Главная / Илм / ҒАДУДҲОИ ОБИ ДАҲОН

ҒАДУДҲОИ ОБИ ДАҲОН

gadudhoi-obi-dahonҒАДУДҲОИ ОБИ ДАҲОН (Glandulae oris), ғадудҳое, ки луоби махсус – оби даҳон хориҷ мекунанд. Ғ. ду навъ мешаванд: калони ҷуфт (ғадудҳои баногӯш, зери ҷоғ, зери забон) ва хурд (ғадудҳои рухсора, лаб, забон, коми нарм ва сахт, дандони калони курсӣ). Вобаста ба усорае, ки ихроҷ мекунанд, Ғ. луобӣ, сафедавӣ ва омехта мешаванд. Ғадудҳои баногӯшӣ ба ғадудҳои сафедавӣ, ғадудҳои зери ҷоғ ва зери забон – ба ғадудҳои омехта (сафедаю луобӣ) мансуб мебошанд. Фаъолияти усоравии Ғ. барои ҳазми хӯрок аҳамияти калон дорад.
Ғадудҳои хурд, луобӣ ва омехтаи оби даҳон дар қабати зерлуобии лабҳо, рухсора, ком ва забон ҷой гирифтаанд.
Қисми бештари ғадуди баногӯш (gl. parotis) дар чуқурии паси ҷоғ ҷойгир буда, қисми пеши он дар мушаки жовиш (хоидан) хобидааст. Аз қабати ғадуди баногӯш асаби рӯй бо шохаҳояш, ҳамчунин артерияи суботӣ, венаҳои калон мегузаранд. Даҳонаи маҷрои ғадуд дар луобпардаи рухсора дар сатҳи дандонҳои якум ва дуюми калони курсии ҷоғи боло ҷой дорад. Ғадудҳои баногӯшро шохаҳои артерияҳои суботии берунӣ бо хун таъмин мекунанд. Ғадуди манаҳ (gl. submandibularis) дар секунҷаи зери ҷоғ ҷойгир аст. Маҷрои он дар қисми пеши зеризабонӣ дар пистонаки зери забон боз мешавад. Онро шохаҳои артерияи рӯй бо хун таъмин месозанд. Ғадуди зери забон (gl. sublingualis) дар фазои зеризабонӣ дар мушакҳои ҷоғу зери забон дар шафати даҳонаи маҷрои ғадуди зери ҷоғ ҷойгир аст. Маҷрои асосии он дар пистонаки зери забон, маҷроҳои хурд бошад, дар чини зери забон боз мешаванд. Онро шохаҳои артерияи забон бо хун таъмин месозанд.
Нуқси инкишофи Ғ. аҳёнан дучор меояд. Баъзан мумкин аст онҳо ба таври модарзодӣ вуҷуд надошта бошанд. Ғ. дар натиҷаи тир хӯрдан ва расондани захмҳои гуногун осеб меёбад. Бештар ғадуди баногӯш зарар мебинад; ҳангоми он маҷрои ғадуд, асаби рӯй ва артерияи суботии берунӣ гусаста мешаванд. Маризонеро, ки дучори осеби Ғ. гаштаанд, ба беморхона фиристодан лозим аст.
Бемориҳои нисбатан маъмули Ғ. сиаладенит, сиалолитиаз ва паротит мебошанд. Дар Ғ. ҳамчунин киста ва омосҳои гуногуни саратонию ғайрисаратонӣ пайдо мешаванд.
КЛ
Ғадудҳои калони оби даҳон (нимаи чапи ҷоғи поён бурида дур карда шудааст): 1 – ғадуди баногӯш; 2 – маҷрои ғадуди баногӯш; 3 – мушаки жовиш (бурида шудааст); 4 – ғадуди зериманаҳӣ; 5 – маҷрои ғадуди зериманаҳӣ; 6 – мушаки ҷоғу зери забон; 7 – ҷоғи поён; 8 – ғадуди зери забон; 9 – забон; 10 – мушаки рухсора (бурида шудааст).
С. С. Субҳонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …