Главная / Гуногун / ПАРВОЗИ НОТАМОМ

ПАРВОЗИ НОТАМОМ

– Занак, писарат туро ба тўй даъват кардааст.

– Кадом писарам?

– Ту чанд писар дорӣ?

Муҳаббат-хола чанд лаҳза бо аломати тааҷҷуб чашм аз рўи шавҳараш наканда, аз ҷой нимхез шуд.

– Ҳайдарҷон омадааст?

– Не, мактуб фиристодааст. – Орзуи Ҳамдам аз бағалкисааш лифофаи дуқатшудаеро бароварда, пеши занаш партофт. – Дасти бачаҳояшро ҳалол мекардааст. Навиштааст, ки мехоҳам дар хатнатўи набераҳоятон шумоён – бобову бибии азизашон дар тори сарашон бошеду дуои нек бидиҳед. Ҳамсараш низ ҳаминро мехостааст.

Муҳаббат-хола дарҳол оби чашм карда, беҷуръатона мактубро ба даст гирифт. Ҳарчанд саводи казоӣ надошт, мактубро аз лифофа гирифта, ба он чашм давонд.

– Боз чӣ навиштаст бачаҳакам? – пурсид вай.

– Туро пазмон шудааст… пас аз бист сол.

– Бечора бачаҳакам дар ин дунё рўз надид. Мисли ҳамсолонаш аз бўи падару модар сер нашуд, сарсону саргардон шуд дар ин дунё! Ҳамааш айби шумо…

– Шуд, пўш даҳонатро!

Дар хона якбора сукунати вазнин соя андохт.

Муҳаббат-хола аз тарси он ки шавҳараш оби чашм кардани ўро дида, ба сараш дод мезанад, оҳиста аз ҷой хеста, берун баромад.

– Ҷўяи помидорро хабар гир, – садо кард аз қафо шавҳараш. – Об монда будам, пур шуда, пуштаҳояшро зер накунад.

Орзуи Ҳамдам танҳо монд. Мактубро аз лаби дастархон гирифта, ба бағалкисааш андохт. “Беҳуда ба ин мўйдарози ақлкўтоҳ нишон додам мактубро, – дар дил худро маломат кард вай. – Акнун “биё, равем” гўён гўшу майнаамро мехўрад”.

Муаллифи мактуб – Ҳайдар, писари онҳо буд. Аммо…

***

Орзуи ҷавон пас аз ёздаҳ моҳи адои хизмати аскарӣ аз номи бародараш мактуб гирифт. Бародараш пас аз пурсупоси маъмулӣ навишта буд, ки дирўз янгааш, яъне зани Орзу писар таваллуд кард.

Ин хабари хуш ба ҷои падари ҷавонро шод кардан, ба сад кўчаи сарбаста андохт. Ў ҳайрон буд, ки чӣ хел пас аз ёздаҳ моҳ ҳамсараш фарзанд таваллуд кардааст. Вай аз тарси он ки мабодо ягон ҳамхизматаш аз ин хабар огоҳ шавад, мактубро пора карда, ба ахлотдон партофт.

Орзу дар мактуби ҷавобиаш навишт, ки ун фарзанд аз вай нест ва бародараш метавонад янгаашро ҳамроҳи кўдакаш аз хона пеш кунад.

Рўзҳо мегузаштанд. Ҳар гоҳе ки фарзанд таваллуд кардани занашро ба ёд орад, аламҳои Орзу аз нав тоза мешуд. Ў худро таҳқиршуда меҳисобид ва дар хаёлаш нақшаҳои гуногуни қасосгириро мекашид. Аз ҳамхизматҳояш канора меҷуст, нисбати атрофиён дағалӣ мекард. Гўё онҳо дар ин фоҷиаи зиндагии ў айбдор бошанд.

Рўзе Орзуро ҳамроҳи се нафар аскар ( онҳо дар баталони сохтмончиён хизмат мекарданд) барои таъмири боғчаи бачагона фиристоданд. Боғча хурдакак бошад ҳам, тозаву озода ва бо расмҳои гуногунрангу ҷевонҳои гуногуншакл, катҳои хурд-хурду бозичаҳои ҳарранга ва гулҳои тару тоза зебо таҷҳизонида шуда буд. Тибқи фармоиши мудири боғча аскарон мебоист ба деворҳои ду хона зардеворӣ мечаспонданд.

Вақте ки катҳоро аз хонаи хоб мебароварданд, ҳамроҳи Орзу Хведери чуваш аз ў пурсид:

– Орзу, ту зану фарзанд дорӣ?

– Зан дорам, аммо фарзанд – не, – ҷавоб дод Орзу, аз чӣ бошад, ноаён нигоҳашр гурезонида. – Чӣ буд?

– Агар фарзанд медоштӣ, аз ин катҳо яктоашро ба хонаат мефиристодем. Бин, чӣ хел зебо, а! Ба гумон ки дар ҷойҳои шумо чунин кати зебо сохта тавонанд.

– Аз ин беҳтарашро месозанд.

– Ба ҳар ҳол, биё, яктоашро ба хонаат равон кунем.

– Агар бисёр маъқул шуда бошад, ба хонаи худатон фирист.

– Ба ҷону дил мефиристодам, аммо ман зан надорам.

– Ман зан дошта бошам ҳам, кўдак надорам.

– Кӣ медонад, мумкин то баргаштани ту янга ягон кўдак тайёр карда монад, – гуфт Хведер хандида.

– Чӣ гуфтӣ? – ғайричашмдошти Хведер аз гиребони ў гирифт Орзу.

– Ту девонаӣ! Ман шўхӣ кардам… Ба занат бовар надорӣ, чӣ? Аз як ҷиҳат ба ў ҳам душвор. Аз оғўши гарми ту сер нашуда… Шўхӣ мекунам, – такрор кард  Хведер.

– Шўхӣ мекунӣ?! – гиребони Хведерро раҳо кард Орзу. Аммо ба ў фурсати гиребони ғиҷимшудаашро рост кардан надода, бо як мушт даҳону биниашро ғарқоби хун кард.

Занозанӣ сар шуд.

Орзу ёд надорад, ки чӣ тавр арматураи нимметраро аз замин бардошта, ба фарқи сари ҳамхизматаш зад…

Вақте Орзу аз маҳас озод шуда, ба деҳа баргашт, Ҳайдар (писарашро чунин ном гузошта буданд) дар синфи сеюм мехонд. Орзу аз рўзи аввал ба занаш муноқишаро оғозид. Ў боисрор  талаб мекард, ки Муҳаббат ҳамроҳи кўдакаш аз хона гум шавад. Азбаски ҳамсари Орзу хеши наздикашон буд, хешовандон баъд аз маслиҳату машварати дуру дароз ба хулосае омаданд, ки ба хотири хонавайрон нашудан писарбачаро ба хонаи бачаагон супоранд. Ва оқибат хешовандон Муҳаббатро бо як азоб розӣ кунонда,  Ҳайдарро ба хонаи бачагон супориданд. Муҳаббат бо вуҷуди зани вазнин ва гапбардор буданаш, баъди ба сағирахона супоридани Ҳайдар бо Орзу мисли сагу гурба шуд. Шабе набуд, ки аз ҳавлии онҳо садои дашному гиряву нола набарояд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама сардиву бадбиниҳо оилаи онҳо побарҷо монд. Зеро модари Орзу, ки  холаи Муҳаббат буд, ба писараш шарт гузошта буд, ки агар хоҳарзодаи ўро пеш кунад, дар ду дунё ҳам шири ба ў додаашро намебахшад. Ҳар гоҳе ки Муҳаббат аз зарби мушту лагати Орзу тоб наоварда, ба хонаашон мерафт, хушдоманаш рафта ўро бозпас меовард.

Бо мурури солҳо ғазаби Орзу паст шуда, бо Муҳаббат  созиш кард. Онҳо соҳиби як писару чор духтар шуданд.

Пас аз ба сағирахона супоридани Ҳайдар Орзу ўро ягон бор надида бошад ҳам, аз гапи  мардум медонист, ки вай пас аз хатми мактаб бо  роҳхат ба пойтахт рафта, дар як корхонаи азим ба кор даромадааст.

***

– Дадаҷонаш, ҷигар ҷигару дигар- дигар-дия! Дидед бачаҷонама, ҳамин қадар зулму ситам карда бошед ҳам, аз хуни худатон, ки ҳаст, оқибат дар рўзи хурсандиаш ману шуморо бологузор карданист.

Орзуи Ҳамдам гўшашро ба каракӣ  андохт.

– Меравем, а?

– Намедонам.

– Чӣ хел намедонед?

– Ана ҳамин хел!

– Тавба! Одам ҳам ҳамин қадар сангдил мешудаст. Мўи саратон сафед шуду то ҳол ақлатон надаромадааст.

– Бас кун-э, қанчиқ! – Орзуи Ҳамдам пиёлаи дасташро ҷониби занаш ғурронд. Пиёла ба девори хона бархўрда пора-пора шуд.

– Ман ба ту беақлиро нишон медиҳам. Ҳеҷ чиз нагуфтам забон баровардӣ, а!

– Чӣ ҳам мегуфтед? – Пас наомад Муҳаббат-хола. – Ҳайфи умри азизам, ки бо ту хазон шуд.  Чанд сол инҷониб луқмаи дахонамро заҳру либоси баданам кафанд кардӣ. Илоҳӣ, аз худо ёбӣ, ту сангдил!

– Дар сари муҷодалаи зану шавҳар писари онҳо – Ҳаким, вориди хона шуд.

– Тинҷӣ? – пурсид вай, баъд аз салому алейк. – Чаро аз қошу қавоқи ҳардуятон барфу борон мерезад.

– Э бачем, ин падарат устухони маро сафед кард, – ба нолидан оғозид Муҳаббат-хола.

– Чӣ гап шуд?

– Акаат Ҳайдар моро ба тўи фарзандонаш даъват кардаасту…

– Хабар дорам, – сухани модарашро бурид Ҳаким. – Дирўз ба ҷои кори ман низ телефон карда буд.

– Чӣ хел? Ту ўро мешиносӣ? – аз ҷой нимхез шуд Орзуи Ҳамдам.

– Албаата. Ҳар боре, ки ба пойтахт равам, вомехўрем. Чанд бор дар хонааш низ меҳмон будам.

– Садқаат шавам -э, бачаҷони боақлам, – писарашро ба оғўш гирифт Муҳаббат-хола. -Чаро то имрўз ба ман як даҳан гап назадӣ!

– Агар гап мезадам, мисли имрўза ҷангу хархашаи ҳардуятон авҷ мегирифт, – гуфт Ҳаким, кулоҳи моҳутиашро ба лаби токча гузошта. Баъд ба падараш рўй оварда, афзуд. – Ман ба тайёра се билет гирифтам, фардо ба Душанбе меравем…

Тайёра аз қабати абрҳо ларзидаву такон хўрда, роҳашро идома медод. Орзуи Ҳамдам дар бари занаш нишаста, ғарки фикру андеша буд. Хаёлаш ба сад кўю дар сар мехалонд, ба дилаш ҳазор гап меомад. Мулоқоти дар пеш истодаро бо фарзандаш, ки қариб бист сол пеш аз хонааш ба зўри пеш карда буд, ба сад ранг тасаввур мекард. Ба ҳар ҳол як кунҷи дилаш сиёҳ буд, барои ба ин сафар розӣ шуданаш худро маломат мекард. Аммо бо вуҷуди ин ҳама дудилагию пушаймонӣ ҳисси кунҷковиаш – он кўдак ҷавони базеб шудагист, – боло мегирифт.

Ҳарчанд ним соат қабл стюардесса ба мусофирон эълон карда буд, ки тасмаҳои курсиашонро гузаронанд, пас аз понздаҳ дақиқа ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд меоем, тайёра ҳамоно дар фазои шаҳр гирд мегашт. Мусофирон ба таҳлука афтода, ҳаросон аз тирезаи доирашакли ҳавопаймо ба замин чашм меандохтанд.

– Тавба, тавба! Гиребонашро дошт Муҳаббат-хола низ аз чашмони тарсхўрдаи мусофирони дигар рамуз гирифта. – Азоб кашем ҳам, бо мошин меомадем беҳтар набуд… Тавба кардам, худоҷон, дар паноҳат нигаҳ дор.

Вақте ки стюардесса бори дуюм дар солон пайдо шуда, бо ранги парида мусофиронро ба оромӣ даъват намуда, гуфт, ки бинобар ҷурми техникӣ тайёра ба фуруди садамавӣ маҷбур шудааст, барои ҳамагон аён гашт, ки ба ҷони онҳо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Нидоҳои тавбаю тазаррўъ аз ҳар кунҷи тайёра баланд шуд.

Тайёра ҳамоно дар болои шаҳр гирд мегашту гирд мегашт.

– Занак, – оҳиста Муҳаббат-холаро нихта кард Орзуи Ҳамдам. -Ба ҳар ҳол… чӣ хел шуд?

– Чӣ? – нафаҳмид Муҳаббат-хола.

– Магар ягон зан тифли батнашро ёздаҳ-дувоздаҳ моҳ бардошта гаштааст?

– Ё тавба! Дар ҳамин лаҳза ин мардак дар чӣ ғам, – гиребонашро дошт Муҳаббат-хола. – Ман бардоштам-ку!

– Бовар намекунам. Ин хел шуданаш мумкин нест.

– Ҳамааш кори худост, мардак. Худо гўед, тавба кунед. Агар вай хоҳад, ҳар кор шуданаш мумкин.

– Бало ба паси ҳамааш… Ман мехоҳам бидонам, кӣ буд ў?

– Ҳазён мегўед, ё … – Муҳаббат-хола суханашро ба охир нарасонида, тайёра  сахт такон хўрд ва бо суръати ниҳоят тез поин шуда, пас аз чанд лаҳза ба замин бархўрд ва садои гўшкаркунандае атрофу акнофро фаро гирифт.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …