Хабарҳои охирин

АЛБУМИНҲО

albuminho

АЛБУМИНҲО (аз лот. albumen – сафедии тухм), сафедаҳои табиӣ, ки дар бофтаҳои наботот ва ҳайвонот мавҷуданд. Дар об ва сулфити аммонийи 50-фоиза ҳал мешаванд; дар мавриди ҷӯшондани маҳлули обӣ сохтори А. тағйир меёбад. А. аз аминокислотаҳо иборатанд; онҳо мета- вонанд бо карбогидратҳо, липидҳо ва диг. сафедаҳо пайваст гарданд. Миқдори А. …

Муфассал »

АЛВЕОКОККОЗ

alveokkoz

АЛВЕОКОККОЗ (лот. Alveococcosis), эхинококкози алвеолавӣ, бемории гелминтиест аз гурӯҳи тениидозҳо. Ангезандаи беморӣ алвеококк (Echi- nococcus multilocularis) буда, дар рӯдаи борики ҳайвонот (сагу гурбаҳо, рӯбоҳ, гург ва ғ.) маскун аст. Дар организми одам кирминаҳои он чой мегиранд. Да- розии алвеококки болиғ 1,3 – 2,2 мм аст. Кирминаи он мисли ғудда (гиреҳ)-ест, …

Муфассал »

АЛВЕОЛА

alveola

АЛВЕОЛА (аз лот. alveolus – чашмак, чуқурча, ҳубобча), 1) қисми интиҳои ғадуд, ки чашмакмонанд аст; онро атсинус низ меноманд; 2) қисми аъзои дастгоҳи нафас. Ҳубобчаи бо бофтаҳои пайвандӣ фароги- рифтаест, ки ба чавфи бронхиолаҳо кушо- да мешавад. Аз берун ба он капиллярҳои эндотелий, ки мубодилаи газро байни А. ва хун …

Муфассал »

АЛВЕОЛИТ

alveolit

АЛВЕОЛИТ (Alveolitis), илтиҳоби дандонхона (алвеола), ки бинобар ҳангоми кандани дандон сироят ёфтани он сар мезанад. Нигоҳубини нодурусти алвеола баъди кандани дандон низ метавонад мучиби А. гардад. Сахт дард кардани чойи дандон (баъди 2 – 3 рӯзи кандани дандон пайдо мешавад), бо пардаи хокистарранг ё лах- таи хуни сиёҳ фаро гирифта …

Муфассал »

АЛГОМЕНОРЕЯ

algomenoreia

АЛГОМЕНОРЕЯ (Algomenorrhoea; аз algos – дард, men – моҳ, rhoia – чараён), бо дард ҷараён гирифтани ҳайз. А. яку- мин ва дуюмин мешавад. А.-и якумин дар вақти инфантилизм (пурра сабзиш наёфтани бачадон), бемориҳои системаи асаб, нуқсонҳои инкишофи узвҳои тано- сул (ҷинсӣ) ба назар мерасад. А.-и дуюмин хоси бемориҳои илтиҳобии узвҳои …

Муфассал »