Главная / Ҷамъият / АЛИМЕНТ

АЛИМЕНТ

alimentАЛИМЕНТ (аз лот. аliment – нафақа), маблағи таъминоти моддист, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун яке аз узви оила ба узви дигари мӯҳтоҷ ёрӣ медиҳад. Доираи шахсонеро, ки ба гирифтани А. ҳуқуқ доранд ва доираи шахсоне, ки ба додани А. ӯҳдадоранд, ҳамчунин андоза ва мӯҳлати додани онро қонун муайян мекунад.
Андозаи А. аз рӯи ба ҳисоб гирифтани ҳамаи намудҳои даромад, аз чумла мукофот ва навъи даромадҳои иловагие, ки аз хочагии ёрирасон ба даст меоранд, муқаррар карда мешавад. А. барои фарзандони ноболиғ, барои як фарзанд ба андозаи чоряк, барои ду фарзанд сеяк ва барои се фарзанд ва зиёда аз он ба андозаи нисфи даромади шахсе, ки А. медиҳад, рӯёнда мешавад. Андозаи А. дар ҳолатҳое кам карда мешавад, ки агар волид дар таъминоти худ дигар фарзандони ноболиғ ҳам дошта бошад ва баъди супоридани А. таъминоти онҳо назар ба фарзандони алиментгиранда бад шавад; агар волидони алиментсупор инвалиди гурӯҳи як ё ду бо- шанд; агар фарзандони алиментгиранда кор кунанд ва маоши кофӣ гиранд, ё дар таъминоти пурраи давлат бошанд. Баъди вафоти волидайн ё аз ӯҳдаи таъминоти моддии фарзандони ноболиғ набарома- дани онҳо, додани А. ба зиммаи аъзои дигари оила, мас., бобо, модаркалон, бародарони калон ва хоҳарон, падарандар ё модарандар гузошта мешавад.
Агар яке аз ҳамсарон қобили кор набошад ё дар давоми як сол баъди бекор кардани ақди никоҳ қобилияти кориашро гум карда бошад, вай аз ҳамсари худ, ки ба ёрии моддӣ расонидан қодир аст, барои гирифтани А. ҳукуқ дорад. Ин гуна ҳукуқ ба зан дар давраи ҳомилагӣ, инчунин дар давоми якуним соли баъди таввалуди кӯдак (ба ғайр аз ҳуқуқ ба А., ки шавҳар бояд барои таъмини кӯдак диҳад) низ дода шудааст. Аъзои корношоями оила (волидайн ё фарзандон), ки ба ёрии моддӣ мӯҳточанд, аз бародарон, хоҳарон, бобо, модаркалон, набераҳо, инчунин аз писарон ва духтарони ӯгай дар ҳолати кофӣ будани даромади онҳо ба гирифтани А. ҳуқуқ доранд; писар ва духтарони ӯгай аз ӯҳдадории таъмин намудани падарандар ё модарандар вақте озод карда мешаванд, ки агар дар таъминоти онҳо камтар аз панч сол истода бошанд ё дар ҳолате, ки модарандар ё падарандар ӯҳдадории тарбияи онҳоро ичро накардаанд. Тарбиягирандагон ӯҳдадоранд шахсони корношоям ва ба ёрии моддӣ мӯҳточро, ки онҳоро тарбия кардаанд, вале ин ашхос аз фарзандон ва ё ҳамсари худ А. гирифта наметавонанд, дар таъминоти худ нигоҳ доранд. Андозаи А.-и бародарони ноболиғ, хоҳарон, набераҳо, писар ва духтарони ӯгай, инчунин аъзои болиғи корношоями оиларо, ки ба ёрӣ мӯҳточанд, дар ҳар ҳолати муайян суд муқаррар менамояд.
А. барои таъмини фарзандон то синни ба балоғат расидани онҳо (18-солагӣ) дода мешавад. Дар мавриди тағийр ёфтани шароит (ташкили оилаи нав, барқарор шудани қобилияти кор ва ғ.), ки дар асоси он А. рӯёнда мешуд, ҳуқуқ ба А. барҳам мехӯрад. Аз додани А. барои таъмини фарзандон барқасд саркашӣ кардан боиси чазои чиноятӣ мегардад. Мақсад аз А. пойдории оила, масъулиятшиносӣ дар таълиму таъ- мини фарзандон ва ба ҳамдигар ёрӣ расондани аъзои оила мебошад
( Бобҳои 13
18 ва моддаҳои 80 – 121 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Точикистон).

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …