Главная / Илм / МЕНИНГОКОККЕМИЯ

МЕНИНГОКОККЕМИЯ

meningokokkemiiaМЕНИНГОКОККЕМИЯ (Meningococcaemia), як навъ бемории сироятии хеле вазнин; ба таври шадид оғоз меёбад. Ҳарорат ба 39 – 41°С расида, мариз табларза мекунад. Пайдоиши табу тасф ба дараҷаи вазнинии беморӣ мувофиқ намеояд. Дар мавриди инкишофи садамаи сироятӣ-заҳрӣ ҳарорат, одатан, паст мефарояд ё мӯътадил аст. Дар баробари афзудани ҳарорат, аломатҳои дигари заҳролудӣ (сардард, камиштиҳоӣ ё беиштиҳоӣ, сустиву беҳолӣ, дард кардани мушакҳои тахтапушт ва дасту по, ташнагӣ, хушкидани даҳон, кабудча шудани пӯст) низ ба назар мерасанд.
Тахикардия, паст шудани фишори шараён, дамкутоҳӣ низ рух менамоянд. Ихроҷи пешоб кам хоҳад шуд. Шиками баъзе маризон қабзият пайдо карда, маризони дигар (кӯдакони хурдсол), баръакс, дарунрав мешаванд.
Яке аз аломатҳои асосӣ ва доимии М. бусурот (экзантема) аст. Бусурот (доначаҳо) баъди 5 – 15 соати оғози маризӣ, гоҳо рӯзи дуюм пайдо шуда, шакл ва тарзи ҷойгирии он гуногун аст. Хусусан бусуроти геморрагӣ бештар ба назар мерасад: холчаҳои сурх (петехия), гулафшон (пурпура), қадама (экхимоз). Бусурот ситорашакл буда, ҳангоми даст расондан ба назар сахт менамояд; онҳо баъзан болои пӯст баромада меистанд ва хеле бисёранд (дар пӯсти дасту пой, бадан, сурин, гоҳо рӯй). Баргаштани бусурот ба тарзи бузургии доначаҳо ва чуқурии иллати пӯст вобаста аст. Минбаъд ҷойҳои мавтшудаи пӯст хеста, ярачаҳо карахш мебанданд ва дер шифо меёбанд (бисёр вақт некроз дар суфраи гӯш, нӯги бинӣ, ангуштони дасту пой низ рух менамояд). Дар мавриди М. аломатҳои сарсом (менингит) дида намешаванд.
М.-и барқосо шакли нисбатан вазнин ва хеле ҷиддии бемориҳои менингококкӣ аст. Моҳиятан вай садамаи сироятӣ-заҳрӣ мебошад. Ногаҳон хурӯҷ карда, тезутунд ҷараён мегирад. Мариз табларза карда, ҳарор. бадан ба 40 – 41°С мерасад (вале пас аз чанд соат мумкин аст боз паст фарояд). Ҳанӯз соатҳои аввали маризӣ бусуроти сершумори сурхтоб медамад. Бусурот ба ҳамдигар як шуда, зуд некроз мегарданд. Дар пӯст доғҳои кабудча пайдо мешаванд, ки ҳангоми тағйир додани мавқеи бадан ҷой иваз мекунанд (онҳоро «лаккаҳои ҷасад» – «Livors mortalis» меноманд). Пӯст бенур, кабудтоб, тар (арақи сард), чеҳра теғадор хоҳад шуд. Мариз безобита, ошуфта, пурҳаяҷон аст; дар кӯдакон ташаннуҷ (судорога) пайдо мешавад. Соатҳои аввали беморӣ мариз беҳуш аст, аз дарди сахти мушакҳо ва шикам ба худ мепечад, қай мекунад, мумкин аз дарун хун ояд. Минбаъд тадриҷан вазъи сакарот ба вуҷуд омада, бемор аз ҳуш меравад. Фаъолияти дил табоҳ мегардад, ҷигару сипурз калон мешавад (гепатоспленомегалия). Тағйироти гемограмма: гиперлейкоситоз (то 60.109 л), тромбоситопения, афзоиши СОЭ (50 – 70 мм/соат). Дар сурати оҷилан ва самаранок табобат накардан, мариз дар соатҳои аввали беморӣ мефавтад.
М.-и музмин тарзи камчини бемориҳои менингококкӣ аст. Беморӣ аз чанд ҳафта то чанд сол давом мекунад. Дар давраҳои офиятёбӣ ҳарорати бадан мӯътадил, бусурот сафедтоб (ҳатто ба чашм ноаён), вазъи умумии мариз беҳ мегардад. Артрит, полиартрит, гоҳо ҳепатосиленомегалия, ҳамчунин лейкоситоз, афзоиши СОЭ, протеинурия (дар пешоб) сар мезананд. Анҷоми М.-и музмин дар сурати муолиҷаи дуруст нек аст.
Ад.: Қамардинов Х. Қ., Бемориҳои сироятӣ, Д., 200; ҳамон муаллиф, Клиника опасных инфекционных болезней, Д., 2007.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …