Главная / Илм / ҒОЗИЧОЙ

ҒОЗИЧОЙ

helichrysum-maracandicumҒОЗИЧОЙ (Helichrysum maracandicum), гули ғозӣ, растаниест бисёрсола. Аз 15 то 75 см қад мекашад. Пояаш ҷӯякдори бӯртоб, баргаш сабз, сабзи хокистарранг ё бӯри зардча, гулаш зард, тухмаш дорчинии сиёҳтоб. Моҳҳои май – июл гул карда, июл – окт. тухм мебандад.
Ғ. дар минтақаҳои бешазори дарахтони паҳнбарг, арчазор ва даштҳои мавзеъи Қурама, Туркистон, Ҳисору Дарвоз ва Тоҷикистони Ҷанубӣ вомехӯрад. Дар нишебиҳои санглох ва регхок мерӯяд.
Хӯшагули Ғ.-ро дар оғози гулшукуфт ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойҳои торик, сард ва шамолрас хушк мекунанд. Мӯҳлати нигоҳдориаш то 3 сол аст.
Сабадаки гулдори Ғ.-ро чой карда, ҳангоми бемориҳои ҷигар, зардпарвин, дарди санги талхадон ва санги гурда, обхӯра (истисқо), сили шуш ва ҳамчун доруи хунбанд (ҳангоми хуншории бавосир), киҷҷарон, пешоброн ва зидди зуком менӯшанд.
Дар тибби илмӣ ҷӯшоб ё нақеъи гули Ғ. чун давои талхарон ҳангоми бемориҳои ҷигар, холесистит ва гепатохолесистит истифода мегардад. Ҷӯшоби он нимистаконӣ рӯзе 2 – 3 маротиба пеш аз хӯрок таъин карда мешавад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями., М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …