Главная / Гуногун / ҚАЗОИ НАМОЗИ ШОМ

ҚАЗОИ НАМОЗИ ШОМ

Дунё вафо надорад, эй нури ҳар ду дида…

Ҳофиз

– Оҳ!..

Пирамард, ки тарс аз қазои намоз дошт, саросема ба офтоб нигаристу «хайрият» гуфта, оҳи сабук кашид. Офтоб рў ба уфуқ мерафт ва кам-кам қудрати худро аз даст медод. Рўшноию гармӣ коста мегардид. Торафт заиф мешуд. Коҳилу зардранг мегашт. Бобои Нозир арақи пешониашро пок кард ва:

– Кифоя, – гуфта белро сари китф гирифту лаби ҷўи пуроб омаду онро шуст. Бурда ба анҷомхона монд.

Сипас вазнин-вазнин қадам монда, ба хонаи хоби худ даромад. Худ ба худ ғур-ғур кард: «Эҳ, пир шудам, пир. Ку он қувваю ғайрат? Ку он сўзу соз? Лекин ҳоло ҳам ташнаам. Ташнаи заҳмат. Ҳа, ташнагиам нашикастааст. Аммо чӣ суд? Ҳай дареғ-а! »

osmon-namozТелевизорро ба кор даровард. Адиби ҳаҷвнигоре сухан меронд.

«… Зиндагӣ низ зиндон аст, агар ба ҳукми виҷдон маҳкум шуда бошед…

    …Падар аз шавқи дил дар кўдакӣ дасти писар гирад,

    Ба умеде, ки дар пирӣ писар пули падар гирад…»

– О, ин Шоҳин-ку?

Бобои Нозир ўро аз симояш не, аз овозаш шинохт.

– Э, бечора-е, пир шудааст. Не, пир карданд ўро. Лекин чӣ хел ба телевизион роҳ ёфта бошад? Охир, ўро наздик шудан намемонданд. Боре худаш бо қаҳр гуфта буд: «Охир, ман «бачаи ҷайра» нестам. Ҳеҷ гоҳ бар зидди манфиатҳои давлату миллатам набаромадаам ва нахоҳам баромад. Баракс, ноҳамвориҳову ноадолатиҳои иҷтимоъиро таҳаммул надорам ва то ҷое, ки имкон дорад талош мекунам бо мақолаҳои интиқодии худ, бо амалу фаъолияти худ дар рафъи падидаҳои манфии ҷомеа саҳмгузор бошам. Аламовар аст охир, ки аз ман душмантарошӣ мекунанд». Наход ўро сафед карда бошанд? Ё ки пул дода бошад?.. Э, не-е! Не! Ҳунар, истеъдодашро эътироф кардаанд.

«…Асадбек суратҳои сафари Амрикоро бо наберааш тамошо мекард. Ва ҳар замон ба суолҳояш посух медод. Наберааш акси Ҳайкали Озодиро нишон дода пурсид:

– Бобо, чаро ин занак яхмоси калонро бардоштааст?!

– Ин яхмос не, машъали озодӣ аст!

– Ҳмм… барои ҳамин озодии Амрико дар гармии Ироқу Афғонистон зуд об мешавад, – гуфт набера…»

Реклама оғоз шуду пирамард дароз кашид, то каме биосояд. Кўфтаву шалпар шуда буд, хоб ғалаба карду пинак рафт. Ва хоби ботарсе дида, бедор шуд. Ҳоло ҳам реклама пахш мешуд.

– Оҳ, қариб ним соат хоб рафтаам.

Ҳамзамон фиғони ҷонсўзи наберааш ба гўшаш расид. Гиряи талхи тифл мутаассираш сохт. Нафаси гарми тараҳҳум мадораш бахшид. Бархоста буд, ки садои келин баланд гашт:

                 Хоб кун, ғавғо накун,

                 Дасту по боло макун.

                 То шавад дардат сабук,

                 Фикри ин дунё макун.

                 Алла мегўм, алла-е[1].

Лаҳзае парешонӣ хотирашро мағшуш гардонд. Беқарор ба гирду атроф чашм дўхт. Баъд аз нафасе як эҳсоси гуворо дилу ҷонашро роҳат бахшид. Хост тамошоро идома бидиҳад. Аммо фурсат даст надод. То реклама хотима меёбад, ки намоз қазо мешавад.

– Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим!

Пирамард таҳорат карду ҷойнамозеро, ки аз Маккаи мукаррама оварда буд, рў ба қибла густурд.

Аллоҳу акбар…

Ашҳаду анло илоҳа иллаллоҳ…

Бобои Нозир ба хондани намози аср шурўъ намуд.

Ин лаҳза писараш Нодир омад. Ба хона надаромад, лаби суфаи долон нишаст, интизор шуд. Гўш ба сурахонии падараш дод. Падар тарзе сураҳои осмониро мехонд, ки гўё ҷисму ҷонро ба ваҷд меовард. Ба ларза медаровард. Ҳузуру ҳаловат мебахшид. Бобои Нозир намозро хонда, дуо карда, бешитоб ва хеле ором ҷойнамозро бардошта дуқад карду ба мех овехт. Сипас аз тиреза ба осмон нигарист, зоғи сиёҳи калонеро дид, ки дар шохи дарахти бебарг нишаста буд. Бозпас гашт ва андешид, ки шояд бегоҳ барф борад. Ба хона писараш даромад.

– Ассалому алайкум, падар.

– Во алайкумуссалом, – посух дод падар ва синчакорона ба писар нигарист.

Рў ба рўи ў ҷавони гандумгуни тануманд, қадбаланд меистод. Чашмонаш рўшан, симояш ҷиддӣ, пурғурур. Ҳушу ҷонаш тоза гашт. Қуввату мадор ёфт. Ҳазорон шукр гуфт. Баъд:

– Об-бо-о! – гўён синчакорона ба атроф чашм давонд.

Сипас «Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим!» – гўён рўи якандоз нишаст. Такя ба девор дода, андак роҳат шуд.

Писар ба ў дида дўхт. Чашмони камнури фурўрафта, ожангҳои рўй ва мўйҳои испедаш гувоҳи бисёр гармиву сардиҳои рўзгоранд, ки ў кашидаву дида.

– Барои чӣ рост истодаӣ, писарам?! – муроҷиат кард падар. – Бишин, бишин!

– Аз пайи гову мол шавам, мегўям…

– «Осиё бо навбат» гуфтаанд, писарам. Ту рост наист, бишин.

– Хуб шудааст, – гўён рў ба рўи падар нишаст.

Падар маънидорона ба сўяш нигарист. Ким-чиро аз ў пурсидану фаҳмидан мехост. Лаҳзае чанд ҳарду – падару писар хомўш монданд. Гўё бо ҳам чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Ниҳоят писар бо меҳрубонӣ пурсид:

– Чӣ ҳол доред, падар?

– Шукри Худо, ҳама ҷо ба ҷо!

– Чаро табъатон хира, хотиратон парешон аст?

– Охир, писарам, ҳар рўз тўй нест, ки чалпак хўрӣ!

– Саломатиатон хуб аст, охир?

– Шукри Худо, шикоят надорам.

Дар лабони писар табассум нақш баст.

– Лекин дигарон шикоят мекунанд.

Падар бо таҳайюр ба писар дида дўхт.

– Ҳа, ҳа, ҳайрон нашавед, падар. Имрўз ба хонаи ошноятон Назар рафта будам. Ҷою пояш нағз, ҳаваси кас меояд.

– Кадом Назар? Ланг ё Кўр?

– Э не-е! На ину на он. Назари Пес. Худо ба ў додаст. Се зани маҳлиқо. Се хонаи бодабдаба. Чанд мошини хориҷӣ. Замину боғу роғ…

Падар ба ғазаб омад, оташин шуд ва миёни ҳарфаш давид:

– Ҳазён магў! Ў ҳеҷ гоҳ ошнои ман набуд!

Писар хиҷолат кашид, лаҳзае музтар монд. Баъд худро ба даст гирифта гуфт:

– Надонам…

Падарро яъси ногувор ба доми худ кашид.

– Як одами мусулмон ёфт нашуд, ки ту хонаи Назари Пес меравӣ! Магар намедонӣ, ки ў кўҳрӣ аст, наҳс аст, шайтон аст. Дунё аз дасти чунин одамон месўзад. Сўҳробро кӣ кушт? Падараш Рустам! Ҳа, шайтон, ки ба дилат дарояд, писаратро ҳам мекушиву падаратро ҳам…

– Не, не, аз ў ягон амали шайтонӣ надидам. Танҳо каме аз шумо гила кард. «Нописанду одамгурез шудааст», гуфт. Тамом, дигар чизе нагуфт.

Аз зўри дилтангӣ овоз баланд кард:

– Боз гапи беҳуда мегўӣ?!

Оташи ғурур дар дили писар забона заду далер гашт.

– Фикр кунам, гапаш то ҷое ҷон дорад…

– Чӣ шуд ба ту якбора?! Ту бача нестӣ-ку, охир, мардак шудаӣ. Неку бадро бояд бифаҳмӣ. Сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонӣ. Ҳеҷ гоҳ бадкору бадрафторро тарафдор мабош. Қаҳри Худо меояд. То тавонӣ, назди дилшикастагон бирав. Аз паёмбар пурсиданд: «Худованд куҷост?» Фармуд: «Дар назди дилшикастагон аст».

– Ҳе-е, шумо файласуф шудаед-ку, падар.

– Чӣ, чӣ? Файласуф? Ба синну соли ман бирас, гирудори зиндагиро паси сар кун, мебинам кӣ мешавӣ.

– Аз хонашинӣ хушатон меояд?

Падар оҳи вазнину чуқуре кашид.

– Чи илоҷ, – ҷавоб дод падар. – Ночорам.

Писар тааҷҷуб кард:

– Чаро? Наход…

– Не, не, ин фикрро ба сарат роҳ надеҳ. Ин ҳаргиз аз яъсу ноумедӣ нест. Ман ҳатто як лаҳза бе умед ва муҳаббат зиста наметавонам. Ман аз рў ба рў шудан ба одамони дурўя ҳазар мекунам. Имрўз дурўғ ва фиреб дар авҷ аст ва кам касеро аз ин ҳолат шарм меояд. Имрўз ҳамчунон «воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд». Имрўз «буз дар ғами ҷон – қассоб дар ғами чарбу». Имрўз дашном додан, бадзабонӣ, бадрафторӣ ва ҳатто дуздӣ қаҳрамонӣ талаққӣ мегардад. Ман аз чунин одамон фирор мекунам, то ки ба Худо наздик бошам. Аз васвасаю ҳамоқату ноқисиҳои инсон худро канор мегирам.

– Кам-кам телевизорро меписандед-а?

– Бале, ҳоло кам-кам не, хеле меписандам. Зеро донишманде гуфта: «Телевизион нисбат ба одамон ҳамеша ҷолибтар аст, вагарна дар кунҷи хонаи мо одамон меистоданд на оинаи нилгун».

Ба гапи рост чӣ ҳам метавонист гуфт писар. Сокиту хомўш монд, падар низ дигар лаб во накард. Ҳангоми сўҳбат падар боре ҳам ба писар дида надўхт. Аммо нигоҳи писар ба ў буд. Пайкари падар лоғар, нигоҳаш дар худ фурў рафта. Табиӣ буд, ки писар худро хеле ноҳинҷор ҳис мекард. Салоҳ донист, ки падарро танҳо гузорад. Вай аз ҷой бархоста, сўи дар қадам бардошт.

– Куҷо шитоб дорӣ? Чӣ гап шудаст?

Садои падар ўро боздошт.

– Ҳеҷ гап нашудааст, падар. Хостам, чой дам кунам… – гуфт писар ва ҳис кард ҷавобаш каме бемаъно баромад. Вале падар вобаста ба чой саволи дигаре ба ў дод.

– Чӣ, ташна мондӣ?

– Не, барои шумо дам мекунам.

– Лозим не, – гуфт падар. – Ман ташна нестам. Ту ин ҷо бишин.

– Хидмат адо кунам, сонӣ мешинам.

– Не, бишин, – бо исрор гуфт падар.

Падар аз ҳикмат бебаҳра набуд. Рост ба чашми писар нигарист.

– Байни асру шом чой хўрдан раво нест, – ва бидуни хашм, бо андўҳи талх танбеҳомез пурсид: – Чанд бор шуд, ки инро ба ту мегўям? Бо дуруштӣ сухан кунам, меранҷӣ, ба нармӣ намефаҳмӣ. Охир, бо кадом забон фаҳмонам?

Писар ларзиш ва резиши сардие дар вуҷуд ҳис кард ва гуфт:

– Бубахшед, падар.

Вале он чун узри бадтар аз гуноҳ садо дод. Баданашро арақи сард пахш намуд. Даст ба кисаҳояш зад, аммо рўймолча наёфт. Падар рўймолчаи сафеди оҳариро ба вай дароз кард.

– Гир, тоза аст.

– Дорам… Меёбам…

– Намеёбӣ. Куҷое монда омадӣ. Бигир!

Писар зарбаи сахте хўрд, вале рўймолчаро гирифт. Арақи рўю гарданашро пок кард. Ва бесабриву беқарорӣ бар андомаш нишаст. Аммо падар мўҳри хомўшӣ ба лаб задаву тарҳи рўяш чун пешина буд. Писар боз азми берун баромадан намуд, вале овози хаставу шикастаи падар ўро дар ҷояш нишонд.

– Бишин!

Ва табиист, ки ў наметавонад сар нафарорад. Охир, падар падар аст! Ва боз набояд хомўш бошад, ягон сухане бояд бигўяд. Чӣ сухан? Худ намедонад! Аз ин рў, ҳайрону ошуфта ба падар дида медўзад.

– Ҳмм! – гўён сукут меварзад падар.

Писар бо кунҷковӣ саропои падарро аз назар гузаронд. Абрўвони хастааш рўйи пилки чашмҳояш фуромада буданд. Дилаш сиёҳ шуду ба ташвиш афтод. Ва мунтазири сухани падар истод. Хомўшии тўлоние дар миён буд. Ниҳоят Нодир суол кард:

– Падар, ба хайр аст?

Бобои Нозир сар боло карда, ба писар дида дўхт ва андаке мад кашида ба сухан оғоз кард:

– Ба хайр аст, писарам. Ташвиш накаш. Танҳо ба ту як-ду савол доданиям.

– Бошад, – гуфт Нодир ва базўр табассум кард. – Гўшам ба шумо.

Падар пас аз каме андеша, куҷковона ба қаду басти писар назар афканда пурсид:

– Ба ман гўй, ки “Хозрасчёт” чист?

– “Хозрасчёт”? – гашта пурсид писар ва нафаси сабуке кашида хушҳолона табассум намуд. – Оббо-е! Боз ман гумон кардам, ки ягон суоли дандоншикан медиҳед. Охир, ин саволи осон, кўдакона аст…

– Ту ба ҳар ҳол ба ҳаминаш посух бидеҳ! – норозиёна сухани ўро бурид бобои Нозир.

– Хуб, хуб, падар! Ҳозир… “Хозрасчёт”… Яъне шумо фаҳмиданӣ ҳастед, ки «Хозрасчёт» чист?

Падар ба нишони тасдиқ сар ҷунбонд.

– «Хозрасчёт» … яъне кор бо ҳисобӣ хоҷагӣ.

– Китобиву сарбаста гап назан, писарам, – норозиёна гуфт падар. – «Кор бо ҳисобӣ хоҷагӣ». Ин аз забони руси кучонида шудааст. Оё фаҳмотар гуфтан мумкин нест?

– Фаҳмотар? – каме гиҷ гашт писар. – Фаҳмотар… Ҳа-а, яъне бо забони коргарӣ?

– Не.

– Деҳқонӣ?

– Не, на ину на он!

– Ҳа-а, оммавӣ гўед?

– Ҳаргиз! – ҷиддӣ гуфт падар ва норозиёна пурсид: – Магар забон коргариву деҳқонӣ мешавад?!

– Не, албатта.

– Мо як забон дорем. Забони тоҷикии адабӣ. Оё ту медонӣ, ки мо аз кадом қав ва нажодем?

Писар китф дар ҳам кашид.

– Вожаи Озодагонро медонӣ?

– Озодагон? Ҳа, албатта. Кӣ намедонад? Яъне озод, озодӣ.

Падар аз ин ҷавоби ў қадре ба хашм омада:

– Фикрат комилан ғалат аст! – гуфт.

Ва қиёфааш ҷиддиву дигаргун гашт. Маълум буд, ки ранҷидааст. Вай нафаси ҷуқур кашида рў ба писар овард:

– Ту бача, наход то ин андоза бесавод бошӣ?

Нодирро бори хиҷолат пахш кард ва хост ягон ибора, ягон бурҳони қотеъ дарёфта, худро аз ин вазъи нобоб раҳо кунад, аммо ин ба вай муяссар намешуд.  Ҳарчанд кўшиш кард, бисёр дар худ тапид, вале роҳи халосӣ наёфт. Падар фаҳмид, ки ў зиёда аз ин чизе намдонад. Азоб додани ў дигар маънӣ надошт. Боисрор гуфташ:

– Беҳуда зўр назан, писарам! Ҷавоб ёфта наметавонӣ. Ориёиёни қадим, яъне аҷдоди мо худро аз қавм ва нажоди Озодагон мешумориданд ва бо ин ифтихор менамуданд. Эшон сарафкандагиро нанг мешумориданд ва сарфарозиро меписандиданд. Фарҳангу дониш ва забонро гиромӣ медоштанд. Баъдтар, замони Шўравӣ «донишмандон»-е пайдо шуданд, ки забонро ба сатҳи мардуми безавқ ва оммӣ фароварданд.

Падар ба андеша фурў рафт. Баъд, чашмонаш дурахши аҷибе гирифта, бо тантана хитоб кард:

– Акнун фаҳмон!

– Хуб, майлаш, – розӣ шуд писар. – “Хозрасчёт” – яъне… – забон хоида дармонд, ба андеша афтод. – Чӣ хел ба шумо фаҳмонам? – худ ба худ савол дод писар.

– Кўтоҳу мухтасар ва сода карда тавре фаҳмон, ки ман фаҳмам, – гуфт падар.

– Ҳа… Фаҳмидам. Сода карда фаҳмонам, яъне маънои “Хозрасчёт” ҳамин аст, ки дасту поятро мебанданд, даҳону гўшҳоятро руст мекунанду танҳо чашмҳоятро кушода мемонанд. Фаҳмо, падар?

– Хуб, хуб, – сар ҷунбонд падар.

– Боз суол ҳаст, падар? – ғолибона пурсид писар.

– Ҳаст, ҳаст, саросема нашав, – ба рўи писар нигарист падар. – Хўш ки бошад, гўй, ки “Аренда” чист?

Ин дафъа дарнамонд писар, дарҳол посух дод:

– “Аренда”, яъне ки даҳону гўшҳоятро мекушоянд. Фаҳмо, падар?

– Ҳамту гўй?! – падар гўё аз ҷавоби писар қаноатманд шуд ва суоли навбатиро дод:

– Хайр, “Прихватизация” чист?

Писар аз ин суоли падар ба ханда даромад. Падар дар тааҷҷуб афтод, ки писар барои чӣ механдад. Хандаи писар хеле ғариб буд. Ҳатто аз ханда китфонаш ба ларза омад.

– Наханд! – танбеҳомез гуфт падар. – Аз чӣ механдӣ?!

Писар аз ханда бозистод ва гунаҳгорона фаҳмонд:

– Охир “Прихватизация” не, падар, “Приватизация[2]”.

– Надонам, ҳама «Прихватизация» мегўяд.

– Онҳо сиёҳдиланд, – гуфт писар. – Аз рашку ҳасад мегўянд.

– Хайр, ана “Приватизация” чист?

– Оббо-е, аз прокурор ҳам гузарондед-ку, падар! “Приватизация”, яъне дасту поятонро ҳам мекушоянд.

– На-хо-од?! – бо ҳайронӣ ба рўи писар нигарист падар. – Яъне, ки тамоман озод мешавӣ?

– Ҳа, падар, – тасдиқ намуд писар. – Тамоман озод мешавӣ!

– Озоди озод?

– Бале, озоди озод!

Симои падар хеле ҷиддӣ гардид ва:

– Ҳмм! – гўён ба сукут рафт.

Писар ҳайрону ошуфта ба ў дида дўхт.

Лаҳзае пас падар сар боло карда, ба писараш гуфт:

– Ана, акнун фаҳмидам!

– Фаҳмидед? – писар ҳайрон мешавад. – Чиро фаҳмидед?

Падар лабханде зад ва гуфт:

– Фаҳмидам, ки барои чӣ роҳбарон тарсида, аз “Приватизация” рўй мегардонанд.

Падар ба як нуқтаи номаълум дида дўхт. Сукут байни онҳо парда кашид. Писар дар фикр фурў рафт. Лаҳзае пас падар сукутро шикаста суоли ғайричашмдошт дод:

– Қабристонро ҳам мефурўхта бошанд?

Писар аз ин суол лаҳзае гаранг шуда, ба қиёфаи пурташвиши падар нигарист. Падар боз ба гап даромад:

– Мефурўшанд ё не?

– Ба ростӣ намедонам, падар.

Эҳсоси талхе вуҷудашро фаро гирнифт. Лаҳни оромаш тунд ва каме хашин шуд. Ҳолати бозпурсӣ ба худ гирифт. Бо аҷала пурсид:

– Кай ба гўристон рафта будӣ?

– Кай? – гашта пурсид писар ва буҳтзада шуд. Гиҷ гашт. Эҳсос кард дар ҳалои сарду ваҳмангезе гирифтор шудааст.

– Ба ҳамин наздикиҳо рафта будӣ ё не?

Писар хост аз ҷавоби ин савол сар бипечад. Аммо нигоҳи падарро ҳадди фирефтан надорад. Бо нороҳатӣ ошкоро ҷавоб дод:

– Ба ростӣ, ёд надорам, падар.

Чинҳои пешонаи падар дар ҳам фурў рафтанд, сарашро ба шиддат такон дод ва бо қаҳр гуфт:

– То пеши ҳар касу нокас рафтана ба гўристон мерафтӣ, беҳтар мебуд!?

Писар тоқати шунидани чунин суханонро надошт.

Баногоҳ бобои Нозир асири куҷковии хеш гардид. Кунун наметавонист ором ва қарор бигирад. Мебоист мерафт ва гўристонро медид. Дуову фотиҳа мехонд. Ва якбора нерўи тоза ба даст овард.

– Писарам, бархез!

Писар ки хиҷолат пахшаш карда буд, аз ҷо наҷунбид.

– Бархез! – бо исрор такрор кард падар. – Бархезу тез таҳорат кун.

– Чӣ кунам?

– Таҳорат! – тунд гуфт падар.

– Ӣ-и-и, чаро! Барои чӣ?

– Ба гўристон меравем.

Писар ҳайратзада гуфт:

– Ба гўристон? Ҳамин ҳозир? Магар касе гузашта? Ҷаноза аст?

– То касе нагузарад, намеравӣ?!

– О…

– Шукр, касе нагузаштааст. Зиёрат меравем.

Таъби дили писар набуд ин таклиф. Падар ба чашмони ў дида дўхт.

– Чӣ шах шудаӣ Нодир?! Ту магар ба гўристон рафтан намехоҳӣ?

– Э не-е, албатта, мехоҳам, – падарашро ранҷонидан нахоста, дурўғ гуфт писар. – Чаро нахоҳам? Мехоҳам. Албатта мехоҳам. Ҷон-ҷон гуфта меравам.

– Боракаллоҳ! Офарин, ҷони падар! Дониста бош, писарам. Ва ба гўшат ҳалқа кун. Касе ки набошем, қибат ҷоямон он ҷост. Шоир беҳуда нагуфтааст: «Оқибат манзили мо зери замин хоҳад буд, То қиёмат ҳамаро ҳол ҳамин хоҳад буд».

– Гапатон дуруст, падар, – тарафдорӣ кард писар. – Хок ҳамаи моро ба оғўш мегирад, хоҳ шоҳ бошем, хоҳ гадо. Ба гуфтаи шоир:

        … Баҳром, ки гур мегирифтӣ ҳама умр,

        Бингар, ки чӣ гуна гўр Баҳром гирифт…

– Зиёрати қабристон натанҳо қарз аст, балки таскини дил ҳам ҳаст. Баҳри дил кушода мешавад. Рўҳу ҷони одам меосояд.

– Ҳақ асту рост, падар.

Падар ғайримунтазир савол дод:

– Исто, ки дуо хонда метавонӣ?

– Дуо? Чӣ хел дуо?

Падар аз ин пурсиши писар шояд қадре ба хашм омад, ки якбора даргирифт:

– Дуоро ҳам намедонӣ?!

Писар моту мабҳут шуд ва фавқулъода хиҷолат кашид. Ранги чеҳрааш падарро андаке тарсонд. Дасташро дароз карда, сарашро сила зад ва ҳамдардона гуфт:

– Ғам нахўр, писарам. Ин айби ман. Ман бояд ба ту меомўзондам. Ҳеҷ гап не, меомўзонам. Ба шарте ки ту хоҳиш дошта бошӣ.

– Дорам, падар, дорам. Ба ҳурмати Худо.

 Падар андўҳомез табассум кард, даст ба зонуҳояш ниҳод ва аз ҷо баланд шуд. Писар нороҳат гашт. Дилаш ба падар сўхт. Вале аз дасташ ҳеҷ коре намеомад. Оҷиз буд дар назди меъмори вақт.

*      *      *

Ҳар ду аз хона берун омаданд.

Офтоб ҷониби уфуқ ғуруб менамуд.

Чун лола суп-сурх шуда буд рўяш.

Хона рўшан мекард.

Роҳи деҳа хилвату андўҳгин буд, шона ба шонаи ҳам хомўшона роҳ мерафтанд. Писар бузургии падарро эҳсос мекард ва дилаш рўшан мегашт. Ба худ иқрор мешуд, ки падар қуввати дилу ҷони ўст. Ва оташи ғурур дар дилаш забона мезанад. Бо сари баланд, далерона роҳ мепаймуд. Чун чашмдард Тағойи майзада аз рў ба рўяшон баромад. Чун ҳамеша ширакайф, калавида-калавида суруд мехонд:

– Мастум, мастуме, кавги мастуме!..

Гашташон якбора суст шуд. Роҳ яктост, роҳи дигар нест.

Наздик мешуд майзада.

Наздик… наздик… наздик…

Либосҳояш олудаи чангу хок. Маълум, ки афтида хеле лутидааст.

– Во-о-ҳ!

Бобои Нозир ба чеҳраи ў бо нафрат нигариста хост гузашта равад. Охир, аз маст девона гурехтааст. Аммо Тағой:

– Салом! – гўён пеши роҳи мўйсафедро гирифт ва ў ба истодан маҷбур шуд.

– Салом! – ҷавоб дод пирамард ва шубҳаомез ба Тағой нигоҳ кард.

Аз ў бўи шароб меомад.

– Ту маро нашинохтӣ, бобои Нозир?

Бобои Нозир бо чашмҳои кунҷкови худ ба чеҳраи Тағой истеҳзоомез нигарист ва андаке бадҷаҳлона пурсид:

– Ту кистӣ?

Даҳони Тағой аз ҳайрат боз шуд.

– Во-о-ҳ!.. Ман?.. Ман мурғ! Мурғи озод. Чи хеле ки хоҳам, зиндагӣ мекунам. Ба куҷое ки хоҳам, мепарам. Ба ҳеҷ кас ҳисобот намедиҳам…

Бобои Нозир миёни ҳарфаш давид:

– Кофист, бас аст! Бипар, ки роҳи мо дигар аст!

Тағой ба рўи бобои Нозир дурудароз ва синчакорона нигарист.

– Бобои Нозир, ту дар бораи ман чӣ фикр дорӣ? – канда-канда пурсид Тағой.

Нодир лаб кушода натавонист, дар изтироб буд. Боз ҳарос дошт, ки падарро наранҷонад. Падар бар асари нафрат лаб ба сухан накушод. Тағой худаш гап сар кард:

– Бобои Нозир! Муборак шавад!

– Чӣ?

– «Чӣ?» не, «Кӣ?»

– Кӣ?

– Меҳмон… Меҳмон атои Худо… Зиёфат мешавад-а?.. Бо арақаш!.. Ара-а-қ!.. Фаҳмидед бобои Нозир! Бе арақ зиёфат қабул нест…

Бобои Нозир якбора дар ҳоле, ки манаҳаш аз хашм ба ларза омада буд, ҷониби Тағой дод зад:

– Ҳо-о-й, майзада! Ту фақат арақро хоб мебинӣ?! Кадом меҳмон? Канӣ меҳмон?

– Во-о-ҳ!.. Ӣ-и-и… Ана… дар баратон-ку… Меҳмони зебо… Шаҳрӣ…

– Ҳо-о-й, хаёлпараст! Ин йигит меҳмон нест, писарам, Нодир аст.

– Во-о-ҳ! Нодир? Нахо-о-од? Туф-туф! Чашми бад нарасад! Ҳой, Нодир! Оё медонӣ ки имрўз чӣ рўз аст? Намедонӣ! Имрўз рўзи муқаддас аст. Барои он ки рўзи таваллуди ман аст? Мефаҳмӣ? Зодрўз дорам! Зодрў-ў-з!..

Бобои Нозир бо нафрат гуфт:

– Ту ҳар рўз зодрўз дорӣ!

– И-иии… Чӣ бадӣ дорад? Бо ин баҳона хурсандӣ мекунем… Кам-кам менўшем… Зиёд не, садта-садта… Менўшем! Ман зиёфат медиҳам… Менўшӣ, Нодир? Бо ман менўшӣ-а?

– Не, тамоман наменўшад, – ба ҷои ў ҷавоб дод падар. – То ҳол ба даҳон нагирифтааст.

– Нахо-о-од? Ҳаааа… ў одами бало… пул меғундорад… Пул меғундорам, гўй?

– Не-е, ҳаргиз! Ба пул он қадар майл надорам.

– Меғундорӣ. Медонам. Ҳаааа…

– Охир, пул барои ғундоштан нест.

– Ман ҳам ғун намедорам. Як рўз Назари Кўр маро таъна зад: «Агар арақ наменўшидӣ соҳиби мошин мешудӣ». Пурсидам: «Ту арақ менўшӣ?» Ҷавоб дод: «Не». «Мошин дорӣ?» «Не». Ҳа-ҳа-ҳа… Ҳу-ҳу-ҳу…

– Хуш бош. То дидана.

– Не, исто, бобои Нозир. Ту маро мефаҳмӣ. Ман гум кардам

Абрўвони бобои Нозир гиреҳ баст.

– Медонам. Кайҳо гум кардӣ.

– Не, навакак пуламро гум кардам. Худо занад, ки рост мегўям, – чашмонаш дурахши аҷибе гирифта, бо тантана хитоб кард:

– Бобои Нозир, ту зўрӣ! Ба Худо рост мегўям… Ҳама аз ту қади ҷон метарсанд… Дурўғ гўям кар шавам, кўр шавам, гунг шавам, шал шавам… Ту аз хирс ҳам зўртарӣ… Ба ҳурмати Худо рост мегўям… Биё, ба хонаи ман меравем…

Бобои Нозир зўракӣ табассум кард.

– Ба хонаи ту? Меравам, албатта. Фақат имрўз не. Дафъи дигар. Интизор бош. Худо хоҳад, меравам. Ту розӣ?

– Не, розӣ не. Ҳозир меравӣ! Шоҳид мешавӣ. Ба занам мегўӣ ки ман пулҳоямро гум кардам, – боисрор талаб кард Тағой.

Аз хоҳиши аблаҳонаи Тағой дили бобои Нозир ба танг омад, боизтироб тапид. Ва ў, мисли ин ки бо садои баланд қазоват мекарда бошад, гуфт:

– Ту пул не, номусатро гум кардӣ!

– Во-о-ҳ!

Тағой таконе хўрду калавид. Ва даҳонаш боз аз ҳайрат боз шуд.

– Бобои Нозир?!

– Чӣ мехоҳӣ?

– Ту одамӣ, одам… Иҷозат деҳ, туро бибўсам…

Тағой қадаме пеш гузошта, дастони ларзонашро ба ду тараф кушода хост ўро ба оғўш кашад. Дар бўи даҳонаш тоқат карда намешуд. Аз баданаш бўи ғализу нофораме ба димоғи бобои Нозир расид. Дилаш беҳузур шуд.

– Уф-ф! – гўён як қадам қафо монд. – Нарас, таҳоратам мешиканад.

– Во-о-ҳ! Ба масҷид меравӣ?

– Не, ба гўристон.

Ҳанги Тағой канд. Дубора даҳонаш аз ҳайрат боз шуд. Пас мисли саги аз об баромада сарашро такон дода ба ў нигарист.

– Во-о-ҳ! Гўристон? Не, не, ман ба гўристон намеравам. Ман аз гўристон метарсам. Мефаҳмӣ? Метарсам! Мефаҳмӣ! Не, не, намефаҳмӣ! Ман аз гўристон метарсам. Медонӣ, чаро? Намедонӣ?

– Эъ… – даст афшонд ў ва ба падару писар таъзим карда, зуд аз онҳо дур шуд.

Бобои Нозир оҳи вазнине кашид. Сипас ба фикр фурў рафт, гўё аз худаш мепурсида бошад, аммо андешаҳояшро ба забон овард:

– Кай аз дасти ин бадмастон халос мешавем?

– Ба хаёлатон, ман фолбинаму пешгўӣ карда метавонам? – гуфт Нодир ва ногаҳон хандид. – Лекин хуб бобаш кардед, падар.

Падар ҳайратомез ба ў нигарист ва ғур-ғур кард:

– Ин гапҳоро мону чашми дил кушо, ибрат гир. Дар Ҳадиси Расули Худо омада: «Хушбахт он аст, ки аз саргузашти дигарон панд бигирад», – ва бо овози ҳузнангез дунболи суханашро гирифт: – Дидӣ? Не, дидӣ? Боз маро коҳиш мекунӣ. Пеш дар деҳа ягон майзада буд? Не! Набуд! Ҳатто май наменўшиданд. Имрўз чӣ? Панҷ майзада! Оё медонӣ, кӣ онҳоро майзада кард?

– Медонам…

– Балора намедонӣ. Агар медонистӣ, пеши Назари Пес намерафтӣ. Акнун бигў.

– Чиро, падар?

– Чӣ хел чиро? О, медонам гуфтӣ-ку?

– Ҳа, Назари Пес.

– Бале, ў буд, ки ҳудуди ҳалолу ҳаромро шикаст.

*      *      *

Дарвозаи қабристонро қулф дида, лаҳзае моту мабҳут монданд. Қулфи калон ва сип-сиёҳи дарвоза ба дидаи кас фишор меовард. Ва ба дил ғаму андўҳ ҷо мекард.

Падару писар ҳайрон ба гирду атроф нигаристанд. Дар атроф сукути амиқе доман густурда буд.

– Худоё, хобам ё бедор!

– Наход?!

Падар як қад парида, ба писараш нигарист.

– Чӣ «наход»?

Писар хеле ҷиддӣ гуфт:

– Гўристон шахсӣ шуда.

Падар бо ҳаяҷон, бо аҷала гуфт:

– Кай? Чӣ хел? Кӣ?

Писар бо ҳамон лаҳни ҷиддӣ ҷавоб дод:

– Ҳатман лозим аст, бидонед?

Падар бо ҳамон ҳаяҷон, ки наметавонист, пинҳон кунад, бо ҳамон ҳолати тунду аҷулона гуфт:

– Бале… бале… Хеле лозим аст… Охир хокдони мост… Бобою бибӣ ва падару модаронамон ин ҷо хок шуда… Ҷои муқаддас аст…

– Охир, хеле аҷиб аст!

– Аҷиб?!

– Бале, аҷиб ва шояд ҳам ғайримантиқӣ… аммо бо ду чашми сар мебинам, хуб ҳақиқат дорад…

– Хуб, бигў… бигў… чӣ тур шуда?

Писар бо садое, ки ҷиддият ва қотеъияти он ҷои ҳеҷ гунна шак ва шубҳае боқӣ намегузошт, гуфт:

– Дар хобам дидам, ки онро фурўхтанд.

Падар сарашро бошиддат такон дод ва гуфт:

– Чӣ гуфтӣ?

Писар бо ҳамон лаҳни қаблӣ гуфт:

– Гуфтам, ки дар хоб дидам.

– Не!.. Ҳа!.. Бале!.. Чунин амалро танҳо дар хоб дидан мумкин аст! Дар ҳушёрӣ ақлнопазир аст!

Писар хиҷолатмандона китф дарҳам кашид.

– Хоб… Пас дурўғ! Дурўғ!

– Кошкӣ, – гуфт писар ва аз замин сангеро бардошт.

– Чӣ кор мекунӣ?

– Қулфро мешиканам.

Аз ҳаяҷони зиёд дами падар ба дарун ғалтид. Писар хост санг бар қулф бизанад, падар нагузошт.

– Исто!.. Сабр кун… сабр кун. Ту девона шудаӣ! Ин номаъқулиро накун.

– Мекунам.

– Ба гапи одам гўш кун!

Писар сангро оҳиста ба замин гузошт. Дили пирамард пур аз ғаму андўҳ гашт. Ҳаросзада, ҳаяҷонзада, шитобзада ва нороҳат ба чор сў хуб нигарист. Зери лаб худ ба худ гап зад:

– Бўи каҳдуди сўзон мерасад ба димоғам.

Нодир саросема ба ҳар тараф нигарист. Нишони сўхтор ҷўст, аммо аз ҳарфҳои падар маънӣ набардошт. Ва ў фарёд кард:

– Ҳо-ҳо-ҳо-о-ой!

Аспи сафеди гусастаёл, ки дар гуристон баста буданд, бетоқат шуда, ғазабнок ба хок сум зад. Гуниҷишкҳои гурусна аз пеши пои ў парвоз карданд. Айён буд, ки асп маст аст. Аспи маст нооромӣ мекард, по мекўфт, гардан мезад.

Аз дурдаст садои зўзаи саг омад. Сардие ба таги пўсти бобои Нозир давид. Давиду давид ва рафту дар дилаш ҷо гирифт. Ва рагҳои дилаш таранг шуд.

– Чаро? Чаро? Худоё!

Дар овози падар хастагӣ эҳсос мешавад. Нигоҳаш ба дури дур, болои боло дўхта шуд, гўё он ҷо чизеро медида бошад, аммо дар уфуқ ба ҷуз охирин мавҷи нур ҳеҷ чиз ба назар намерасид.

То даме, ки бобои Нозир дасту по гум карда, ба атроф чашм медўхт, ба наздаш ким-чӣ хел як одами ранги рўяш кандагӣ пайдо шуд. Чашмони ў аз саросемагӣ медурахшиданд. Марди ношинос бо овози ғафсаш хусуматомезу дағалона дўғ зад:

– Кистед? Аз куҷо омадед? Чӣ мехоҳед?

Ў бо забони тоҷикӣ гап зад, аммо аз лаҳнаш маълум буд, тоҷик нест. Бобои Нозир ба ҷои ҷавоб савол дод:

– Калиди дарвоза дар дасти кӣ бошад?

Дар қаъри чашмони мард оташаки шавқу завқ фурўзон шуд. Ва мушт ба сина заду гуфт:

– Дар дасти ман!

– Наход? – бобои Нозир саъй кард, то ки табассум намояд. – Набошад кушоед.

Мард дуди ғализи сигорро фавворазанон гуфт:

– Хестед, ки хобед! Мумкин не. Бе иҷозати раис намекушоям.

Бобои Нозир ба гўшҳои худаш бовар намекард. Дилаш сахт ба таппиш даромад.

– Раис? Чӣ хел раис? Кадом раис?

Мард бо овози баланд тамасхуромез хандид.

– Чӣ хел кадом раис?

Бобои Нозир вазнин-вазнин нафас мегирифт.

– Охир, ҳоло чӣ бисёр раис…

– Чӣ, чӣ гуфтед?! – садо баланд кард мард ва ба сари онҳо дод зад: – Барои ин таҳқир ҷавоб медиҳед!

Аз муомилаи сарди мард гўё қаҳри шамол омад, ки ба вазидан оғозид. Чор тарафро ба шўр овард, хасу хошокро ба ҳаво хезонд. Нафаси шамол сард буд. Аз он бўи барф меомад.

Бобои Нозир дар назди ин мард оҷизу нотавон будани худро бо талхӣ эҳсос кард. Аз ў нигоҳ канду буҳтзада ба гўристон нигарист. Гўристон чунон хароб, чунон ғариб буд, ки эҳсоси ҳузну изтироб дар дилаш ба ҳаяҷони аҷибу ғариб мубаддал шуд ва андомаш ба ларза афтод.

Шамол пурзўртар мегашту ғуввас мезад.

Аллоҳу акбар…

Ашҳаду анло илоҳа илаллоҳ…

Бори нахуст бобои Нозир намози шомро қазо кард.

Рўз дар коми шаби торик фурў рафт.

[1] Аз Файзи Ашўр

[2] Приватизация – хусусигардонї

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …