Хабарҳои охирин

АЛДЕГИДҲО

aldegidi

АЛДЕГИДҲО, пайвастҳои органикӣ. Дар таркиби худ гурӯҳи карбонили бо радикали органикӣ ва атоми гидроген пайваст доранд. А. дар спирт ва эфир хуб ҳал мешаванд. А. аз ҷиҳати химиявӣ хеле фаъоланд. А. зуд оксид шуда, ба кислотаҳо табдил меёбанд. Дар натиҷаи ба А. пайваст шудани гидроген, об, спирт, кислотаи сианид, бисулфати …

Муфассал »

АЛДОЛАЗА

aldolaza

АЛДОЛАЗА, як навъ фермент. Дар организм дар раванди гликолиз ширкат меварзад. Фаъолии А. дар хун дар мавриди ташхиси баъзе бемориҳо аҳамияти калон дорад. А. дар ҳама бофтаҳои организм мавҷуд аст. Он дар бофтаҳои омоси саратонӣ нисбат ба бофтаҳои солим фаъолияти бештар зоҳир мекунад. Ҳангоми баъзе бемориҳо (дистрофияи мушакҳо, иллати паренхимии …

Муфассал »

АЛДОСТЕРОМА

aldosteroma

АЛДОСТЕРОН (Aldosterone), электрокортин, алдокортин, гормони қишри ғадуди болои гурда; мансуби кортикостероидҳост. А. дар организм мубодилаи минералҳоро танзим карда, минералокортикоиди асосӣ маҳсуб мешавад. А. соли 1952 дар шакли кристаллӣ ҷудо карда шудааст. Онро с. 1959 В. Ветштетер синтез намуд. А. барои дар организм боздошта шудани ионҳои натрий (Na+) ва тавассути пешоб, …

Муфассал »

АЛИМЕНТ

aliment

АЛИМЕНТ (аз лот. аliment – нафақа), маблағи таъминоти моддист, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун яке аз узви оила ба узви дигари мӯҳтоҷ ёрӣ медиҳад. Доираи шахсонеро, ки ба гирифтани А. ҳуқуқ доранд ва доираи шахсоне, ки ба додани А. ӯҳдадоранд, ҳамчунин андоза ва мӯҳлати додани онро қонун муайян мекунад. Андозаи …

Муфассал »

АЛИ ИБНИ АББОСИ АҲВОЗИ

images

АЛИ ИБНИ АББОСИ АҲВОЗИ (с. тав. номаълум – с. ваф. 994), табиб, дар аҳди Сомониён ба сар бурдааст. Бино ба баъзе маълумот корро аз дасти Абӯбакри Розӣ қабул карда, ба Абӯалӣ ибни Сино супоридааст. А. табиби дарбори ҳокимони сомонӣ буд. Дар робита ба тиб чандин таълифот дорад: «Дастури тиб», «Ал-Маликӣ», …

Муфассал »