Хабарҳои охирин

МИЕЛОМА

mieloma

МИЕЛОМА (Myeloma), бемории омосии бадфарҷом. Ҳангоми М. ҳуҷайраҳои плазмавӣ (миеломавӣ) ба мағзи устухон реша ронда, бофтаи онро табоҳ мегардонанд, фаъолияти хунофариро фурӯ менишонанд. Маҳсули фаъолияти ҳаётии ҳуҷайраҳои миеломавӣ парапротеин – сафеда аз гурӯҳи иммуноглобулинҳо – мебошад. Ба пайдоиши М. тамоюли ирсӣ ва таъсири омилҳои гуногуни омософар ба организм мусоидат мекунанд. …

Муфассал »

МИЁНДАРА

miyondara

МИЁНДАРА, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳ. рости д. Ванҷ, 55 км шарқтар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 3500 м. Дебиташ – 1 л/сон., минералнокии умумиаш – 1,65 г/л. Ҳарор. об +80С. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (800 мг/л), катионҳои калсий (260 мг/л), натрий (116 …

Муфассал »

«МИЗОНУ-Т-ТИБ»

mizonu-tib

«МИЗОНУ-Т-ТИБ», асари ҳаким Муҳаммадакбар ибни Муҳаммадмуқими Деҳлавии маъруф ба Арзонӣ (ваф. баъд аз с. 1718). Китоб мухтасаре дар бораи тамоми бемориҳои тан ва роҳҳои муолиҷаи онҳост. Он аз се мақола ва ҳар мақола аз чанд фасл иборат аст. Мақолаи аввал дар баёни аломати чаҳоргона, яъне ҳарорат, бурудат, рутубат ва юбусат, …

Муфассал »

МИЗОҶ

МИЗОҶ, сиришт, ниҳод, табиат, хулқ, хусусияти ботинии табиии одам, мувофиқи назарияи тибби қадим ва тибби халқии як қатор мамлакатҳои Шарқ сиришт ва табиати инсон аст, кайфиятест, ки аз омезиши чор унсур (ё аносири арбаа) – оташ, бод, хок ва об ба ҳам мерасад. М. дар асоси иртибот ва алоқамандии чор …

Муфассал »

МИКОБАКТЕРИЯҲО

mikobakteriya

МИКОБАКТЕРИЯҲО (Mycobacterium; юн. mykes – занбӯруғ ва бактерияҳо), як навъ мавҷудот, ангезандаи бемории сил. М.-ҳо гуногун мешаванд (М.-и одам, гов, парранда ва ғ.). М. қаламчашакл буда, дарозиашон 1 – 10 ва паҳниашон 0,2 – 0,6 мкм аст. Онҳо ба организм аз роҳи нафас, баъзан меъдаю рӯда ва пӯст ворид мегарданд. …

Муфассал »