Хабарҳои охирин

МЕЛЕНА

melena

МЕЛЕНА (Melaena; юн. melaina [nosos] – бемории сиёҳ), наҷосати сип-сиёҳи бадбӯй; аломати асосии хуншории сурхрӯда, меъда ва рӯдаҳо. М. мумкин аст дар натиҷаи фурӯ бурдани хун, мас., ҳангоми хунравӣ аз бинӣ ё шуш низ ба вуҷуд ояд. Сабаби сиёҳ гаштани пасафканд дар он мавҷуд будани сулфиди оҳан (дар рӯда дар …

Муфассал »

МЕЛИОИДОЗ

melioidoz

МЕЛИОИДОЗ (Melioidosis; юн. melis – манқагӣ, eidos – намуд), псевдохолера, пневмоэнтерит, як навъ бемории сироятӣ, ки ҷараёни вазнин дошта, бо уфунат ва пайдоиши думбал дар узву бофтаҳои гуногун падид меояд. Ангезандаи М. – Pseudomonas pseudomallei қаламчамикроби граммусбат буда, ба таъсири моддаҳои гандзудо ва ҳарор. баланд тоб намеорад. Манбаи ангезандаи беморӣ …

Муфассал »

МЕНИНГИОМА

meningioma

МЕНИНГИОМА (Meningioma), омосе, ки аз ҳуҷайраҳои маинапардаи сахт – бофтаҳое, ки майнаро фаро гирифтаанд, месабзад. М. бемории маъмул аст. М. метавонад дар ҳама қисматҳои ҷумҷума падид ояд. Аломатҳои беморӣ ба ҷойгоҳи он вобаста мебошанд. Ҳангоми М. дасту по нимфалаҷ (парез) ва босира заиф шуда, дубинӣ рух медиҳад, хуруҷи саръ (эпилепсия) …

Муфассал »

МЕНИНГОКОКК

meningokokk

МЕНИНГОКОКК (Menungococcus), як намуди диплококкҳои грамманфӣ. М. ангезандаи бемориҳои менингококкӣ мебошанд. Андозаи М. 0,6 – 1,0 мкм аст. Ба шакли донаи қаҳва буда, дар моеи ҳароммағз ҷой мегиранд. Онҳо фақат дар муҳите меафзоянд, ки дорои сафедаи одам ё ҳайвонот аст. М. экзотоксин ҳосил намекунад. М. аз таъсири гармӣ (650С) баъди …

Муфассал »

МЕНИНГОКОККЕМИЯ

meningokokkemiia

МЕНИНГОКОККЕМИЯ (Meningococcaemia), як навъ бемории сироятии хеле вазнин; ба таври шадид оғоз меёбад. Ҳарорат ба 39 – 41°С расида, мариз табларза мекунад. Пайдоиши табу тасф ба дараҷаи вазнинии беморӣ мувофиқ намеояд. Дар мавриди инкишофи садамаи сироятӣ-заҳрӣ ҳарорат, одатан, паст мефарояд ё мӯътадил аст. Дар баробари афзудани ҳарорат, аломатҳои дигари заҳролудӣ …

Муфассал »