Главная / Ҷамъият / Шахсоне, ки ҳуқуқи ба фарзандхондӣ қабул карданро доранд

Шахсоне, ки ҳуқуқи ба фарзандхондӣ қабул карданро доранд

Моддаи 127-и Кодекси оила. Шахсоне, ки ҳуқуқи ба фарзандхондӣ қабул карданро доранд 

  1. Ба фарзандхондӣ қабул кардан танҳо аз тарафи шаҳрвандони ба балоғатрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат мегирад:

– шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд;

– шахсоне,ки ҳангоми фарзандхондӣ барои содир кардани ҷинояти қасдона  доғи судӣ доранд;

– шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин кардааст; (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

– шахсоне, ки суд онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон  маҳдуд эътироф намудааст;

– зану шавҳаре, ки суд яке аз онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалаш  маҳдуд эътироф намудааст;

– шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохтааст ё ҳуқуқи  падару модарро маҳдуд кардааст;

– шахсоне, ки ба сабаби иҷрои ғайриқаноатбахши ӯҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васӣ ё парасторӣ дур карда шудаанд;

– шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхондӣ бо гуноҳи онҳо аз ҷониби суд бекор карда шудааст;

– шахсоне, ки аз сабаби беморӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модарро амалӣ намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки дар сурати мубтало будан ба онҳо шахс наметавонад  кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

  1. Муқаррароти сархати якуми қисми 1 ҳамин модда нисбат ба падарандар ва модарандар татбиқна мегардад. (ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1239)
  2. Шахсоне, ки байни худ никоҳ надоранд, наметавонанд ҳамон як кӯдакро муштаракан  ба фарзандхондӣ қабул кунанд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …