Главная / Ҷамъият / Манъ будани фаъолияти миёнаравӣ дар фарзандхондии кўдак

Манъ будани фаъолияти миёнаравӣ дар фарзандхондии кўдак

Моддаи 1261-и Кодекси оила. Манъ будани фаъолияти миёнаравӣ дар фарзандхондии кўдак

(ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183) 

  1. Фаъолияти миёнаравӣ оид ба фарзандхондии кўдак, яъне тамомифаъолияти шахсони дигар бо мақсади интихоб кардан ва додани кўдак барои фарзандхондӣ аз ном ва ба манфиати шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ гирифтани кўдакро доранд, манъ мебошад.
  2. Фаъолияти мақомоти васояту парасторӣ оид ба иҷрои ўҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда, барои ошкоркунӣ ва ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модармонда фаъолияти миёнаравӣ ба ҳисоб намеравад ва мақсади ба даст даровардани фоидаро надорад.
  3. Ҷавобгарӣ барои фаъолияти миёнаравӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …