Главная / Илм / ҒУБАЙРОИ СИЁҲ

ҒУБАЙРОИ СИЁҲ

gubayroi-siyohҒУБАЙРОИ СИЁҲ (Aronia melanocarpa), бутта ё дарахтест хурд; аз 0,5 то 2 м қад мекашад. Гулаш сафед, мевааш мурудмонанд, сиёҳи ҷилодор, нордон, хуштаъм. Аз ҳар бех дарахти боғии 40-сола то 100 – 250 кг мева меғундоранд. Меваашро тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд. Мева ва оби он мушаҳҳӣ (иштиҳоовар) аст, кори узвҳои ҳозимаро тақвият медиҳад. Муайян кардаанд, ки меваи тару тоза ва шираи Ғ. с. ғалаёни хунро суст мекунад. Саноати тиб аз меваи Ғ. с. «қурси витаминӣ» (як донааш 50 г) мебарорад, ки барои табобати ғалаёни хун, хунравӣ, махмалак, экзема, гастрит ва ғ. истифода мебаранд. Хосияти табобатии он асосан ба ҷавҳари себ, пектинҳо, моддаҳои дибоғат, кислотаи аскорбинат, витамини Р, каротин, рибофлавин, кислотаи фолиеат, токоферол, манган, оҳан, микроэлементҳо ва ғ. вобаста мебошад. Бо чой ва шарбате, ки аз меваи хушки Ғ. с. тайёр карда шудааст, бемории атеросклерозро табобат менамоянд (рӯзе 2 – 3 маротиба нӯшидан лозим). Агар 4 қошуқ меваи Ғ. с.-ро дар 0,5 л об (дар термос) андохта тамоми шаб гузоранд ва пагоҳӣ нимсоат пеш аз ғизо истеъмол намоянд, фишори хунро мефарорад. Истеъмоли Ғ. с. дар мавриди бемории захми меъда, рӯдаи дувоздаҳа, гастрит (бо зиёдии шираи меъда), қабзият, бавосир, ғафс будани хун, тромбофлебитҳо зиён дорад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями., М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …