Главная / Илм / Тӯқумшуллук дар Канзи Шифо (Китоб)

Тӯқумшуллук дар Канзи Шифо (Китоб)

tuqumshuluk-kirm-660x330Тӯқумшуллуқ ё бо ибораи дигар холазун (Тукумшулук) — ин ҷонвари хазандаест, ки аз худ моддаи шилмак бармеоварад. Дар вақти зимистон ба даруни зиреҳи садафини худ даромада хоб мекунад, вале баҳор. ки шуд, як қисми баданашро аз он берун оварда ё ба тамом аз он баромада, зиндагӣ ба сар мебарад, барги нозуки гиёҳҳоро мехӯрад.

Мизоҷи гӯшташ дар дараҷаи дувум сард ва тар аст.

Хислатхои шифобахши он: инро агар бихӯранд, дар бадан зуд ба хуни солим мубаддал мегардад; барои иллатҳои махав, қӯтур, хориши бадан, девонагӣ ва ба бемориҳои гуногуни савдовӣ нафъ мебахшад.

Гӯшти ҳамаи навъҳои тӯқумшуллук ҳангоми хӯрдан дар бадан балғам ва гиреҳҳоро пайдо мекунад, аммо ташнагӣ ва тафси аъзоро, ки сабабаш моддаи сафро бошад, таскин медиҳад. Ҳамаи қисмҳои тӯқумшуллуқро сӯхта, маҳин ос карда, бо асал даромехта, ба чашм кашанд, доғи даруни чашмро, ки аз пайдо шудани захм боқӣ монда бошад, дур мекунад.

Гӯшти ин ҷонварро сӯхта, бо қатрон (дёготь) хамир карда, баъд аз кандани мӯйи чаппарӯйида ба он ҷо бимоланд, дигар мӯй намерӯяд.

 Оби садафаки майдаи наҳриро дар вақти баромадани обила дар чашм чаконанд, зуҳури онро дар он манъ мекунад, вале агар баъд аз баромадан бичаконанд, обилаи нағзакро таҳлил медиҳад, дафъ мекунад; шиддати сӯзиш ва тафсидани чашмро таскин медиҳад. Садафаки зиндаи наҳриро бо сӯзан сӯрох кунанд ва оби онро ба мӯйи дар чашм чаппарӯйида бичаконанд, онро нест мекунад. Агар ин обро ба пешонӣ бимоланд, моддаҳои зарарнокро аз рехтан ба чашм манъ менамояд. Агар инро ба атрофи гӯш бимоланд, барои дафъ кардани рутубатҳои аз даруни гӯш равоншаванда даво мебошад.

Тӯқумшуллукро сӯхта, бо сирко хамир карда, ба пешонӣ бимоланд, хуни биниро қатъ мекунад. Гӯшти хоми онро фурӯ баранд, дарди меъдаро сиҳат мебахшад. Гӯшти хушккардаи онро кӯфта бихӯранд, беҷо равон шудани ҳайзро ислоҳ менамояд.

Гӯшти ин ҷонварро гузопгга банданд, варами ниқрисро, ки варам ва дарди ангуштони дасту поҳо мебошад, таҳлил медиҳад; аз рӯ ба ҷигар гузошта банданд, суулқиня ном иллатро, ки суст ва заиф гаштани ҷигар аст, шифо мебахшад. Агар ба ягон ҷойи бадан тир ё хор даромада ва дар ҳамон ҷо монда бошад, аз болои он ин гӯштро гузопта банданд, он чизи бегонаро аз бадан хориҷ мекунад; инчунин заҳри саги девона газидаро ҳам кашида мегирад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …