Главная / Илм / МЕЛЕНА

МЕЛЕНА

melenaМЕЛЕНА (Melaena; юн. melaina [nosos] – бемории сиёҳ), наҷосати сип-сиёҳи бадбӯй; аломати асосии хуншории сурхрӯда, меъда ва рӯдаҳо. М. мумкин аст дар натиҷаи фурӯ бурдани хун, мас., ҳангоми хунравӣ аз бинӣ ё шуш низ ба вуҷуд ояд.
Сабаби сиёҳ гаштани пасафканд дар он мавҷуд будани сулфиди оҳан (дар рӯда дар натиҷаи таъсири мутақобилаи гемоглобин ва гидрогенсулфид ҳосил мешавад) аст. Наҷосат аз истеъмоли баъзе доруҳо (карболен, доруҳои оҳандор) низ метавонад сиёҳ шавад, вале дар ин гуна мавридҳо он намуди муқаррарӣ дошта, ҷило намедиҳад. Усули асосии ташхиси М. мушоҳидаи пасафканди бемор аст. Агар ин кор ғайриимкон бошад, пас дар асоси маълумоти собиқаи беморӣ (рангпаридагии пӯст, коллапс, кам будани гемоглобини хун ва ғ.) ба таҳқиқи рӯда (ректороскопия) даст мезананд.
М. дар навзодҳо ҳақиқӣ ва дуруғин мешавад. М.-и ҳақиқӣ мумкин аст рӯзҳои аввали ҳаёти кӯдак дар натиҷаи ихтилоли раванди лахтабандии хун сар занад. Дар ин гуна мавридҳо ҳамзамон бо М. аз ноф хун меравад, пӯст ва мултаҳимаи чашм сурх мешавад, кӯдак хун қай мекунад. Сабаби М.-и дурӯғин ҳангоми таваллуд фурӯ бурдани хуни модар, макидани пистони кафидаю хунрав ва ғ. мебошад. Дар кӯдакони нисбатан калон М. бинобар чурраи сӯрохи сурхрӯдагии диафрагма, васеъшавии варикозии венаҳои сурхрӯда, капилляротоксикози хунрез, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта падид меояд.
Дар сурати ба мушоҳида расидани М. бемор бояд бе таъхир дар шӯъбаи ҷарроҳӣ бистарӣ карда шавад. То ин лаҳза ба мариз истеъмоли ғизо манъ аст; барои шикастани ташнагӣ оби хунукро ҷуръа-ҷуръа менӯшанд; беҳтараш дар болои шикам ях ё ягон чизи хунуки дигар гузошт.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …