Главная / Ҷамъият / Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

Моддаи 122-и Кодекси оила. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконе, ки  бе  парастории падару модар  мондаанд 

  1. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар ҳолатҳои фавти падару модар, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани онҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо, беморӣ ва муддати тӯлонӣ ғайриҳозир будани падару модар, саркашии падару модар аз тарбияи фарзандон ё аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, аз ҷумла ҳангоми аз ҷониби падару модар рад кардани гирифтани кӯдакони худ аз муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, инчунин ҳолатҳои дигари набудани парастории падару модар, ба зимаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.

Мақомоти васояту парасторӣ кӯдаконеро, ки бе парастории падару модар мондаанд, ошкор намуда, баҳисобгирии онҳо ва бо назардошти ҳолатҳои мушаххаси маҳрум шудан аз парастории падару модар усули ҷобаҷосозии кӯдакони бе парастории падару модар мондаро (моддаи 124 ҳамин Кодекс) интихоб менамоянд ва ҳамчунин назорати минбаъдаи шароити таъминот, тарбия ва таълими онҳоро амалӣ менамоянд.

Ба ғайр аз мақомоти васояту парасторӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ошкор намудан ва ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории падару модар монда,  иҷозат дода намешавад.

  1. Мақомоти васояту парасторӣ мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ намудани васояту парастории кӯдакони бе парастории падару модар монда аз ҷониби мақомоти зикргардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …