Главная / Илм / МЕЛИОИДОЗ

МЕЛИОИДОЗ

melioidozМЕЛИОИДОЗ (Melioidosis; юн. melis – манқагӣ, eidos – намуд), псевдохолера, пневмоэнтерит, як навъ бемории сироятӣ, ки ҷараёни вазнин дошта, бо уфунат ва пайдоиши думбал дар узву бофтаҳои гуногун падид меояд.
Ангезандаи М. – Pseudomonas pseudomallei қаламчамикроби граммусбат буда, ба таъсири моддаҳои гандзудо ва ҳарор. баланд тоб намеорад. Манбаи ангезандаи беморӣ хояндаҳо, сагу гурба, бузу гӯсфанд, хук, гов, асп мебошанд. Одам асосан дар натиҷаи тамос бо обу хоке, ки ангезандаҳои М. вуҷуд доранд, сироят меёбад. Давраи ниҳонии беморӣ аз 4 рӯз то чанд моҳ аст. М.-и шадид бо табларза, баланд шудани ҳарорат (зиёда аз 40°), дарди мушакҳо, сар ва шикам, қай, исҳол пайдо мешавад; бисёр вақт бемор месурфад, балғами омехта бо хуну зардоб мепартояд; ҷигар, сипурз, уқдаҳои лимфавии канорӣ (дар гардан ва зери каш) калон мешаванд. Мумкин аст дар пӯст эритемаҳо, пустуллаҳо ва обилачаҳо ба вуҷуд оянд; минбаъд дар узву бофтаҳои гуногун (шуш, гурда, ҷигар, пешобдон, луобпардаҳо, мушакҳо, пӯст ва ғ.) думбалҳо рушд менамоянд. Ҳангоми М.-и музмин думбалҳо дар як ё чанд узв пайдо мешаванд.
М.-ро дар шароити беморхона бо антибиотикҳо муолиҷа мекунанд. М. ниҳоят кам дучор меояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …