Главная / Илм / АППЕНДИТСИТ

АППЕНДИТСИТ

appendicitАППЕНДИТСИТ (Appendicitis), илтиҳоби кирмрӯда, газаки изофаи кирмшакл (аппендикс)-и кӯррӯда. Дар рӯдаи одам микроорганизмҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо одатан бемориовар нестанд. Аммо дар баъзе мавридҳо хосияти номатлуби онҳо зуҳур ёфта, боиси газаки рӯда мегарданд. Мас., яке аз сабабҳои пайдоиши А. аз изофаи кирмшакл ба кӯрруда бо душворӣ гузаштани муҳтавои рӯда аст. Қат (каҷ) шудани изофаи кирмшакл (кирмрӯда) ё бо пасафканди сахт баста шудани равзани он, инчунин аз таъсири ягон ангеза (мас., мӯяккиҷа ё маҳсули пӯсидаи муҳтавои рӯда) ногаҳон ва сахт варам кардани луобпарда ба холӣ гаштани даруни кирмрӯда монеъ мешаванд. Муттасил ва аз ҳад зиёд бо сафедаи ҳайвонот (гӯшт, моҳӣ) пур шудани меъдаю рӯда агар аз як тараф боиси қабзият гардад, аз тарафи дигар раванди тосидани рӯдаро метезонад. Ба А. одамони ҳамаи синну сол гирифтор мешаванд.
А. шадид ва музмин мешавад. Газаки шадиди изофаи кирмшакл аз пардаи дохили (луобӣ)-и он оғоз ёфта, баъд ба дарунтар паҳн мегардад, бофтаҳо, аз он ҷумла, девораи кирмрӯда, пурра осеб меёбанд (А.-и флегмонӣ) ва фасод ба даруни шикам мегузарад (А.-и шикофанда). Ихтилоли гардиши хуни рагҳое, ки кирмрӯдаро бо хун таъмин мекунанд, боиси маҳви он мегарданд (А.-окилавӣ). Дар натиҷаи шикоф шудан ва пӯсидан (гангрена)-и кирмрӯда сифоқ газак мегирад (перитонит). Ҳангоми А.-и шадид поёни шикам (бештар аз тарафи рост) ногаҳон ба дард медарояд. Аксар вақт ҷойҳои гуногуни бадан, аз ҷумла сари дил ва гирди ноф дард карда, танҳо баъд аз чанд соат ҷое, ки кӯррӯда воқеъ аст (тарафи рости поёни шикам), сахт дард мекунад. Дард тадриҷан меафзояд, дар вақти сулфидан ё вазъи баданро тағйир додан, хусусан ҳангоми ба паҳлӯи чап хобидани бемор, дард пурзӯр мешавад. Кӯдакон ва одамони солхӯрда ҳангоми А. дардро камтар ҳис мекунанд. Хурӯҷи А. бештар дар беҳузур шудани дил ва қай зоҳир мегардад, қабзият ё исҳол (асосан дар тобистон) ба вуҷуд меояд. Одамони калонсол қадре таб мекунанд (37,50 – 38,50С), таби кӯдакон бошад, нисбатан баланд аст. Ҳарорати бадани одамони солхӯрда ҳатто ҳангоми шаклҳои вазнини А. низ мӯътадил мешавад.
Илтиҳоб метавонад фақат бо газаки пардаи луобӣ маҳдуд гардад. Агар муҳтавои кирмрӯда ба кӯррӯда резад, хурӯҷи А. қатъ хоҳад шуд. Аммо ба чунин беҳбудӣ умед бастан норавост, чунки ҳатто духтур низ дараҷаи вазнинӣ ва хусусияти газаки кирмрӯдаро муайян карда наметавонад ва тағйироти хатарноки он (мас., окила) зуд аз худ дарак медиҳад. Бинобар ин, дар ҳар ҳолат фавран бурида партофтани изофаи кирмшакл зарур аст.
Дар кирмрӯдаи беморе, ки бо ягон сабаб ҷарроҳӣ карда нашудаасту А.-и шадидро беозор аз сар гузаронидааст, тағйирот боқӣ мемонад (он метавонад боиси хурӯҷи такрорӣ ва нисбатан вазнинтар шавад). Шахсоне, ки ба А.-и такрорӣ гирифтор шудаанд, доимо зери хавфи сар задани хурӯҷи нав қарор доранд. Аз ин рӯ, онҳо бояд дар саёҳати туристӣ ва экспидитсияҳои илмӣ дар маҳаллҳои каммаскун (дар ҷойҳое, ки ёрии ҷарроҳии таъҷилӣ душвор аст) ширкат наварзанд.
Сабаби асосии оқибатҳои нохуши А.-и шадид ба духтур дер муроҷиат кардан аст, зеро одамон дарди шикам, беҳузур шудани дил ва қайро (хусусан агар ин аломатҳо дар кӯдак рӯй диҳанд) бисёр вақт аз «вайрон шудани меъда» медонанд. Ғайр аз ин, онҳо ба воситаи доруҳои исҳоловар ё имола (ҳуқна) рӯдаро тоза карданӣ мешаванд, ки билкул норавост (зеро газак ба перитонити фарогиранда табдил меёбад). Бояд донист, ки дарди шадиди шикам бисёр вақт бо хурӯҷи А. вобаста аст. Бинобар ин, ҳангоми дарди сахт ҳатман духтурро даъват кунед. То омадани ӯ беморро бистарӣ карда ба рӯи шикамаш зарферо бо ях ё оби хунук гузоред (гармкунак гузоштан мумкин нест). Истеъмоли доруҳои рафъи дард норавост, чунки кам шудани дард боиси ташхису табобати нодурусти беморӣ мегардад.
Дар аснои А.-и музмин мариз аз қабзият, беҳузур шудани дил, муттасил ё гоҳ-гоҳ дард кардани атрофи кӯррӯда шикоят мекунад. Ин аломатҳои А.-и музмин буда, метавонад ҳар вақт ба А.-и шадид гузарад (дар ин ҳолат амалиёти ҷарроҳӣ тавсия карда мешавад).
Ад.: Кахаров А. Н., Мухамедов С. М., О значение рентгенологического исследования в диагностике хронического аппендицита. Дар маҷ.: «Здравохронение Таджикистана», ; №5, 1966; Гостищев В.К., Общая хирургия, М., 2005; Петров С.В., Общая хирургия, М., 2005; Хирургические болезни, ҷ. 1 – 2, М., 2005.
А. Р. Достиев.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …