Главная / Ҷамъият / Қатъ гардидани ӯҳдадориҳои алимент

Қатъ гардидани ӯҳдадориҳои алимент

Моддаи 121-и Кодекси оила. Қатъ гардидани ӯҳдадориҳои  алимент 

  1. Ӯҳдадориҳои алиментӣ, ки тибқи созишномаи пардохти алимент муқаррар карда шудаанд, бо фавти яке аз тарафҳо, гузашти мӯҳлати амали ҳамин созишнома ё тибқи дигар асосҳои пешбининамудаи ҳамин созишнома қатъ мегарданд.
  2. Пардохти алименти тибқи тартиби судӣ ситонидашаванда дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

– дар сурати ба балоғат расидани кӯдак ё дар ҳолати то ба балоғат расиданашон қобили амал ҳисоб шудани кӯдакони  ноболиғ;

– баъди фарзандхондӣ шудани кӯдаке, ки барои таъминоти ӯ алимент ситонида мешуд;

– пас аз таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ хатм кардани кӯдакони  ба балоғатрасида ё ба синну соли дар моддаи 86 ҳамин Кодекс муқарраргардида расидани  онҳо;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

– ҳангоми аз ҷониби суд эътироф гардидани барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё қатъи мӯҳтоҷии алиментгиранда;

– дар сурати аз нав никоҳ кардани зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷи корношоями алиментгиранда (моддаи 94 ҳамин Кодекс);

– вафот кардани шахси алиментгиранда ё шахсе, ки ба додани алимент ӯҳдадор аст.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …