Главная / admin (страница 55)

admin

Овозаю дарвоза

unnamed

Маъракаи қиморбозӣ, ки баъзан аз шом то субҳ давом мекард, рўз аз рўз аз авҷу барор мемонд. Ва оқибат тамоман хунук шуд. – Бас! Ба дилам зад! – фиғон кард Касой ва қартаҳоро пора-пора карда ҳаво дод. – Рост! Ба дили ман ҳам зад! – қартаҳои дасташро даронда гуфт Седой, …

Муфассал »

Мурад зиндагӣ

qalai-hisor

Инак, то орзу як қадам! Ҳо – бале! – Азим кайҳо боз орзу дошт, ки сари писарашро ҷуфт кунад. Ў бисёр мехост, ки духтари сардори корхонаашонро келин карда, ба хона орад. Оқибат ризогии сардорро ба даст оварда, ҳамаи корҳои вобаста ба тўйро тахт намуд. Танҳо масъалаи ҳофиз монду халос. Пас …

Муфассал »

Лексия чист?

duxtaroni-tojik-106

Рўз рўзи офтобӣ буд. Ҳаво гарму нарм, ба дил ким-чӣ хел шодӣ мебахшид. Онҳо бошанд, дар ин толори танг нафасгир шуда, интизори лектор буданд. Интизорӣ тўл кашид. Толорбудагон беқарор шуданд. Аз беҳуда гузаштани вақт дилтангона: – Уф-ф! – гўён, ба дари даромад менигаристанд. – Чаро намеояд-а? – пурсид Салим аз …

Муфассал »

КӢ ТАГИ ПОИ, КӢ?!

agfon

– Чӣ-ӣ? Чӣ гуфтӣ?! Занҳо беҳуқуқ?! Хору зор?! Таги по?! Эъ, вой-е! Не, инсоф – пинсоф нест дар ин дунё! Агар мешуд, ин гапҳоро намезадӣ!.. Эъ, не-е, тоқатам тоқ шуд! Чӣ, чӣ? Ҷои баҳс нест? Занҳо таги по? Дурўғ! Сафсата! Неъ! Неъ-еъ-ъ!!! Ой, ман дар куҷо?.. Паҳ-паҳ!.. Ин бўи чӣ?.. …

Муфассал »

Мазори номус

Оташи абадӣ

Шаб набуд, рўз буд! Не, не, рўзи рўз ҳам набуд! Сиёҳӣ ба сефедӣ мезад, сафедӣ ба сиёҳӣ! Лекин аниқ як сукунате ҳукм меронд! Бале, сукунати асроромези субҳгоҳонии шаҳр! Онро бонги муаззин шикаст! Ва азони субҳҳангом дар гўши хилваташ фурў рехт! “Аллоҳу акбар!.. Аллоҳу акбар!..” Азони субҳҳангом ибодатпешагонро ба намоз мехонд. …

Муфассал »

ЛУҚМА

dastarxon

Рўз чеҳраи гирифта дошт. Насими намолуди тирамоҳ оҳанги ғам менавохт. Сафо ғарқи хаёл аз булдозери роҳсози чинӣ чашм намеканд. Садои булдозер кўҳро меларзонд. Қалби Сафо танг мешуд. Зеро дар қатори одамон ба ў кор нарасид. Онҳо аз деҳа даҳ нафар буданд. Имтиҳонашон карданд. Танҳо ду нафарро пазируфтанд. “Инҳоро тарбия кардан …

Муфассал »

Лимону Имон -Ҳикоя

limon-1

Ва инак боз як сол сипарӣ мегашт. Ҳа-а, соли гўсфанд мерафт. Соли маймун меомад… – Соли нав мурак шавад-е! – Э, хош-е! – Соли наву иқболи нав! – Э, хош-е! – О, чаро хош?! – Э, хап шин-е! – Охир, барои чӣ?! – Илтимос ба захмҳоям намакоб мапош. Аламҳоямро тоза …

Муфассал »

ҚАЗОИ НАМОЗИ ШОМ

osmon-namoz

Дунё вафо надорад, эй нури ҳар ду дида… Ҳофиз – Оҳ!.. Пирамард, ки тарс аз қазои намоз дошт, саросема ба офтоб нигаристу «хайрият» гуфта, оҳи сабук кашид. Офтоб рў ба уфуқ мерафт ва кам-кам қудрати худро аз даст медод. Рўшноию гармӣ коста мегардид. Торафт заиф мешуд. Коҳилу зардранг мегашт. Бобои …

Муфассал »

ҚИССАИ  БАҲОРӢ

siyohgush

Аввали баҳор бошад ҳам офтоб заминро чун танўр метафсонд. Ин вазъиятро пуршиддат мегардонад. Аз ин рў пагоҳӣ ба ў таъкид карданд, ки ҳушёр бош, баҳор аст. Ҳа, дар ин айём мошин бисёр мешавад. Бўи баҳор ба димоғ зада, одамро маст мекунад. Бедоршавии табиат ҳамаро каме хоболуд мегардонад. Хусусан ба ронандаҳо …

Муфассал »

Қиёми Қисмат

Аристократы эфталитов

Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд. Мирзо Бедил Шаб субҳро хайрбод мегуфт. Субҳ руҷўи дидор дошт. Нафаси тозаи субҳ ҷисми Давлат Раҳматро навозиш мекард. Накҳати орзуро дар фазои дили ў паҳн менамуд. Ҷисмаш гўё гул кардаву қалбаш сурур дошт. Баногоҳ хоби шаб дидааш ба ёдаш зад. Хоби хеле аҷиб. …

Муфассал »