Главная / Илм / ҒАДУДҲОИ АРАҚ

ҒАДУДҲОИ АРАҚ

gadudhoi-arakҒАДУДҲОИ АРАҚ (Glandulae sudoriferae), ғадудҳои пӯст, ки арақи баданро ҳосил, ҷамъ ва ихроҷ менамоянд. Ғ. а. баҳри танзими ҳарорати организм аҳамияти калон дошта, ба ҷисм бӯи махсус медиҳанд. Вобаста ба тарашшӯҳ Ғ. а. апокринӣ ва мерокринӣ мешаванд. Ғ. а.-и апокринӣ калон буда, дар пӯсти зери каш (бағал), зери ноф, хоя, лабҳои калони фарҷ, мақъад ҷой гирифтаанд. Ғ. а. – и мерокринӣ хурд мебошанд; онҳо дар пӯсти тамоми бадан вуҷуд доранд. Адади Ғ. а. хусусан дар кафи дасту по бисёр аст; дар бадан миқдори онҳо нисбат ба андомҳои болоӣ ва сар камтар мебошад.
Маҳсули Ғ. а. барои дар сатҳи доимӣ нигоҳ доштани фишори осмосии хун ва моеъи байни ҳуҷайраҳо аҳамияти калон дорад; чунин амали физиологӣ дар натиҷаи ба тавассути арақ хориҷ шудани обу намакҳо сурат мегирад. Аҳамияти арақ дар ихроҷи гармии барзиёди организм низ муҳим аст. Он ҳамчунин маҳсули таҷзияро, ки дар мавриди мубодилаи моддаҳо ҳосил мешавад, аз организм дур месозад.
Ба ноҷуриҳои Ғ. а. нуқси инкишоф, тағйироти дистрофӣ, илтиҳоб, омосҳои гуногун мансубанд.
Ниг. низ Арақ, Арақшорӣ, Пӯст.
КЛ
Сохти пӯст (нақша): I – эпидермис; II – дерма (пӯст); III – насҷи зери пӯст; 1 – мӯй; 2 – ғадуди чарб; 3 – маҷрои ғадуди арақбарор; 4 – решаи мӯй; 5 – ғадуди арақбарор.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …