Главная / Илм / АПОНЕВРОЗ

АПОНЕВРОЗ

aponevrozАПОНЕВРОЗ (Aponeurosis), лавҳачаи паҳни бофтаҳои пайвандӣ, ки аз нахҳои устувор ва чандир таркиб ёфтааст. Тавассути ин гуна лавҳачаҳо мушакҳо ба устухон ё дигар бофтаҳои бадан пайваст мешаванд. Ниём (мушакпарда)-и зери пӯсти кафи пой, кафи даст, қисми мӯйдори сарро низ А. меноманд. Ранги А. сафеди нуқрагун аст. Аз ҷиҳати сохтори гистологӣ А. ба пай монанд мебошад, вале рагҳои хун ва асаб надорад. Аз нигоҳи клиникӣ А.-ҳои девораи пеши шикам, паси камарӣ ва кафи дастҳо хеле муҳим мебошанд.
КЛ
Апоневрози кафи дасти рост; ниёми лиф (фибрози)-и ангуштон: 1 – боздорандаи мушаки қаткунанда; 2 – апоневрози кафи даст; 3 – бандчаҳои кӯндаланг; 4 – ниёми фиброзии ангуштон; 5 – қисми ҳалқашакли ниёми фиброзӣ; 6 – қисми салибшакли ниёми фиброзӣ; 7 – пайи мушаки дарози кафи даст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …