Главная / Илм / ҒОИБОВ Алиҷон Ҷӯраевич

ҒОИБОВ Алиҷон Ҷӯраевич

goibov-alichon-churaevichҒОИБОВ Алиҷон Ҷӯраевич (тав. 20. 08. 1957, деҳаи Навободи ноҳ. Қумсангир), духтури ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1996), проф. (1997), Узви вобастаи АИТТ (2010), дорандаи Мукофоти давлатии ҶТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2002). Хатмкардаи ДДТТ (1979). Ординатори клиникии Маркази илмии умумииттифоқии ҷарроҳии АИТ ИҶШС (1981 – 83), ординатори Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 (1983 – 90), ассистенти кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ (1990 – 94), дотсент (1994 – 97) ва аз с. 1997 проф. кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби №2-и ДДТТ. Ҳамзамон с-ҳои 1999 – 2005 ноиби ректори ДДТТ оид ба корҳои муолиҷавӣ буд. Ҷонишини директори Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва сандуқи сина оид ба корҳои муолиҷавӣ (аз 2005). Тадқиқоти Ғ. ба ташхису муолиҷаи осебҳои ҷудогона ва муштараки рагҳои хунгард, ҷарроҳии такрории рагҳо, бемориҳои силсилаи варидӣ, муолиҷаи беморони гирифтори саратон дар мавриди мавҷудияти робитаи омос бо рагҳои хунгард бахшида шудааст. Дар мавзӯи «Оқибати осеби рагҳои канорӣ» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои ҷарроҳии захми рагҳо дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 240 асару мақолаҳои илмӣ, 21 навоварӣ ва 2 ихтироот. Таҳти роҳбарии ӯ 7 наф. рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Сармутахассиси Вазорати тандурустии ҶТ оид ба ҷарроҳии рагҳо (аз 1999). Узви Ассотсиатсияи аврупоии ҷарроҳони рагҳо, Ҷамъияти ангиологҳо ва ҷарроҳони рагҳои Россия.
Ос.: Хирургия травм сосудов и их осложнения, Д., 1992; Хроническая брахиальная ишемия, Д., 1999; Место сосудистой хирургии в лечении онкологических больных. «Ангиология и сосудистая хирургия», Д., 2004, т. 10, №4; Операции на магистральных сосудах при удалении опухолей различной локализации. «Хирургия», Д., 2004, №9; Хирургическая тактика при тромбозах и аневризмах оперированных сосудов. «Хирургия», Д., 2005, т. 11, №3.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …