Главная / Гуногун / ВАЗИДАНИ НАСОИМИ МУЛОТАФОТ ВА РАВОЕҲИ МУТОЯБОТ

ВАЗИДАНИ НАСОИМИ МУЛОТАФОТ ВА РАВОЕҲИ МУТОЯБОТ

ДАР   ВАЗИДАНИ   НАСОИМИ   МУЛОТАФОТ  ВА   РАВОЕҲИ МУТОЯБОТ,      КИ   ҒУНЧАИ   ЛАБҲОРО   БИХАНДОНАД   ВА   ШУКУФАИ   ДИЛҲОРО   БИШУКУФОНАД

Аз ҳазрати рисолат, саллаллоҳи алайҳи ва саллам, оранд, ки фармудааст, ки мўъмин мазоҳкун ва ширинсухан бошад ва мунофиқ туршрў ва гираҳ бар абрў. Ва амиралмўъминин Алӣ, карамаллоҳу ваҷҳаҳу, гуфтааст, ки ҳеҷ бок нест агар касе чандон мазоҳ кунад, ки мўъмин аз ҳадиди хубӣ ва доираи туршрўйӣ берун ояд. Расул, саллалоҳи алайҳи ва саллам, мар аҷузаро гуфт, ки «аҷойиз ба биҳишт дар наёянд». Он аҷуза ба гиря даромад. Фармуд, ки «Худойи таоло эшонро ҷавон гардонад ва ҷавонтар аз он чӣ буданд барангезонад, он гаҳ ба биҳишт барад». Ва низ мар занеро аз Ансор гуфт: «Ба шавҳари худ бирас, ки дар чашми вай сафедӣ воқеъ аст». Он зан ба суръат ва изтироби тамом пеши шавҳари худ давид. Шавҳар аз вай сабаби изтироб пурсид. Он чӣ Ҳазрат фармуда буданд боз гуфт.

Гуфт:

–Рост фармудаанд. Дар чашми ман сафедӣ ҳасту сиёҳӣ ҳаст, аммо на ба бадӣ».

Қ и т ъ а

Гар муқбиле мазоҳ кунад, айби ў макун,

Шуғлест он ба қоидаи ақлу дин мубоҳ.

Дил ойина-сту кулфати ҷид санги ойина,

Он зангро чӣ сайқали имкон, ба ҷуз мазоҳ?! 

М у т о я б а

Рўзе Асмаӣ бар моидаи Ҳорун ҳозир буд. Зикри полуда 3 карданд. Асмаӣ гуфт:

— Бисёре  аз  аъроб бошанд, ки ҳаргиз полуда надида бошанду номи ў нашунида.

Ҳорун гуфт:

— Бар ин даъво, ки кардӣ, гувоҳе бигузарон, вагарна дурўғ аст ин.

Иттифоқан рўзе Ҳорун ба шикор берун рафт ва Асмаӣ бо вай буд. Диданд, ки аъробие ҳоло аз бодия мерасад. Ҳорун ба Асмаӣ гуфт:

— Вайро пеши ман ор.

Асмаӣ пеши вай рафту гуфт:

— Амиралмўъминин  туро   мехонад,  иҷобат  кун.

Гуфт:

— Мўъминонро амир мебошад?

Асмаӣ гуфт:

— Оре!

Аъробӣ гуфт:

— Ман ба вай имон надорам.

Асмаӣ вайро дашном доду гуфт:

— Ё ибн-уз-зония 4.

Аъробӣ дар ғазаб шуду дашном медод ва Ҳорун механдид.

Баъд аз он пеши Ҳорун омаду гуфт:

— Ай амиралмўъминин, чунончӣ, ин мард гумон мебарад, доди ман аз вай биситон, ки маро дашном додааст.

Ҳорун гуфт:

— Ду дирам ба вай деҳ.

Аъробӣ гуфт:

— Субҳоналлоҳ,  маро дашном  додааст,  маро ду дирами дигар бар вай мебояд дод?

Ҳорун гуфт:

— Оре, ҳукми мо чунин аст.

Аъробӣ рўй ба Асмаӣ карду гуфт:

— Е ибн-уз-зонийин5, равон бош ва ба ҳукми амиралмўъминин чаҳор дирам бидеҳ.

Ҳорун аз ханда ба пушт афтод.

Пас, вайро ҳамроҳ бурданд. Чун ба қасри Ҳорун даромад, он азамату шавкат бидиду маҷлиси Ҳорунро мушоҳада кард, дар чашми вай бузург намуд. Пеш омаду гуфт:

— Ассалому алайка, ё Аллоҳ 6.

Ҳорун гуфт:

—  Хомўш бош, чӣ мегўйӣ!

Гуфт:

— Ассалому алайка, ё набиюллоҳ!7

 Гуфтанд:

— Вайҳақа, чӣ мегўйӣ! Вай амиралмўъминин аст.

Гуфт: .           –

— Ассалому алайка, ё амиралмўъминин!

Ҳорўн гуфт:

— Ва алайкассалом!

Пас вайро бинишонданду моида кашиданд ва аз ҳар чизе бихўрд. Дар охир полуда оварданд. Асмаӣ гуфт:

— Умед медорам, ки ў надонад, ки полуда чӣ чиз аст.

Ҳорун гуфт:

— Агар чунин бошад, туро як бадра8   бидиҳам.

Пас аъробӣ даст дароз карду полударо хўрдан гирифт, ба ваҷҳе, ки ба он мемонист, ки ҳаргиз нахўрдааст.

Ҳорун аз вай пурсид, ки:

— Ин чӣ чиз аст, ки мехўрӣ?

Гуфт:

— Савганд ба он Худой, ки туро хилофат мукаррам кардааст, ки ман намедонам, ки ин чӣ чиз аст. Аммо Худои таоло дар Қуръон мегўяд: «ва фокиҳатин ва нахлин ва руммонин» 9. Нахл наздики мо ҳаст. Гумон мебарам, ки ин руммон аст.

Асмаӣ гуфт:

— Ай амиралмўъминин, акнун ду бадра бар ту воҷиб10 шуд, зеро ки вай ҳамчунон, ки полударо намедонад, руммонро низ намедонад.

Ҳорун бифармуд, то Асмаиро ду бадра доданд ва аъробиро чандон, ки ғанӣ шуд 

Қ и т ъ а

Кист донӣ карим? — Он, ки зи банд

Нест огаҳ хазонаи дирамаш.

Ҳар чӣ ояд бад-ў, чӣ ҷидду чӣ ҳазл,

Ҳама гардад баҳонаи карамаш.

М у т о я б а 

Халифа рўзе чошт мехўрду баррабирён пеши вай ниҳода буданд. Аъробие аз бодия даррасид. Вайро пеш хонд. Аъробӣ бинишаст ва ба башараи тамом дар хўрдан истод. Халифа гуфт:

— Чӣ мешавӣ, ки чунон ин барраро аз ҳам медарӣ ва ба рағбат мехўрӣ, ки гўё модари ў туро ба суру задааст!

Аъробӣ гуфт:

— Ин хўрданист. Аммо ту чунон ба чашми шафқат дар ў менигарӣ ва аз даридану хўрдани ў бад мебарӣ, ки гўё модари ў туро шир додааст. 

Қ и т ъ а

Хоҷа бар моли худ он гуна раҳим асту шафиқ,

Ки ба чашми шафақат менигарад бар ҳама чиз.

Гар фитад дар бараву меши вай андак хатаре

Ба фидошон бидиҳад модару фарзанди азиз.

Қ и т ъ а и  о х и р ӣ

Филмасал, гар хоҷа нону барраи бирён ниҳад

Пешя ту бар хон, агар рўзе шавӣ меҳмони ў.

Гар кунӣ сад рахна дар дандонаш аз санги ситам,

Беҳ, ки аз дандонат афтад рахнае дар нони ў.

Гар хўрад аз дасти ту сад захм бар паҳлўву пушт,

Беҳ, ки пур созӣ тиҳигоҳи11  худ аз бирёни ў.

М у т о я б а

Баҳлулро 13 гуфтанд:

— Девонагони Басраро бишумор!

Гуфт:

— Он аз ҳаййизи 13  шумор берун аст. Агар гўед, оқилонро бишуморам, ки маъдуде чанд беш нестанд.

Қ и т ъ а

Ҳар кӣ оқил бинӣ, ўро баҳраест,

Нақди вақт аз мояйи девонагӣ.

Мезияд аз офтоби ҳодисот

Шодмон дар сояи девонагӣ. 

М у т о я б а

Фозиле ба яке аз дўстони соҳибрози худ нома менавишт. Шахсе дар паҳлўйи ў нишаста буду ба гўшаи чашм навиштаи вайро мехонд. Бар вай душвор омад. Бинвишт, ки агар на дар паҳлўи ман дузде — зани ба музде накишаста будӣ ва навиштаи маро намехондӣ, ҳамаи асрори худ бинавиштаме.

Он шахс гуфт:

— Валлоҳ, Ай мавлоно, ки ман номаи туро мутолаа накардаму нахондам!

Гуфт:

— Ай нодон, пас инро, ки мегўйӣ, аз куҷо мегўйӣ!

Қ и т ъ а

Ҳар он кас, ки дуздида бар сирри мард

Шавад мутталеъ 14, шоядаш хонд дузд.

Ба он кор агар музд дорад тамаъ,

Ҳамин беҳ, ки номаш ниҳӣ зан ба музд.

М у т о я б а 

Қозии Бағдод ба азимати масҷиди одина 15 пиёда берун омад. Масте пеши вай расид, вайро бишинохт.

Гуфт:

— Азизакаллоҳ, айюҳалқозӣ!16 Раво бошад, ки ту пиёда равӣ?!

Он гоҳ ба талоқ савганд хўрд, ки қозиро бар гардани худ савор кунад.

Қозӣ гуфт:

Пеш ой, Ай малъун!

Чун бар гардани ў савор шуд, рўй бозпас кард, ки ба таки 17 тез равам ё оҳиста? Гуфт:

— Миёни ину он. Аммо бояд, ки рам накунӣ ва налағзӣ ва ба пойи деворҳо наздик равӣ, то аз музоҳамати равандагон маъмун 18 бошам.

Гуфт:

— Боракаллоҳ 19, айюҳалқозӣ! Ту худ қоидаи саворӣ некў медонистайӣ.

Чун қозиро ба масҷид расонид, фармуд, то вайро ба зиндон маҳбус кунанд.

Гуфт:

— Аслиҳакаллоҳ айюҳалқозӣ20 . Ин сазои касест, ки туро аз мазаллати21 пиёдагӣ бираҳонад ва ба маркубии22 ту тан дардиҳад ва ба иззати саворӣ ба масҷид расонад?

Қозӣ бихандиду вайро бигузошт.

Қ и т ъ а

Масте ба қасди арбада 23   чун роҳ гирадат,

Бо ў ба рифқ24 кор кун, Ай кордон ҳаким.

Мўест ирзи 25  марди хирадманди хурдадон,

Мапсандаш аз кашокаши нобихрадон ду ним. 

Ҳ и к о я т

Масте аз хона берун омаду дар миёнаи роҳ бияфтод ва қай карда лабу даҳони худ биёлуд. Саге омаду онро лесидан гирифт. Пиндошт, ки одамест онро пок мекунад. Дуъо мекард, ки Худои таоло фарзандону фарзандони фарзандонатро хидматгори ту гардонад. Баъд аз он саг пой бардошту бар рўйи ў бавл кард.

Гуфт:

— Боракаллоҳ, Ай сайидӣ26, ки оби гарм овардӣ, то рўйи маро бишўйӣ!

Қ и т ъ а

Шаробхора чу бар хештан раво дорад,

Ки саблат 27 аз қайи нопоки май биёлояд,

Саг аз масона 28 гар ибриқи 29 оби гарм орад,

Ки ғусли сиблати нопоки ў кунад, шояд!

М у т о я б а

Ҷулоҳе30 дар хонаи донишманде вадиате31 ниҳод. Чун якчанд рўз баромад, бар он мўҳтоҷ шуд. Пеши вай рафт. Дид, ки бар дари сарои худ бар маснади тадрис 32 нишаста ва ҷамъе аз шогирдон пеши ў саф баста.

Гуфт:

— Ай, устод, ба он вадиат эҳтиёҷ дорам.

Гуфт:

— Соате бинишин, то аз дарс фориғ шавам.

Ҷулоҳ биншаст. Муддати дарси ў дер кашид ва вай мустаъҷил 33 буд. Ба одати он донишманд он буд, ки дар вақти дарс гуфтан сари худ меҷунбонид. Ҷулоҳро тасаввур он шуд, ки дарс гуфтан ҳамон сар ҷунбонидан аст.

Гуфт:

— Ай устод, бархезу маро то омадан нойби худ гардон, то ман ба ҷойи ту саре ҷунбонам. Ту вадиати маро берун овар, ки таъҷил дорам.

Донишманд чун он шунид, бихандиду гуфт:

Қ и т ъ а

Фақеҳи шаҳр занад лофи он ба маҷлиси ом,

Ки ошкору ниҳони улум медонад.

Ҷавоби ҳар чӣ аз ў пурсӣ, он бувад, ки ба даст

Ишорате бикунад ё саре биҷунбонад.

М у т о я б а

Нобиное дар шаби торик чароғе дар даст ва сабўе бар дўш дар роҳе мерафт. Фузуле 34 ба ў расиду гуфт:

— Ай нодон, рўзу шаб пеши ту як сон аст ва равшанию торикӣ дар чашми ту баробар. Ин чароғро фоида чист?

Нобино бихандид, ки:

— Ин чароғ на аз баҳри худ аст, аз барои чун ту кўрдилони бехирад  аст, то ба ман паҳлў назананду сабўи маро нашикананд.

Қ и т ъ а

Ҳоли нодонро зи нодон беҳ намедонад касе,

Гарчӣ дар дониш фузун аз Бўалӣ Сино35  бувад.

Таъни нобино мазан, Ай дам зи бинойӣ зада,

З- он ки нобино ба кори хештан бино бувад.

М у т о я б а 

Фозиле, ки сурате қабеҳу ҳайате кареҳ дошт, ба Фараздақ36 расид. Вайро дид, ки рўйи ў ба ҷиҳати маразе зард шуда. Гуфт:

— Туро чӣ будааст, ки ранги ту чунин зард шудааст?

Гуфт:

— Чун туро дидам, аз гуноҳони худ андешидам, ранги ман чунин зард баромад. Гуфт:

— Дар вақти дидани ман чаро аз гуноҳони худ ёд кардӣ? Гуфт:

— Тарсидам, ки Худои таоло маро уқубат кунаду 37 ҳамчун ту масх 38 гардонад. 

Қ и т ъ а

Чун рухи зишти ту бинам, дили ман

Иқди исрори гунаҳ фасх 39  кунад.

З- он ки тарсан, ки зи шумии гуноҳ

Қаҳри эзид чу туям масх кунад! 

М у т о я б а

Ва ҳамин фозил гўяд, ки бо дўсте дар роҳе истода будаму сухан мегуфтам. Зане омаду дар баробари ман истоду дар рўйи ман назар мекард. Чун назар кардани вай аз  ҳад даргузашт, ғуломро гуфтам;

— Пеши он зан раву бипурс, ки чӣ мешавад?

Ғулом боз омад, ки мегўяд, ки чашми ман гуноҳе азим карда буд ва мехостам, ки вайро уқубате кунам. Ҳеҷ уқубат зиёдат аз он наёфтам, ки ба ин зиштрў назар кунам.

Қ и т ъ а

Номаи мардуми чашмам зи гунаҳ шуста нашуд,

Гарчи аз гиря дусад бор пуробаш кардам.

То раҳад з-оташи фардойи қиёмат, имрўз

Ба назар дар рухи зишти ту азобаш кардам.

М у т о я б а

Ҷоҳиз40 гўяд: ҳаргиз худро чунон хиҷил надидам, ки рўзе маро зане бигирифту ба дари дўкони устоди рехтагар бурд. Ман мутаҳаййир шудам, ки он чӣ буд? Аз он устод бипурсидам.

Гуфт:

— Маро фармуда буд, ки тимсоле41 бар сурати шайтон барои ман бисоз. Гуфтам: «Намедонам, ки бар чӣ шакл мебояд сохт?» Туро овард, ки бад-ин шакл. 

Қ и т ъ а

Булъаҷаб рўю гунае дорӣ,

Кас бад-ин рўю гуна натвон кард.

Баҳри тасвири сурати шайтон

Ҷуз рухатро намуна натвон кард. 

М у т о я б а 

Шахсе  зиштрўеро  дид,  ки   аз   гуноҳон  истиғфор мекарду наҷот аз оташи дўзах металабид. Гуфт:

— Бад-ин рўй чаро ба дўзах бахилӣ мекунӣ ва онро аз оташ дареғ медорӣ!

 

Қ и т ъ а

Чун набинӣ ту рўйи худ, з-он рў

Бар касон нохуш аст, не бар ту.

Гар бад-ни рў дар оташат фигананд,

Ҳайф бар оташ аст, не бар ту.

 

М у т о я б а 

Зиштрўе пеши табиб рафт, ки бар зишттарин ҷое думмале42 баровардаам. Табиб тез бар рўйи ў нигаристу гуфт:

— Дурўғ мегўйӣ. Инак рўйи туро мебинам, бар вай ҳеҷ думмале нест! –

 

Қ и т ъ а

Зи зиштӣ аст, ки султони шаръ напсандад,

Ки узвҳои фурўд аз камар бараҳна кунӣ.

Чу рўяш аз ҳама ҷо зишттар бувад, чӣ аҷаб,

Ки рў бипўшию ҷойи дигар бараҳна кунӣ!

 

М у т о я б а

Шахсе бузургбинӣ занеро хосгорӣ карду дар таърифи худ мегуфт, ки ман мардеам аз хуфту сабуксорӣ дур ва бар эҳтимоли маккора сабур.

Зан гуфт:

— Агар бар эҳтимоли маккора сабур набудӣ, ин биниро чиҳил сол натавонистӣ кашидан.

 

Қ и т ъ а

Аз бинии бузурги ту борест бар ҳама,

То кай ба ҳарза рўй сўйи ону ин ниҳӣ?

Ҳар лаҳза саҷдаи ту на аз баҳри тоат аст,

Бори гарони бинии худ бар замин ниҳӣ.

М у т о я б а 

Зарифе шахсеро дид, ки мўйи бисёр бар рўйи ў дамида буд.

Гуфт:

—Ин мўйҳо бикан, пеш аз он, ки рўйи ту сар гардад.

 

Қ и т ъ а

Хоҷа ҳар рўз агар ба мўчина

Аз рўхи худ на мўй баргирад,

Чанд рўзе чу бигзарад бар вай,

Рўяш аз мўй ҳукми сар гирад.

М у т о я б а 

Муовия ва Уқайл бинни Абутолиб бо ҳам нишаста буданд. Муовия гуфт:

— Ай, аҳли Шом! Ҳеҷ шунидаед қавли Аллоҳ таолоро, он ҷо ки мегўяд: «Таббат ядо Абелаҳабин ва таб»? 43

Гуфтанд:

Оре!

Гуфт:

— Абўлаҳаб амми Уқайл аст.

Уқайл гуфт:

— Ай аҳли Шом! Ҳеҷ шунидаед қавли Аллоҳ таолоро, он ҷо ки мегўяд: «Ва амраатуҳу ҳаммолата-л-ҳатаб»? 44

Гуфтаанд:

— Оре!

— Ҳаммолата-л-ҳатаб аммаи Муовия аст.

Қ и т ъ а

Чун ҳаст дар ту мунқазӣ 45 айби дпгаре

Кардан, ба он на қоидаи марди боҳуш аст.

Ў хомўш аст аз туву аз айби дигарон,

Гўё кунӣ ба айби худ онро, ки хомўш аст.

М у т о я б а 

Алавие бо шахсе дар аснои хусумат гуфт:

— Маро чун душман медорӣ? Ва ҳол он ки ту маъмурӣ ба он, ки дар ҳар намоз бар ман салавот 46 фиристӣ ва бигўйӣ: «аллоҳума салли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммад»?47

Гуфт:

— «Мина-т-таййибина-т-тоҳирин» 48 низ мегўям ва ту аз он берунӣ!

Қ и т ъ а

Ай, ки з-оли набӣ мешумарӣ хешро,

Ҳаст гувоҳат бар он покии зоту сифот?

Чун ту дам аз таййибот мезанию таййибин,

Ку сифати таййибин ё симмати таййибот?

 

М у т о я б а 

Мўддаие худро ба сурати  алавиён  ороста  ва ба даъвои он насаби олӣ бархоста,

Б а й т

Бар даъвийи вай аён на аз сидқ фурўғ,

Ҳамдўш зи гесувон гувоҳони дурўғ —

бар соҳибдиле даромад. Аз ҷой биҷасту вайро бар садр 49 нишонд ва дар саффи ниол 50 нишаст. Ҳар чӣ талаб дошт, зиёдат аз он ато кард ва дар вақти хурўҷаш 51 адаби мушояа52 ба ҷой овард.

Асҳоб гуфтанд:

— Мо ин шахсро мешиносем. Насаби вай аз ин нисбат дур асту даъвойи вай дар ин сурат кизбу53 зўр. На падарашро аз ин хонадон бўест на модарашро дар ин хонавода рўе.

Қ и т ъ а

Модараш шаҳргарду хонагадост,

Падараш дегбанду дуктарош.

Он яке аз қабилаи арзол54

В-ин дигар аз тавилаи авбош!

Соҳибдил гуфт:

— Он чӣ мо кардем, на лоиқи содиқони ин хонавода аст, балки фарохури55 муддаиёни аз роҳ афтода аст.

Қ и т ъ а

Ҳар кас зи хонадони нубувват насиб ёфт

Таъзими ў вазифаи ҳар бенасиб нест.

Ҳаст ў ғариби даҳр, ба роҳи муҳаббаташ

Гар молу мулку ҷоҳ бибозӣ, ғариб56 нест.

М у т о я б а

 Халифа бо аъробие дар моидя таом мехўрад. Дар он асно назараш ба луқмаи вай афтод, мўе ба чашми вай даромад. Гуфт:

— Ай аъробӣ, он мўйро аз луқма дур кун!

Аъроби гуфт:

— Бар моидаи касе, ки чандон дар луқмаи хўранда нигарад, ки мўеро бинад, таом натавон хўрд! — даст бозкашид ва савганд хўрд, ки дигар бар моидаи вай таом нахўрад.

Қ и т ъ а

Чу мизбон биниҳад хони макрамат57, он беҳ,

Ки аз мулоҳазаи меҳмон канор кунад,

На он ки бар сари хон луқма-луқмаи ўро

Ба зери чашм бибинад, ба дил шумор кунад.

М у т о я б а 

Ҷамъе нишаста буданд ва сухани камолу нуқсони риҷол58 дарпайваста. Яке аз он миён гуфт:

— Ҳар кӣ ду чашми бино надорад, ним мард аст ва ҳар кӣ дар хона арўси зебо надорад, ним мард аст ва ҳар кӣ вуқуф бар сабоҳати59 дарё надорад, ним мард аст.

Нобиное дар маҷлис ҳозир буд, ки зан надошт ва сабоҳат намедонист, бонг бар вай зад, ки:

— Ай азиз, аҷаб муқаддимае овардӣ ва маро аз доираи мардӣ чунон дур андохтӣ, ки ҳанўз ниммарде дармеояд, то номи ҳеҷмардӣ бар ман шояд!

Қ и т ъ а

Чунон зи пояи мардӣ фитод хоҷа бурун,

Зи бас фасурдагию хомрешию сардӣ,

Ки гар ҳазор фазилат расад зи мардонаш,

Қадам бурун наниҳад аз ҳудуди номардӣ.

М у т о я б а 

Баҳлул ба Ҳорунаррашид даромад. Яке аз вузаро гуфт:

— Башорат бод мар туро, Ай Баҳлул, ки амирал-мўъминин туро бар сари қарода60 ва ханозир61 сардор ва амир гардонид.

Баҳлул гуфт:

— Гўш ба ман дор ва фармони ман ба ҷо ор, ки ту низ аз чумлаи раоёйи62  манӣ.

Қ и т ъ а

Ба шаҳриёрии гову харам диҳӣ мужда,

Раийяте, ки бувад хоси шаҳриёр, туйӣ.

Шумори лашкариёнам зи хирсу хук кунӣ,

Нахуст кас, ки дарояд дар он шумор, туйӣ!

М у т о я б а

Тавонгаре дар аҳди яке аз золимон бимурд. Вазири он золим писари вайро талаб кард ва пурсид, ки:

—- Падари ту чӣ гузоштааст?

Гуфт:

— Аз молу манол чунин ва чунон ва аз ворисон вазири кабир ва ин фақири ҳақирро.

Вазир бихандид ва фармуд, ки мероси вайро ба ду ним карданд: нимеро ба вай гузошт ва нимеро барои подшоҳ бардошт.

Қ и т ъ а

Зулмпеша вазир нашносад

Ҷуз ҳақи подшоҳ моли ятим.

Адл донад, агар барад ба тамом,

Фазл донад, агар кунад ба ду ним.

М у т о я б а

 

Туркеро гуфтаанд:

— Кадомро дўсттар дорӣ — ғорати имрўз ё биҳишти фардо?

Гуфт:

— Он, ки имрўз даст ба ғорат бикушоям ва ҳар чӣ ёбам, бирабоям ва фардо бо Фиръавн ба оташ дароям.

 

Қ и т ъ а

Он шунидастӣ, ки турке васфи ҷаннат чун шунид,

Гуфт бо воиз, ки: он ҷо ғорату тороҷ ҳаст?

Гуфт: «Не». Гуфто: «Батар бошад зи дўзах он биҳишт,

К-андар ў кўтаҳ бувад аз ғорату тороҷ даст».

М у т о я б а

 

Гадое бар дари сарое чизе хост. Кадхудои хона63 аз дарун овоз дод, ки:

— Маъзур дор, ки хонагиён 64 ин ҷо нестанд.

Гадо гуфт:

— Ман пораи нон мехоҳам, на мубошират65 бо хонагиён.

Қ и т ъ а

Чун гадо бар дари сарой расад,

Ҳар чӣ дорӣ, бидеҳ, баҳона макун!

То наёяд ба хотираш чизе,

Пеши ў зикри аҳли хона макун!

Р у б о ӣ

Кас дар ҳарами сифлаи нопоксияр66

Чун нон набувад нуҳуфта аз чашми башар.

Аз хонаи ў таваққуйи нон батар аст,

К-аз хонагиён таваққуйи чизи дигар аст.

 

М у т о я б а

 

Муаллимеро   писар   бемор   шуд ва   мушриф67  бар  мавт гашт. Гуфт:

— Ғассолро 68 биёваред, то ўро бишўяд.

Гуфтанд:

— Ҳанўз намурдааст.

Гуфт:

— Боке нест, он замон, ки аз ғусли вай фориғ шавед, бихоҳад мурд.

Қ и т ъ а

Ҳар кӣ дар кори хеш пеш аз вақт

Менамояд ба ҳукми табъ шитоб,

Мехўрад рўза норасида ба шаб,

Мекашад мўза норасида ба об.

М у т о я б а

   Писари муаллимеро гуфтанд:

— Чӣ бало аҳмақӣ!

Гуфт:

— Агар ман аҳмақ набудаме, валадуззино69 будаме?!

