Главная / Ҷамъият / Тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент

Тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент

Моддаи 120-и Кодекси оила. Тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент 

  1. Агар ҳангоми набудани созишномаи тарафҳо оид ба пардохти алимент баъди тибқи тартиби судӣ муқаррар намудани андозаи алимент вазъи моддӣ ва оилавии алиментдиҳанда ё алиментгиранда тағир ёфта бошад, суд ҳуқуқ дорад бо талаби ҳар яки онҳо андозаи муқарраргардидаи алиментро кам кунад ё алиментдиҳандаро аз додани он озод намояд. Ҳангоми тағйир додани андозаи алимент ё озод кардан аз додани он  суд метавонад инчунин ҳар гуна манфиати дигари қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
  2. Агар муқаррар гардад, ки шахси ба балоғатрасидаи қобили амал нисбати шахси барои додани алимент ӯҳдадоршуда қасдан ҷиноят содир кардааст ё ҳангоми рафтори ношоистаи аъзои болиғи қобили амал дар оила суд метавонад ситонидани алиментро барои шахси болиғи қобили амал рад намояд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …