Хабарҳои охирин

БУЗҒУНҶ

buzgunch

БУЗҒУНҶ, бузғинҷ, ғунҷ, ҷинҷак, галла, як навъ омоси узвҳои растаниро гӯянд, ки дар натиҷаи аз таъсири оби даҳони ангезандаҳо (бактерияҳо, кирму кана) зуд тақсим ва калон шудани ҳуҷайраҳои паренхима ба вуҷуд меояд. Б. барои ангезандаҳо муҳити ғизо ва сукунат аст. тақр. 15 ҳаз. Б.-ҳои гуногуншакл маълуманд, ки бештар дар узвҳои …

Муфассал »

БУҚРОТ

hippokrates

БУҚРОТ (муарраби Hippokrates), Ибуқрот, Гиппократ (460, ҷаз. Кос – 377 то м., Фессалия), ҳаким ва мутафаккири Юнон. Яке аз асосгузорони тибби антиқӣ, асосгузори усули ташхиси клиникӣ дар тиб. Б. тибро аз падараш (Гераклид) ва дар мактаби тиббии ҷаз. Кос омӯхтааст. Модари Б. – Фенарета момодоя буд. Б. баъди фавти волидон …

Муфассал »

БУЛИМИЯ

bulumiya

БУЛИМИЯ (Bulimia; аз юн. bu (s) – буққа ва limos – гуруснагӣ), эҳсоси ноҷури гуруснагӣ. Б., одатан, боиси бисёр истеъмол кардани ғизо мешавад (полифагия). Сабаби асосии Б. ихтилоли фаъолияти маркази ташаккули ҳисси гуруснагӣ, иштиҳо ва серӣ бинобар бемориҳои асабҳои марказӣ (энсефалит, омоси чуқурчаи қафои ҷумҷума), ноҷӯриҳои рӯҳӣ (кататония, олигофрения) ва …

Муфассал »

БУЛУТ

bulut

БУЛУТ (Quercus), дарахтест худрӯй ва боғӣ. Б. дарахти қадбаланд (35 – 40 м) аст; қутраш 1 – 1,5 м; 500 (баъзе намудҳояш то 2000) сол умр мебинад. Танааш рост, баъди 30 – 35 сол бо пӯстлохи хокистарранги тира пӯшида мешавад. Баргаш пармонанд, гулаш майдаи ҷудоҷинса; баробари кушода шудани баргҳо мешукуфад. …

Муфассал »

БУРДЕНКО Николай Нилович

burdenko

БУРДЕНКО Николай Нилович (3. 6. 1876, деҳаи Каменка, ҳоло вил. Пенза – 11. 11. 1946, Москва), ҷарроҳи шӯравӣ, яке аз асосгузорони нейрохирургия, акад. АФ ИҶШС (1939), акад. ва аввалин президенти АИТ ИҶШС (1944 – 46), генерал-полковники хизмати тиббӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1943). С. 1906 Донишгоҳи Юрев (ҳоло Тарту)-ро хатм намуд. …

Муфассал »