Қ и т ъ а

Айби модар бувад, ар фарзанде

Хулқу хўяш на ба вафқи падар аст.

Гўши астар70, ки дароз аст, гувост,

К-аш на асп аст падар, балки хар аст.

М у т о я б а

 

Аз муаллиме пурсиданд, ки:

— Ту бузургтарӣ ё бародари ту?

Гуфт:

— Ман бузургтарам, аммо чун  як соли дигар  бар вай бигзарад, бо ман баробар хоҳад шуд.

Қ и т ъ а

Чу ҳеҷ чиз нашуд ҳосилат, чӣ мепурсӣ,

Ки рўзгори фалон дар чӣ чиз мегузарад.

Шумори умри касон мекунӣ, намедонӣ,

Ки дар муқобала умри ту низ мегузарад.

М у т о я б а

 

Беморе бар шуруфи71 мавт буд. Абхаре72, ки аз даҳонаш бўйи нохуш меомад, бар болини вай нишаста буд, сар наздики вай мебурд ва талқини шаҳодат мекард ва дар вай нафас мезад. Ҳарчанд  бемор рўйи худ метофт, вай илҳоҳи73 бештар мекард ва сар наздиктари вай мебурд. Чун кор бар бемор танг омад, гуфт:

— Ай азиз, мегузорӣ, ки ман хушу покиза бимирам ё мехоҳӣ, ки марги маро ба ҳар чӣ аз он нопоктар аст, биёлойӣ?

Қ и т ъ а

Дар ҷаҳон аҳли фазл ноёбанд,

Гўш бар ҳар фазул натвон кард.

Ҳар кӣ бўйи риё дамад зи лабаш,

Нафасашро қабул натвон кард.

М у т о я б а

 

Марде ба шахсе расиду  оғози гила кард, ки;

— Раво бошад, ки маро намешиносӣ ва риояти ҳаққи ман намекунӣ?

Он шахс ҳайрон монду гуфт:

— Аз инҳо, ки ту мегўйӣ, ман хабаре надорам!

Гуфт:

—   Падарам  модари туро   хостгорӣ  карда   будааст. Агар вайро мехост, ман  бародари ту мебудам.

Он шахс гуфт:

— Валлоҳ, ин хешиест, ки ба сабаби он мешавад, ки ман аз ту мерос барам ва ту аз ман мерос барӣ.

Қ и т ъ а

Гумони хомтамаъ он бувад, ки бар ҳама халқ

Фариза аст, ки бо вай шаванд эҳсонсанҷ.

Чу хомии тамаъи ў ба пухтагӣ нарасад,

Фитад зи тангдилӣ дар мазиқи74   меҳнату ранҷ.

М у т о я б а

 

Кўжпуштеро гуфтанд:

— Он мехоҳӣ, ки Худои таоло пушти туро чун дигарон рост гардонад ё он ки пушти дигаронро чун ту кўж гардонад?

Гуфт:

— Он, ки ҳамаро чун ман кўж гардонад, то бо он чашме, ки эшон дар ман нигаристанд, ман низ ба ҳамон чашм дар эшон нигарам.

Қ и т ъ а

Хуш он ки хасм ба айбе, ки таънаи ту занад,

Ба рағми вай зи чунон айб раста  биншинӣ.

В-аз ин нишастани беайб хуштар он бошад,

Ки мубтало шуда ўро ба айби худ бинӣ.

М у т о я б а

  

   Шахсе намоз гузорид ва баъд аз намоз оғози дуъо кард.Ва дар дуъои худ даромадан дар биҳишту халосӣ аз оташи дўзах хост. Пиразане дар қафойи ў истода буд ва онро мешунид. Мегуфт:

— Худованд, маро дар  он чӣ мехоҳад, шарик гардон!

Чун он шахс онро бишунид, гуфт:

— Худовандо, маро бар дор кашу ба зарби тозиёна бимирон!

Пиразан гуфт:

— Худовандо, маро биёмурз ва аз он чӣ металабад, нигоҳ дор!

Он шахс рўй бозпас кард, ки ин аҷаб норост ҳукместу нописандида қисмате, ки дар роҳату осудагӣ бо ман анбозӣ75 ва дар меҳнату фарсудагӣ аз ман мумтоз76.

Қ и т ъ а

На мунсиф77 бошад он томеъ78, ки коме

Чу ёбӣ аз Худой, анбоз гардад.

Ва гар дар роҳи нокомӣ ниҳӣ гом,

Ҳам аз гоми нахустин боз гардад.

 

М у т о я б а

 

Шахсе даҳ дирам бар  Ҷўҳӣ79   даъво кард.   Қозӣ пурсид, ки:

— Гувоҳ дорӣ?

Гуфт:

— Не.

Гуфт:

— Савгандаш диҳам?

Гуфт:

— Савганди вайро чӣ эътибор?

Б а й т

Ҳар лаҳза хўрад ҳазор савганди дурўғ,

3-он гуна, ки дар бодия аъробӣ   дўғ.

Ҷўҳӣ гуфт:

— Ай қозийи мусулмонон, дар маҳаллаи мо имомест парҳезгори ростгуфтори нёкўкирдор. Вайро биталаб ва ба ҷойи ман савганд деҳ, то хотири ин мард қарор гирад.

 

М у т о я б а

 

Аъробие шутур гум кард. Савганд хўрд, ки чун биёбад, ба як дирам бифурўшад. Чун шутурро биёфт, аз савганди худ пушаймон шуд. Гурбаеро дар гардани шутур овехту бонг мезад, ки:

— Қӣ мехарад шутуре  ба   як дирам  ва  гурба ба сад дирам, аммо бе якдигар намефурўшам.

Шахсе ба он ҷо бирасид, гуфт:

— Чӣ арзон будӣ ин шутур, агар ин қалода80 дар гардан надоштӣ.

Қ и т ъ а

Лаим агар ба шутур бахшадат ато, маситон!

Ки ин зи одати аҳли карам бурун бошад.

Қалодае, ки зи миннат ба гарданаш бандад,

Ҳазор бор зи бори шутур фузун бошад.

 

М у т о я б а

 

Аъробие шутуреро гум кард. Бонг зад, ки:

— Ҳар кӣ шутури маро ба ман орад, мар ўрост ду шутур  бо вай.

Гуфтанд:

— Ҳайҳот, ин чӣ кор аст, ки сарборӣ меҳ аз харвор аст.

Гуфт:

— Шумо лаззати ёфт ва   ҳаловати виҷдон начашидаед, маъзуред.

Қ и т ъ а

Гумшуда гарчӣ ҳақир аст, магўй,

Ки инон аз талабаш тофта беҳ,

Ҳаст дар қоидаи хурдашинос

 Лаззати ёфтан  аз ёфта беҳ.

 

М у т о я б а

 

Табиберо диданд, ки ҳар гоҳ ба гўристон расидӣ, ридо81 бар сар кашидӣ. Аз сабаби онаш суол карданд.

Гуфт:

— Аз мурдагони ин гўристон шарм  медорам: бар ҳар кӣ мегузарам, зарбати ман хўрдааст ва дар ҳар кӣ менигарам, аз шарбати  ман мурдааст.

 

Р у б о ӣ  

Ай ройи ту дар илоҷи бемор алил,82

Бар омадани марг қудуми ту далел.

Дар кишвари мот83 миннати ҷон ситадан

Бардоштайӣ зи гардани Азроил!

 

Р у б о и и  д и г а р

Ай санъати тиб шикаста бозор аз ту,

Ҳарчанд бувад ба ранҷ бемор аз ту,

Алминнатулиллаҳ84,  ки  аҷаб  хушнуданд

Ғассолу85 кафанфурўшу ҳаффор 86 аз ту.

 

М у т о я б а

 

Яке аз ҳукамо гуфтааст, ки табиби ноқис вабост мар оммаро.

 

Қ и т ъ а

Ай ки ҳастӣ зи тибби ноқиси хеш

Омаи халқро ба ҷойи вабо.

Чӣ аҷаб, гар кунанд нафринат?!

Ҳаст нафрини ту дуъои вабо.

 

М у т о я б а

 

Рўзе дар фасли баҳорон бо ҷамъе аз дўстдорон ба ҳавои гашт ва тамошои саҳрову дашт берун бирафтем. Чун дар мавзеъе хуррам манил сохтем ва суфра андохтем, саге аз дур онро дид, худро ба он ҷо расонид. Яке аз ҳозирон пораи санг бардошт ва чунон ки нон пеши саг андозанд, пеши вай андохт. Онро бўй карду бе таваққуф боз гашт. Ҳарчанд овоз доданд, илтифот накард. Асҳоб аз он мутааҷҷиб шуданд.

Яке аз он миён гуфт:

— Медонед, ки он саг чӣ гуфт? — Гуфт: « Ин бадбахтон аз бахилию гуруснагӣ санг мехўранд. Аз хони эшон чӣ таваққўъ тавон дошт ва аз суфраи эшон чӣ таматтўъ тавон бардошт?!»

Қ и т ъ а

Хоҷа чун афганда хон наздику дур,

Ҳаззу87 баҳра бурда з-он ҷо бедиранг:

Ҳаззи мискин гурба аз наздик – чўб,

Баҳраи бечора саг аз дур – санг.

М у т о я б а

 

Писареро гуфтанд:

— Мехоҳӣ, ки падари   ту бимирад, то мероси вай бигирӣ?

Гуфт:

— Не! Аммо мехоҳам, ки ўро бикушанд, то чунончӣ мероси вай бигирам, хунбаҳои вай низ биситонам.

 

Қ и т ъ а

Фарзанд, ки хоҳад зи пайи мол падарро,

Хоҳад, ки намонад падару мол бимонад.

Хуш нест ба марги падару бурдани мерос,

Хоҳад, ки кушандаш, ки дият88 ҳам биситонад.

 

 

М у т о я б а

 

Шахсе бар шоире байте хонд, ки қофия дар як мисраъ ройи мўҳмалаи89 мазмума  оварда буд ва дар яке зойи мўъҷамаи90 максур 91.

Шоир гуфт:

— Ин қофия рост нест, зеро ки яке ҳарфи «ро»-ст бенуқта ва яке харфи «зо»-ст бонуқта.

Он  шахс гуфт:

— Инро нуқта мазан 92.

Шоир гуфт:

— Як ҷо қофия мазмум аст ва як ҷо максур.

Гуфт:

— Бингаред, ин чӣ нодон мардест! Ман мегўям: Нуқта мазан, вай эъроб мекунад93.

 

Қ и т ъ а

Он сифла, ки мадҳро зи зам 94 нашносад,

Фатҳ95 аз касру 96 касрро зи зам 97 нашносад,

З-ў дар аҷабам, ки чун дам аз шеър занад,

К-ў шеъру98 шаъирро99 зи ҳам нашносад!

 

М у т о я б а

 

Ду шоир бар як моидае100 чамъ омаданд. Полудае оварданд бағоят гарм. Яке аз эшон мар дигареро гуфт:

— Ин полуда гармтар аст аз он   ҳамиму101   ғисоқ102,  ки фардо дар ҷаҳаннам хоҳӣ ошомид.

Дигарӣ дар ҷавоб гуфт:

— Яке байт аз ашъори худ бихон ва бар он бидам, то ҳам ту биёсойиву ҳам дигарон!

Қ и т ъ а

Аз хунук шеъри хеш як мисраъ

Гар кунӣ нақш бар дари дўзах,

Аз ҷаҳаннам барад ҳарорати нор103

Дар ҳамим оварад бурудати ях104.

 

М у т о я б а

 

Шоире пеши Соҳиб Аббод105 як қасидае овард: ҳар байт аз девоне ва ҳар маънӣ зодаи табъи сухандоне.

Соҳиб Аббод гуфт:

— Аз барои мо аҷаб қатори шутур овардайӣ, агар касе маҳорашон бикушояд, ҳар як ба галаи дигар гирояд .

 

Қ и т ъ а

Ҳамегуфтӣ ба даъвӣ дӣ, ки шояд

Ба пеши шеъри азбам106 ангубин ҳеҷ,

Зи ҳар ҷо ҷамъ кардӣ чанд байте,

Ба девонат набинам ғайр аз ин ҳеҷ.

Агар ҳар як ба ҷойи худ равад боз,

Ба ҷуз коғаз намонад бар замин ҳеҷ.

 

М у т о я б а

 

Фараздақ107 малики Басраро, ки Холид ном дошт, мадҳ кард ва силаи мадҳ чандон, ки мехост, наёфт. Ба ин ду байташ ҳаҷв кард…

 

Р у б о ӣ

Оростаберун сарое дидам,

Дар мадҳи худованди саро печидам.

Олуд шиори шеъри покизаи ман

Аз лавси ҳадас108, чу мадҳаш андешидам.

Чун ин ду байт ба Холид расид, даҳ ҳазор дирам ба вай фиристод ва пайғом дод, ки ба ин дирамҳо маъноеро, ки аз ботини худ намудайӣ ва зоҳири худро ба он олудайӣ, бишўй!

 

Қ и т ъ а

Аҷаб мадор зи мамдўҳ, агар кунад эҳсон,

Ба ҷойи модиҳи худ гарчӣ неку бад гўяд.

Зи баҳри ҷуд кунад рашҳае равон, ки бад-он

Зи лавҳи хотири худ ҳарфи замми худ шўяд.

 

М у т о я б а

Шоире бар фозиле шеър хонд. Чун ба итмом расонд, гуфт:

— Инро дар халоҷо гуфтам.

Фармуд, ки, валлоҳ, рост мегўйӣ! Аз ин буйи он меояд.

Қ и т ъ а

Суханвар магў, гў, ки ашъори ў

Зи баҳри қадар109 ё сафо омадаст.

Занад соҳиби завқро бар машом

Насиме, ки он аз куҷо омадаст.

М у т о я б а

Шоире пеши табиб рафту гуфт:

— Чизе дар дили ман гиреҳ шудааст ва вақти маро нохуш медорад ва аз он ҷо фасурдагӣ ба ҳама аъзои ман мерасад ва мўй бар андоми ман бармехезад.

Табиб марде зариф буд, гуфт:

— Ҳеҷ шеъре ба тозагӣ гуфтайӣ, ки ҳанўз бар касе нахонда бошӣ?

Гуфт:

— Оре.

Гуфт:

— Бихон!

Бихонд.

Боз гуфт:

— Бихон!

Бихонд.

Гуфт:

— Бархез, ки наҷот ёфтӣ. Ин шеър буд, ки дар дили ту гиреҳ шуда буд ва хунукии он ба берун сироят мекард. Чун аз дили худ берун кардӣ, халос ёфтӣ.

 

Қ и т ъ а

Чӣ шеър аст ин, ки чун номаш зи   доно

Бипурсӣ, бар забонаш «ҳарза» ояд,

В-агар бар шарбати бемор хонӣ,

Таби мўҳриқ110 равад, табларза ояд.

 

М у т о я б а

 

Воизе бар болои минбар шеъре, аз ҳар чӣ гўянд бемазатар, хонд ва ба тарвиҷи111 он гуфт:

— Валлоҳ, инро дар аснои намоз гуфтаам.

Шунидам, ки яке аз маҷлисиён мегуфт:

— Шеъре, ки дар намоз гуфта шудааст, чунин бемаза аст, намозеро, ки дар вай чунин шеър гуфта шуда бошад, чӣ маза буда бошад?

Қ и т ъ а

Гуфтӣ, ки дўш гуфтаам андар намози шаб

Шеъре, ки қадри ҷумлаи ашъор аз ў шикаст.

Он шеър агар зи манфази сифл112 омадӣ фуруд,

З-он ёфтӣ намози ту ҳамчун вузў шикаст.

М у т о я б а и  м а н з у м

Шоире хонд пурхалал ғазале,

К-ин ба ҳазфи113 алиф бувад мавсуф.

Гуфтамаш нест санъате з-он беҳ

Ки кунӣ ҳазф аз он тамоми ҳуруф!

М у т о я б а и  м а н з у м

    

Дӣ ҳамехондӣ ба даъвӣ матлаъе,

К-ин на матлаъ, балки баҳри гавҳар ҳаст.

Кай сазад як баҳри танҳо хонданаш,

3-он ки ҳар мисраъ зи баҳре дигар аст.

М у т о я б а и  м а н з у м

Гар наёрӣ хонду натвонӣ навиштан ё зи вазн,

Зодаи табъат бурун бошад гаҳи назмоварӣ.

З-ин се хислат кай тавон дар шоирӣ айби ту кард,

Чун наёмад з-он халал дар мансаби пайғамбарӣ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …