Главная / Ҷамъият / Ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдакони бе парастории падару модар монда

Ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдакони бе парастории падару модар монда

Моддаи 123-и Кодекси оила.  Ошкоркунӣ  ва баҳисобгирии  кӯдакони  бе парастории падару модар  монда

  1. Шахсони мансабдори муассисаҳо (муассисаҳои таълимии томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои табобатӣ ва дигар муассисаҳо) ва дигар шаҳрвандоне, ки оид ба кӯдакони дар қисми 1 моддаи 122 ҳамин Кодекс зикргардида маълумот доранд, ӯҳдадоранд ба мақомоти васояту парастории маҳали воқеии зисти кӯдакон хабар диҳанд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Мақоми васояту парасторӣ дар мӯҳлати се рӯз аз лаҳзаи гирифтани чунин хабар ӯҳдадор аст шароити зисти кӯдакро санҷида, дар сурати  муқаррар  намудани далели аз парастории падару модар ё хешу ақрабо маҳрум будани ӯ, то ҳал гардидани масъалаи ҷобаҷокунии кӯдак ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯро таъмин намояд.

  1. Роҳбарони муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, ки дар онҳо кӯдакони бе парастории падару модар монда ҷойгир карда шудаанд, вазифадоранд дар мӯҳлати ҳафт рӯз аз рӯзи барояшон аён гардидани он, ки кӯдак метавонад барои тарбия ба оила супурда шавад, дар ин бора ба мақоми васояту парастории маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкур  хабар  диҳанд.
  2. Барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, барои дидаю дониста пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ, инчунин барои дигар кирдоре, ки ҷиҳати пинҳон кардани кӯдак аз супоридан ба тарбияи оила нигаронида шудааст, роҳбарони муассисаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида ва мақомоти васояту парасторӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  3. Тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдаконе, ки бепарастории падару модар мондаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1239)
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …