Хабарҳои охирин

КАЛЛА — (ПОЧА) дар Канзи Шифо (Китоб)

kallai_gusfand-660x330

Ин калла ва мағзи сари ҳайвонот аст. Беҳтарини он калла ва мағзи сари гӯсфанди ҷавон ва фарбеҳ мебошад. Мизоҷи каллаҳои ҳайвонот нисбат ба дигар қисмҳои бадани онҳо хунуктар ва тариаш зиёдтар аст. Ин вобаста ба кадом ҳайвон тааллуқ буданаш дар кайфият (гармӣ, сарди, тарӣ, хушкӣ) гуногун мебошад. Хислатҳои шифобахши он: гӯшти …

Муфассал »

ЭЧКИЭМАР дар Канзи Шифо (Китоб)

echkimar-660x330

Эчкимар (Эчкиемар) — ин ҷонварест монанди калпеса (калтакалос), вале назар ба ҷуссаи он хеле калон аст. Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон бузмак меноманд. Маънои калимаи «эчкиэмар» ҳамон «бузмаки» тоҷикист, ки аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ дохил шудааст. Ба форсӣ бузмача, ба арабӣ варал ва ба русӣ варан мегӯянд. Ин ҷонвари …

Муфассал »

МАЛАХ дар Канзи Шифо (Китоб)

malax-660x330

Малах — ин ҷонвар (ҳашарот) ба ҳама маълум мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани малах қуввати боҳ мебахшад, баданро аз ахлоти ғафсгашта пок мекунад, бемориҳои қасабаи шушро ба ибро меоварад; чакмезакро шифо мебахшад. Дувоздаҳ адад малахро бол, пой ва сари онро канда дур намуда, бо …

Муфассал »

Тӯқумшуллук дар Канзи Шифо (Китоб)

tuqumshuluk-kirm-660x330

Тӯқумшуллуқ ё бо ибораи дигар холазун (Тукумшулук) — ин ҷонвари хазандаест, ки аз худ моддаи шилмак бармеоварад. Дар вақти зимистон ба даруни зиреҳи садафини худ даромада хоб мекунад, вале баҳор. ки шуд, як қисми баданашро аз он берун оварда ё ба тамом аз он баромада, зиндагӣ ба сар мебарад, барги …

Муфассал »

КАБӮТАР (КАФТАР) дар Канзи Шифо (Китоб)

kabutar

Кабӯтар (Кафтар) — ин мурғест ба ҳама маълум, навъҳои хонагӣ ва ҳам саҳроӣ дорад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Вале мизоҷи саҳроияш гармгар ва хушктар мебошад. Хислатҳои шифобахши кабутар: гӯшти онро ба ҳар тариқ, ки бошад, пухта бихӯранд, бемориҳои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), …

Муфассал »