Главная / Илм / МЕНИНГИОМА

МЕНИНГИОМА

meningiomaМЕНИНГИОМА (Meningioma), омосе, ки аз ҳуҷайраҳои маинапардаи сахт – бофтаҳое, ки майнаро фаро гирифтаанд, месабзад. М. бемории маъмул аст. М. метавонад дар ҳама қисматҳои ҷумҷума падид ояд.
Аломатҳои беморӣ ба ҷойгоҳи он вобаста мебошанд. Ҳангоми М. дасту по нимфалаҷ (парез) ва босира заиф шуда, дубинӣ рух медиҳад, хуруҷи саръ (эпилепсия) ва ихтилоли рӯҳӣ ба вуҷуд меояд, сар дард мекунад. Дар давраҳои охири беморӣ бинобар калон шудани омос бофтаҳои майна варам карда, тазиқ меёбанд, дар натиҷа фишори дохили ҷумҷума баланд мешавад, сардард, дилбеҳузурӣ, қай, беҳушӣ рух медиҳанд.
Бисёр М.-ҳо некфарҷом буда, бо ҷарроҳӣ табобат меёбанд. Самараи амалиёти ҷарроҳӣ ба мавқеи омос вобаста аст. М.-ҳои бадфарҷом гоҳо ҷарроҳии дубораро тақозо мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …