Главная / Илм / ҒАДУДҲОИ УСОРАИ БЕРУНӣ

ҒАДУДҲОИ УСОРАИ БЕРУНӣ

gadudhoi-usorai-beruniҒАДУДҲОИ УСОРАИ БЕРУНӣ, ғадудҳои экзокринӣ, ғадудҳое, ки маҳсули онҳо ба сатҳи пӯст ё ҷавфи бадан хориҷ карда мешавад. Ба Ғ. ғадудҳои арақбарор, ғадудҳои чарб, ғадуди зери меъда, ғадудҳои оби даҳон, ғадудҳои рӯдаҳо ва ғ. мансубанд. Вобаста ба сохти қисми ибтидоӣ (усоравӣ) Ғ. найчамонанд, хӯшашакл (ба хӯшаи ангур ё нок монанд мебошанд), найчамонанду хӯшашакл ва найчамонанду ҳубобчавӣ (алвеолавӣ) мешаванд. Аз рӯи адади маҷро ғадудҳои усораи берунии содда ва мураккабро фарқ мекунанд. Ғадудҳои содда як маҷро доранд. Дар ғадудҳои мураккаб маҷрои асосӣ (умумӣ) ба шохаҳо ҷудо мешавад, ки ҳар яки онҳо дорои чандин қисмҳои тарашшӯҳӣ (усоравӣ) мебошанд.
КЛ
Намудҳои ғадудҳои усораи берунӣ: а – ғадуди найчашакли сода; б – ғадуди содаи алвеолавӣ; в – ғадуди найчашакли дар ибтидо шохаронда; г – ғадуди алвеолавии дар ибтидо шохаронда; д – ғадуди алвеолавию найчашакли мураккаби дар ибтидо шохаронда.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …