавонад. Тағйири сифати хӯрок, истеъмоли зиёди сафедаю равғанро сабаби асосӣ меҳисобанд. Дар а. 19 ва авв. а. 20 дар тамоми кишварҳо афзудани Қ.о. аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳтимол акселератсия бо маҷмӯи омилҳои гуногуне, ки дар таҳрики рушду инкишофи организм (беҳтар шудани дараҷаи зиндагӣ, сифати хӯрок, кам гаштани беморӣ ва ғ.) иштирок мекунанд, вобаста бошад.
Дарозии қади халқҳои ҷудогона ба ҳисоби миёна мумкин аст аз ҳамдигар қадре фарқ кунад. Мас., қади сокинони мамлакатҳои Скандинавия нисбат ба қади сокинони Италия ё Франсия 10 – 15 см баландтар аст.
Ба Қ. о. гормони сабзиш, ки гипофиз ҷудо мекунад, таъсири калон мерасонад. Ин гормон синтези сафедаҳоро метезонад, инчунин намакҳои фасфор, калсий ва натрийро, ки барои бунёди устухон ва диг. бофтаҳо заруранд, дар организм нигоҳ медорад. Гормони мазкур то охири умр ҷудо мешавад. Норасоии он дар синни кӯдакӣ боиси аз сабзиш мондани организм, яъне паканагӣ мегардад, агар гормон барзиёд ҷудо шавад, гигантизм рӯй дода, қади одам ба 240 – 250 см мерасад. Дар сурати дар одами калонсол аз эътидол зиёд ҳосил шудани гормони сабзиш андозаи ангуштони дасту по, панҷа, кафи по, бинӣ, ҷоғи поён калон мешаванд (ниг. Акромегалия).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …