Главная / Ҷамъият / Тартиби ба фарзандхондӣ қабул кардан

Тартиби ба фарзандхондӣ қабул кардан

Моддаи 126-и Кодекси оила. Тартиби  ба фарзандхондӣ қабул кардан 

  1. Фарзандхондӣ дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд.

Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ ва прокуратура баррасӣ мегардад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

  1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби худ ба суди маҳали истиқомати кӯдаки ба фарзандхондӣ қабулшаванда ё ба суди маҳали истиқомати худ барои  ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак ариза  медиҳанд.
  2. То аризаи фарзандхондиро баррасӣ намудани суд мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро дорад, санҷида, муайян кунанд, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст, инчунин муносибати кӯдак ба фарзандхондӣ ва фикри ӯро барои ба фарзандхондӣ қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намоянд.

Мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд ба шахсоне(шахсе), ки кўдакро ба фарзандхондӣ қабул мекунанд, дар бораи саломатии кўдак маълумот диҳанд. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

  1. Тартиби пешниҳоди хулосаи мақомоти васояту парасторӣ ва номгӯи маълумоти онро Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ муайян мекунад. (ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1239)
  2. 5. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ оғоз меёбад.

Фарзандхонд шудани  кӯдак бояд мувофиқи тартибе, ки барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар гардидааст, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли қабули ҳалнома  иқтибоси ин ҳалномаро фиристад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …