АППЕНДИКС (аз лот. appendix – замима, зоид), кирмрӯда, изофаи кирмшакли кӯррӯда. А.-и одам 1 – 28 см, қутраш 4 – 5 мм аст. Дарозии А. баъзан то 28 см мешавад; дарозии А.-и навзодон 3 – 5 см, кӯдакони 10 – 12-сола 9,5 см аст. Дар баъзе ҳолатҳо одам метавонад А. надошта бошад. Дар давраи пиронсолӣ А. кӯтоҳ ва атрофия мешавад. Дар А. имкон дорад, ки паразитҳои гуногун (мас., Balantidium coli, Entamoeba histolytica) ва кирмҳо (киҷҷаҳо, аскаридаҳо ва ғ.) ҷой дошта бошанд. Илтиҳоби А.-ро аппендитсит меноманд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …