Главная / Илм / ҒУВВОСИ ГӯШ

ҒУВВОСИ ГӯШ

guvvosi-gushҒУВВОСИ ГӯШ, танин, ҷеғ задани гӯш. Дар вазъияти хомӯшии том низ гӯши одами тамоман солим ғуввос мезанад; ба ин ҳаракати хун дар хунрагҳои хурди гӯши дарунӣ сабаб мешавад (ба ном садои физиологӣ). Ғуввоси дарднок (патологӣ)-и гӯш аз нобарор ҷорӣ шудани хун дар асабияи сомеа ё ангезиши он аз бемориҳои гӯши мобайнӣ ё дохилӣ, заҳролудии музмин аз сурб, арсен (маргимуш), симоб, машруботи спиртӣ, никотин, ҳангоми бемории ғалаёни хун, гипотония (фишорпастӣ) ва ғ. ба вуқӯъ меояд. Одатан, Ғ. г. боиси бад шудани шунавоӣ мегардад. Ғуввос ҳар қадар баланд бошад шунавоӣ ҳамон қадар паст мешавад. Ҳангоми карӣ, одатан, Ғ. г. нест мешавад. Афзудан (ё пайдоиш)-и Ғ. г. аз зуд-зуд тағйир ёфтани фишори артерия, аз ҳаяҷони барзиёди рӯҳӣ, иштидоди ҷисмонӣ, хастагӣ ба вуҷуд меояд. Баъзан ҳангоми ҳомилагӣ ва дар давраи қатъи ҳайз низ гӯш ғуввос мезанад. Ҳангоми пайдоиши Ғ. г. ба духтур муроҷиат бояд намуд, зеро он бисёр вақт метавонад нишонаи аввалин ва ягонаи иллати гӯш ва дилу рагҳо бошад. Занони ҳомила бояд аз Ғ. г. ҳатман духтури мушоварагоҳи занонаро огоҳ намоянд, зеро он метавонад аз ноустувории фишори шараён гувоҳӣ дода, аломати аввалаи токсикози ҳомилагӣ бошад.
Ғ. г.-ро духтури мутахассис муолиҷа мекунад. Табобат асосан ба рафъ намудани бемории асосӣ нигаронида шудааст. Барои муолиҷаи Ғ. г. электрофарез, магнитотерапия, гармишифоӣ, масҳ, психотерапия, баъзан ҷарроҳӣ самари дилхоҳ меорад.
Ад.: Лихачев А.Г., Справочник по оториноларингологии, М., 1984; Пальчун В.Т., Вознесенский Н.Л., Болезни уха, горла и носа, М., 1986; Французов Б.Л., Французова С.Б., Лекарственная терапия заболеваний уха, горла и носа, Киев, 1988; Исҳоқӣ Ю. Б., Бемории гӯшу гӯлую бинӣ, Д., 2010.

Б. Шамсиддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …