Хабарҳои охирин

Бодрангбӯя

bodrangbuya-660x330

Бодрангбӯя — ин калима дар таъсири забони арабӣ монда, бодранҷбӯя гаштааст. Ба русӣ лимонная трава (лимонная мята) ва мелисса меноманд. Ин дар ҳама ҷоҳои намнок мерӯяд. Қадди гиёҳаш то 85 сантиметр мехезад, ки ду навъ дорад: як намудаш хурдтар ва навъи дигараш баргнозуки дарозак, атрофи баргаш дандонадор, пояаш монанди райҳон …

Муфассал »

Бедгул дар Канзи Шифо (Китоб)

bedgul-500x330

Бедгул — ин растиниро баргаш монанди барги бед аст, вале ғафстар аз он. Бинобар хотири баргаш «бедгул» ном гирифтааст. Бӯяш андак нофорам, таъмаш талх ва тез мебошад. Гулаш зебо, ду навъ аст: навъеро гулаш сурх, дигареро сафеди моил ба зардӣ. Мизоҷи бедгул дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, таркибаш …

Муфассал »

Ҳардал дар Канзи Шифо (Китоб)

hardal_gorchica-660x330

Ҳардал — инро ба русӣ горчица меноманд, ки ҳар як шахсе, ки замин дошта бошад, метавонад парвариш намояд. Барги ин гиёҳ монанди баргҳои турб, вале аз он майдатар, шахшӯл ва андак тундбӯй аст. Пояаш чорқирра, гулаш зард, тухмаш кулӯлаи сурхи тундтаъм аст. Ин растанӣ навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Дар …

Муфассал »

ЛАКЛАК дар Канзи Шифо (Китоб)

lak-lak-aist

Лаклак — парандаи калонҷусса буда, гардану по ва нӯли дароз дорад, ки ба мардум маълум мебошад. Аз чӯбмайда ва хорҳои шахшӯл барои муҳофизати бачаҳои худ ошён месозад. Азбаски душмани бачаҳои он мор аст, худаш морро мехӯрад. Бинобар он, ки хӯрокаш аз ҷонварони номарғуб аст, гӯшташ бадбӯй мебошад. Мизоҷи лаклак дар охири …

Муфассал »

Беданҷир дар Канзи Шифо (Китоб)

anjir-bedanjir

Беданҷир — Ин растанӣ ду навъ аст: сафедгул ва гулаш сурхи моил ба бунафш. Навъи дувумаш дар давогӣ қавитар аст. Баргаш монанди барги анҷир, вале гӯшаҳои барги он баландтар аст нисбат ба барги анҷир, қадаш аз 1,5 метр то 2,5 метр мехезад. Решааш монанди най миёнхолӣ. Самараш хорнок дар хӯша, тухми …

Муфассал »