Хабарҳои охирин

ЛАКТОНҲО

lakton

ЛАКТОНҲО, моддаҳои органикӣ, эфирҳои сиклии дохилии оксикислотаҳо. β–, γ– ва диг. Л. мавҷуданд. Аз рӯи хосияти химиявӣ ба эфирҳои мураккаби асиклӣ монанд мебошанд. Л.-ро дар натиҷаи сиклизатсияи галогену оксикислотаҳо бо иштироки катализаторҳо ҳосил мекунанд. Л. дар синтези органикӣ, истеҳсоли моддаҳои хушбӯй ва доруҳо истифода мешаванд. Баъзе Л. (мас., клавосин) моддаҳои …

Муфассал »

ЛАПАРОСКОПИЯ

laparoskapiya

ЛАПАРОСКОПИЯ, яке аз усулҳои табобат, ки дар мавриди он узвҳои дарун аз сӯрохии хурд (одатан 0,5 – 1,5 см) ҷарроҳӣ карда мешавад. Л.-ро одатан ҳангоми бемориҳои узвҳои ҷавфи шикам ва кос кор мефармоянд. Л. ба тавассути лапароскоп амалӣ мегардад. Он ғулбаи телескопӣ буда, аз системаи линзаҳо иборат аст ва ба …

Муфассал »

ЛАПАРОТОМИЯ

laportamiya

ЛАПАРОТОМИЯ (юн. lapara – қадкашак, шикам ва tome – буридан), як навъи амалиёти ҷарроҳӣ, ки дар мавриди он ҷавфи шикам чок карда мешавад. Л.-ро бо мақсади гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ дар узвҳои ҷавфи шикам, аз ҷавфи шикам баровардани хуну зардоб, ҳамчунин бо мақсади ташхис иҷро менамоянд.

Муфассал »

ЛАРИНГИТ

laringit

ЛАРИНГИТ (Laryngitis; аз юн. larynx – ҳалқ), газаки ҳанҷара, илтиҳоби луобпардаи ҳалқ. Л. шадид ва музмин мешавад. Л.-и шадид бештар ҳангоми илтиҳоби роҳҳои болоии нафас, грипп, сурхча, махмалак, сурфакабутак ва ғ. ба вуҷуд меояд. Хунук хӯрдани бадан, хусусан тавассути даҳон нафас кашидани ҳавои сард, ҳангоми сармо муддати дароз ва бо …

Муфассал »

ЛАРИНГОСПАЗМ

laringospazm

ЛАРИНГОСПАЗМ (Laryngospasmus; юн. larynx, laryngos – ҳанҷара ва спазм), ташаннуҷи ногаҳонӣ ва хуруҷмонанди мушакҳои ҳанҷара, ки боиси танг ва баста шудани роғи нафаскашӣ мегардад. Сабаби Л. ангезиши сахти дастгоҳи асабу мушакии ҳанҷара аст. Л. бештар дар кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ истеъмол мекунанд, ҳангоми ихтилоли мубодилаи моддаҳо, дар организм нарасидани намакҳои …

Муфассал »