Главная / admin (страница 72)

admin

Умед кардан – Хонадории фарзанд

tuy-domod-arus

Мўйсафед бо лабҳои парсинбастаи писараш оби сарду зулоли чашмаро мечаконду дам намезад. Вай дигар маҷоли ашк резонидан надошт. Аммо ҳар лаҳзаву соат хун мегиряд, ҷигараш рўз то рўз садпора мешуд. Оҳ дунёву зиндагии ҷафопеша, оҳ мардум, писарам ме-ми-рад!.. Аҳли деҳа медонистанд, ки ҷавон гирифтори саратон асту аз умри ў рўзҳои …

Муфассал »

АБДУЛВОСЕЪИ ҶАБАЛӢ

how-islam

Вай фозили комил ва шоири моҳир буд ва ба ҳар ду забон — тозӣ86 ва форсӣ сухан гуфта. Ва иттифоқ аст, ки ҳеҷ кас аз ўҳдаи ҷавоби қасидаи машҳури вай, ки матлаъаш ин аст: Б а й т Кӣ дорад чун ту маъшуқе нигори чобуку дилбар, Бунафшазулфу наргисчашму лоларўю насринбар? …

Муфассал »

Ҳикояи Шаколе ва хурўс

gurg

Шаколе56    хурўсеро  дар  хоби  саҳар  бигирифт.  Хурўс фарёд бардошт, ки: — Ман мўниси бедоронам ва муаззини шабзиндадорон, аз куштани ман бипарҳез ва хуни маро ба теғи тааддӣ марез! Б а й т Чаро бе мўҷибе бо ман ситезӣ, Ки хоҳӣ бе гунаҳ хунам бирезӣ? Шакол гуфт: — Ман ба куштани …

Муфассал »

ПАРВОЗИ НОТАМОМ

buxoro

– Занак, писарат туро ба тўй даъват кардааст. – Кадом писарам? – Ту чанд писар дорӣ? Муҳаббат-хола чанд лаҳза бо аломати тааҷҷуб чашм аз рўи шавҳараш наканда, аз ҷой нимхез шуд. – Ҳайдарҷон омадааст? – Не, мактуб фиристодааст. – Орзуи Ҳамдам аз бағалкисааш лифофаи дуқатшудаеро бароварда, пеши занаш партофт. – …

Муфассал »

ШИКАСТАБАНД

gps

– Биё, писарам, ҳамроҳ ба фотеҳахонӣ равем. Ҳар гаҳ, ки писари калонӣ ба зодгоҳаш меомад, ин анъана ҷорӣ буд. Пиёда раҳ мерафтанд. Падар гуфт: – Адҳам, дар хотират ҳаст, вақти бачагиат дастат аз оринҷ баромада буд? – Ҳа, аз велосипед афтода ва се-чор рўз воқеаро аз шумо пинҳон дошта будам. …

Муфассал »

Шурби хамр (нушидани машрубот) – гуноҳи кабира

alkogolizm-prichinu

Шурби хамр. Тамоми ашёи масткунанда ҳаром аст. Сухани Худо аст, Ки Астаъизу биллоҳ «Ясъалунака анил-хамри вал майсир. Қул, фиҳимо исмун кабирун». (Тарҷума; «Савол мекунанд, ба ту аз шароб ва қимор. Бигӯ, дар он ҳар ду гуноҳи кабира аст»). Расул (с) гуфт: «Ло ташраб мусаккаран». «Ҳеҷ як аз масткунанда (ва мадҳушкунанда)-ро …

Муфассал »

Ришва

vzyatka_2

Агрономи ҷавон Толеъ Мадад барои овардани азот  ба маркази вилоят рафт. Вай дар даст коғаз дошт ва мебоист бар тибқи он барои заминҳои хоҷагиашон ду тонна азот меовард. Дилпур буд, ки то нисфирўзӣ кораш барор мегирад ва бегоҳ бояд ба деҳа баргардад. Аммо дар анбор ба вай фаҳмонданд, ки бе …

Муфассал »

ДУРАХШИ АХТАРИ ТОБОН

kitob

Гузаштагони мо тоҷикон (яъне, ориёиҳо) бунёдгузори илму фарҳанг дар тамаддунҳои қадимаи олами инсоният маҳсуб меёбанд ва дар аҳди исломӣ ҳам тоҷикон ин рисолати хешро аз даст надодаанд ва муассиси аввалин ва қадимтарин ва беҳтарин мазҳаб дар дини Ислом – мазҳаби Имоми Аъзам (ҳанафия) низ фарзанди арҷманди тоҷику форс Имоми Аъзам …

Муфассал »

ВАЗИДАНИ НАСОИМИ МУЛОТАФОТ ВА РАВОЕҲИ МУТОЯБОТ

1363023184_1

ДАР   ВАЗИДАНИ   НАСОИМИ   МУЛОТАФОТ  ВА   РАВОЕҲИ МУТОЯБОТ,      КИ   ҒУНЧАИ   ЛАБҲОРО   БИХАНДОНАД   ВА   ШУКУФАИ   ДИЛҲОРО   БИШУКУФОНАД Аз ҳазрати рисолат, саллаллоҳи алайҳи ва саллам, оранд, ки фармудааст, ки мўъмин мазоҳкун ва ширинсухан бошад ва мунофиқ туршрў ва гираҳ бар абрў. Ва амиралмўъминин Алӣ, карамаллоҳу ваҷҳаҳу, гуфтааст, ки ҳеҷ бок нест агар касе чандон …

Муфассал »

Духтари чиновник

bacha-duxtar

Имсол мўҳлати мураххасиамро дар деҳа гузаронидам. Азбаски чанд сол боз ба зодгоҳам нарафта будам, мардуми зиёд, хешу таборон, ҳамсояҳо ва ҳамсинфон ба дидорбиниам омаданд. Аз ин сабаб чанд рўз аз хона ба ҷое нарафта меҳмон қабул мекардаму гусел. Пас аз канда шудани қадами меҳмонон рўзе бафурҷа дар байни ҳаётамон сайругашт …

Муфассал »