ҒОР

gorҒОР (Laurus nobilis), дарахти ғор, даҳмушт, дарахтест ҳамешасабз. То 19 м қад мекашад. Баргаш чармгун, дарозрӯя ё нештаршакл; гулаш майдаи сафед; мевааш яктухма, сиёҳи кабудтоб. Дар ҷангалҳои кӯҳсори кишварҳои Баҳри Миёназамин худрӯй аст. Дар Юнони Қадим ғолибони мусобиқа, қаҳрамонон, шоирон ва ғ.-ро бо чанбари Ғ. (лавр) сарфароз мекарданд (калимаи «лауреат» аз номи лотинии Ғ., яъне Laurus бармеояд). Ғ.-ро дар бисёр мамлакатҳо мепарваранд. Дар соҳ. Баҳри Сиёҳ, Озарбойҷон ва Қрим низ парвариш карда мешавад. Барги Ғ. равғани эфир, меваю тухмаш равған дорад (дар тиб ва атриёт истифода мешавад). Барги Ғ.-ро аз қадимулайём чун хушбӯӣ истифода мебаранд (таомро хуштаъм мегардонад). Дар таббохӣ хусусан баргҳои сабзи хушбӯй ва талхмаззаи он пурқиматанд. Онро ба шӯрбо, карамшӯрбо, таомҳои аз гӯшти гову гӯсфанд дампазшуда ва ғ. меандозанд. Барги Ғ., одатан, ба таомҳои якум 5 дақ. пеш аз пухтан, ба таомҳои дуюм 10 дақ. пеш аз тайёр шудан андохта мешавад; дар сурати барвақт андохтан, таъми ғизо талх мегардад.
Дар тибби қадим ба сифати дору барг, реша, пӯстлох, мева, донак ва равғани Ғ. истифода мешуд. Хусусияти давоии онро Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино қайд кардаанд. Абӯалии Сино ҳама қисмҳои Ғ.-ро воситаи гармиовар ва хушксозанда ҳисобида, бо он иллати шуш, хафақон, заъфияти асаб, фалаҷ, қулинҷ, омосҳои ҷигару сипурз, дарди гӯш, буғумдард ва ғ.-ро табобат мекард. Равғанашро чун давои иллати ҷигар ва ҷӯшоби пӯстлохашро барои об кардани санги гурда истифода мебурд. Пӯстлох, донак ва равғани Ғ. воситаи қайовар аст. Обзани барги Ғ. ҳангоми бемориҳои пешобдон ва бачадон муфид мебошад. Табибони қадим бо қиёми Ғ. заҳри каждумро безарар мекарданд.
Дар тибби халқӣ равғани Ғ. барои муолиҷаи тарбод, фалаҷ ва хоришак кор фармуда мешавад. Онро барои табобати холесистити музмин ва рафъи дарди санги гурда низ истифода мебаранд. Бо оби барги он бемории диабети қандро даво мебахшанд. Самари Ғ.-ро кӯфта ба бинӣ бирезанд, дарди нимсара ва каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад. Онро дар равғани гули сурх ва сирко ё дар шароби кӯҳна маҳин ос карда бичаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад, садо додани гӯш ва гаронии онро ба ибро меоварад. Барги Ғ.-ро дар об ҷӯшонида он обро дар даҳон гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Барг ё самари Ғ.-ро маҳин кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, барои аксари бемориҳои аз хунукӣ содиршуда дору мешавад. Истеъмоли равғани Ғ. дилро беҳузур мекунад, қай меоварад, пешоб ва ҳайзро равон месозад. Барги онро ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, бемориҳои хичак ва бачадонро шифо мебахшад; дар он даромада нишинанд, бемориҳои гурда, хичак ва бачадонро даво аст. Самари Ғ.- ро батакрор бихӯранд, сангҳои гурда ва пешобронро майда карда мерезонад.
Дар тибби муосир марҳами равғани Ғ.-ро барои муолиҷаи тарбод истифода мекунанд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями., М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л. В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981; Н у р а л и е в Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …