Хабарҳои охирин

БУРДЕНКО Николай Нилович

burdenko

БУРДЕНКО Николай Нилович (3. 6. 1876, деҳаи Каменка, ҳоло вил. Пенза – 11. 11. 1946, Москва), ҷарроҳи шӯравӣ, яке аз асосгузорони нейрохирургия, акад. АФ ИҶШС (1939), акад. ва аввалин президенти АИТ ИҶШС (1944 – 46), генерал-полковники хизмати тиббӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1943). С. 1906 Донишгоҳи Юрев (ҳоло Тарту)-ро хатм намуд. …

Муфассал »

БУРСИТ

bursitis

БУРСИТ (Bursitis; аз лот. bursa – калта), газаки халтачаҳои луобдори банду буғум. Бештар дар атрофи бандҳои оринҷ, китф, зону, соқу панҷаи по, косу рон ба вуҷуд меояд. Б. шадид ва музмин мешавад. Б.-и шадид, одатан, дар натиҷаи зарбу лат, харошёбӣ, ҷароҳати хурди буғумҳо ё чун оризаи бемориҳои римнок (мас., пучак), …

Муфассал »

БУРЪУ-С-СОЪА

asar

«БУРЪУ-С-СОЪА» (Муолиҷаи фаврӣ), асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925). Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Аз 24 боб иборат буда, муаллиф онро барои вазир Абулқосим ибни Абдуллоҳ навиштааст. Дар қадим аз тарафи шахси номаълуме ба форсӣ тарҷима шудааст. Нусхаҳои хаттии зиёде аз ин китоб ба арабӣ ва форсӣ …

Муфассал »

БУСИР

verbascum_thapsus

БУСИР (Verbassum thapsus), бурмис, думи гов, марги моҳӣ, гиёҳест дусола. Аз 30 то 180 см қад мекашад. Пояаш рост, сербарг. Баргҳои назди решааш дарозрӯяи яклухт, баргҳои мобайнӣ байзашакл, баргҳои назди гул дарозрӯяи нӯгтез. Гулаш зард, дар хӯшагули сараки поя ҷойгир аст. Ғӯзааш байзашакл, тухмаш майдаи бӯртоб. Июн – авг. гулу …

Муфассал »

БУТАРИ

rodnik

БУТАРИ, чашмаи минералӣ. Тақр. 1 км ҷан. – шарқтари шаҳраки Чоруқдарон дар сои чуқуре ҷой гирифтааст. Дебиташ – 0,31 л/сон., ҳарор. обаш – 150С. Дар таркиби оби чашма сулфатҳо, гидрокарбонатҳо, натрий, калсий ва диг. элементҳо мавҷуданд. Ҳамчунин каме радон, уран ва ба миқдори зиёд нитратҳо (113 мг/л) дорад. Бино ба …

Муфассал »