Главная / Ҷамъият (страница 90)

Ҷамъият

Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда ва фарзандхондшаванда

moddai-128-kodeksi-oila

Моддаи 128-и Кодекси оила. Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда ва фарзандхондшаванда  Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондшаванда бояд аз шонздаҳ  сол кам набошад. Дар сурати ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдак аз ҷониби падарандар (модарандар) фарқияти синну соли дар қисми 1 ҳамин модда …

Муфассал »

Шахсоне, ки ҳуқуқи ба фарзандхондӣ қабул карданро доранд

moddai-127-kodeksi-oila

Моддаи 127-и Кодекси оила. Шахсоне, ки ҳуқуқи ба фарзандхондӣ қабул карданро доранд  Ба фарзандхондӣ қабул кардан танҳо аз тарафи шаҳрвандони ба балоғатрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат мегирад: – шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд; – шахсоне,ки ҳангоми фарзандхондӣ барои содир кардани ҷинояти қасдона  доғи судӣ доранд; – …

Муфассал »

Манъ будани фаъолияти миёнаравӣ дар фарзандхондии кўдак

moddai-126-kodeksi-oila-1

Моддаи 1261-и Кодекси оила. Манъ будани фаъолияти миёнаравӣ дар фарзандхондии кўдак (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)  Фаъолияти миёнаравӣ оид ба фарзандхондии кўдак, яъне тамомифаъолияти шахсони дигар бо мақсади интихоб кардан ва додани кўдак барои фарзандхондӣ аз ном ва ба манфиати шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ гирифтани кўдакро доранд, манъ мебошад. …

Муфассал »

Тартиби ба фарзандхондӣ қабул кардан

moddai-126-kodeksi-oila

Моддаи 126-и Кодекси оила. Тартиби  ба фарзандхондӣ қабул кардан  Фарзандхондӣ дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд. Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ ва прокуратура баррасӣ мегардад. …

Муфассал »

Кӯдаконе, ки онҳоро ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст

moddai-125-kodeksi-oila

Моддаи 125-и Кодекси оила. Кӯдаконе, ки онҳоро ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)  Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модармонда мебошанд. Фарзандхондӣ нисбати кӯдакони ноболиғ танҳо манфиатҳои онҳо бо риояи талаботи моддаи 124 Кодекси мазкур, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, рўҳӣ, …

Муфассал »

Ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

moddai-124-kodeksi-oila

Моддаи 124-и Кодекси оила. Ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе  парастории  падару модар мондаанд Кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, бояд барои тарбия ба оила (барои фарзандхондӣ), тaҳти васоят (парасторӣ) супурда шаванд ва дар сурати мавҷуд набудани чунин имконият чунин имконият» калимаҳои «тибқи шартнома барои тарбия ба оилаҳои (мураббии) парастор дода …

Муфассал »

Ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдакони бе парастории падару модар монда

moddai-123-kodeksi-oila

Моддаи 123-и Кодекси оила.  Ошкоркунӣ  ва баҳисобгирии  кӯдакони  бе парастории падару модар  монда Шахсони мансабдори муассисаҳо (муассисаҳои таълимии томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои табобатӣ ва дигар муассисаҳо) ва дигар шаҳрвандоне, ки оид ба кӯдакони дар қисми 1 моддаи 122 ҳамин Кодекс зикргардида маълумот доранд, ӯҳдадоранд ба мақомоти васояту парастории …

Муфассал »

Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

moddai-122-kodeksi-oila

Моддаи 122-и Кодекси оила. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконе, ки  бе  парастории падару модар  мондаанд  Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар ҳолатҳои фавти падару модар, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани онҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо, беморӣ ва муддати тӯлонӣ ғайриҳозир будани падару …

Муфассал »

Қатъ гардидани ӯҳдадориҳои алимент

moddai-121-kodeksi-oila

Моддаи 121-и Кодекси оила. Қатъ гардидани ӯҳдадориҳои  алимент  Ӯҳдадориҳои алиментӣ, ки тибқи созишномаи пардохти алимент муқаррар карда шудаанд, бо фавти яке аз тарафҳо, гузашти мӯҳлати амали ҳамин созишнома ё тибқи дигар асосҳои пешбининамудаи ҳамин созишнома қатъ мегарданд. Пардохти алименти тибқи тартиби судӣ ситонидашаванда дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад: – дар …

Муфассал »

Тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент

moddai-120-kodeksi-oila

Моддаи 120-и Кодекси оила. Тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент  Агар ҳангоми набудани созишномаи тарафҳо оид ба пардохти алимент баъди тибқи тартиби судӣ муқаррар намудани андозаи алимент вазъи моддӣ ва оилавии алиментдиҳанда ё алиментгиранда тағир ёфта бошад, суд ҳуқуқ дорад бо талаби ҳар яки …

Муфассал »