Главная / Илм / ҚАБЗ

ҚАБЗ

kabzҚАБЗ (Spasmus), спазм, ғайрихтиёр кашиш хӯрдани мушакҳои кӯндаланграх ё суфта. Падидаҳои возеҳе, ки дар асоси онҳо Қ. аз шаклҳои гуногуни ташаннуҷ (ихтилоҷ, рагкашӣ) фарқ карда шавад, вуҷуд надоранд. Вобаста ба манбаи иллат Қ. мумкин аст мушакҳои алоҳидаро фаро гирад, мас., Қ.-и мушакҳои як қисми гардан (ниг. Каҷгарданӣ), пилки чашм (ниг. Блефароспазм). Баъзан Қ. мушакҳои тамоми андомро фаро мегирад, ки дар натиҷа он фаъолияти худро гум мекунад (ниг. Фалаҷ).
Ҳангоми осеби силсилаи асабҳои канорӣ Қ.-и мушакҳои гардан, мушакҳои мурудшакл ва чорсараи рон, мушакҳои соқ ба вуҷуд омада, боиси дарди шадид мешаванд. Дар мавриди невралгияи асаби сесара ва кузоз Қ.-и мушакҳои хоиш рух менамояд. Дар сурати амрози силсилаи асабҳои нашвӣ бисёр вақт Қ.-и мушакҳои суфтаи девораи рагҳо ва узвҳои дохилӣ – ангоиспазм, бронхоспазм, ларингоспазм, ташаннуҷи сурхрӯда, меъда, рӯда ва ғ. инкишоф меёбад.
Ниг. низ Тонус.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

magas

МАГАС

МАГАС, номи умумии ҳашаротест аз оилаи дуболаҳо. Дар дунё тақр. 5 ҳаз. намуди М. мавҷуд …