Главная / Гуногун / Мазори номус

Мазори номус

Шаб набуд, рўз буд!

Не, не, рўзи рўз ҳам набуд!

Сиёҳӣ ба сефедӣ мезад, сафедӣ ба сиёҳӣ!

Лекин аниқ як сукунате ҳукм меронд!

Бале, сукунати асроромези субҳгоҳонии шаҳр!

Онро бонги муаззин шикаст!

Ва азони субҳҳангом дар гўши хилваташ фурў рехт!

“Аллоҳу акбар!..

Аллоҳу акбар!..”

Азони субҳҳангом ибодатпешагонро ба намоз мехонд. Аммо он ба гўши Гулноз чун зангулаи бахт мерасид!

Оҳ, бахт, бахт!

Чӣ қимату бузург аст он!

Ва дарёфташ чӣ гарону сангин!

Аммо – сад афсўсу дареғ! – сўхтанаш чӣ осон!

Бале, бахт сўхт, сўхт!

Онро мард сўзонд. Мард номардӣ кард. Мақоли: “Барои як кайк пўстинро намесўзанд”-ро бо як нўл зад.

Ва он як рўзи доғи тобистон ба вуқўъ омад.

Айни ғуруби офтоб занг зад Гултоз. Мулоқоти имрўзаро таъин намуда, асроромез нидо зад:

– Давраш расида!

Бо каме ҳайронӣ ва нозу нуз пурсид:

– Даври чӣ?

Гултоз паст-паст хандид:

– Биё, мефаҳмӣ.

“Шояд масъалаи тўйро мегўяд” – барқосо аз дил гузаронд Гулноз.

– Хайр, то пагоҳ! Аллоҳу акбар!..

– Гултоз! Гултоз! – сари Гулноз гўё шароб хўрдааст, чарх мезад. – Ман туро дўст медорам!

Гуд-гуд…

Гуд-гуд…

Гуд-гуд…

Гуд-гуд…

Ба ин “гуд-гуд”-ҳо чун ба навои дилписанд то дергоҳ гўш фаро дод. Ва шаби дароз ҳам онҳо чун навои сурнаю таблаки тўй дар гўшҳояш садо доданд.

Субҳ чун тир аз хона бадар шуду дар зинапоя бо касе дакка хўрд.

– Оҳ! – қариб фарёд зад Гулноз.

Ва сарашро боло карда, пиразани ҳамсояро дид. Вай норозиёна ба ў менигарист. Гулноз фурсат надошт. Аз ин рў чизе нагуфта, тозон берун баромад. Ва бо дугонааш Анора рў ба рў зад.

– Ҳа, Гулноз, сафарҳо ба хайр?! – оҳанги сухани Анора тамасхур дошт.

Сир бой надода, хоҳам-нохоҳам љавоби дурўғ медиҳад:

– Як шаҳра тамошо кунам.

– Ҳм-м! – завқ мебарад Анора. – О, ту шаҳра чӣ тамошо мекунӣ?

– Чӣ бовар намекунӣ? – абрў гиреҳ зад Гулноз. – Агар дурўғ гўям, Худо бандаам нагирад!

– Не-е, бовар мекунам, – нафаси чуқур гирифт Анора. – Охир, шаҳр бояд туро тамошо кунад!

Аз шодӣ дар курта нағунљида, болу пар баровард.

Осмон софи нилобӣ буду шамс бар мўҳои тиллоранги худ шона мезад.

Оҳ, чӣ сон болу пар бароварда, ба назди ҳайкали Ленин омад!

Замона ҳамдами дарду бало гашту сари ҳама ҳайкалҳои Ленинро хўрд. Ҳамин як ҳайкал аз дасти демократҳо эмин монд. Ва гўиё ба қавли шоир:

“Зи қаъри хок боло қад кашида,

Бигўӣ, то фалак қомат кашида.

Бузургу пиру барнои замона,

Ба зоти хеш дар дунё ягона”.

Гулноз гўиё ба ҳайкал гузориш дод:

– Салом Ленин! Имрўз ту шоҳиди воқеаи бузурги таърихӣ хоҳӣ шуд!

Ба ў чунин намуд, ки Ленин басо шод шуду нидо кард:

– Ба пеш! Ба сўӣ ояндаи дурахшон!

Ва Гулноз хурсандона нидо намуд:

– Бале, ояндаи мо дурахшон аст!

Аммо аз бахшояндаи ин ояндаи дурахшон ҳамоно дарак набуд.

– Як сў ист, ойимча!

Аз ин садо як қад парида, худро канор гирифт. Аз назди ў бист-сӣ нафар занони гуногунсинусол дар даст белу хоркашу дост гузаштанд. Аз паси онҳо чун подабон марди лумбе мерафт. Дар чеҳраи ў табассум шукуфт. Ва хушҳолона салом дод.

Табассум аз чеҳраи Гулноз парид.

– Ин љо чӣ кор мекунӣ?

Теғи нигоҳашро ба рўи ў дўхта, абрў чин карду бо зарда:

– Кор дорам, – гуфт.

– Кор дорӣ? Наход? Чӣ кор?

Ба сараш дод зад:

– Кори ту чӣ!

– Ҳай-ҳай, дағалӣ пешаи шайтон аст!

Гулноз дигар суханро ба ў ҳайф донист. Аммо вай шилқиниашро идома дод.

– Ҳа-а, касеро интизорӣ-а?

“Кошкӣ забоната ғунда мегазид!” – гуфт дар дил ва бо ғазабу нафрат нидо зад:

– Туро не!

Бо заҳрхандаи ошкоро гуфт:

– Афсўс!.. Афсўс!.. Беҳуда интизор мешавӣ.

Чеҳра турш намуда, бо кароҳат дастак зад:

– Рав ба роҳат-е!

– Беҳуда интизор мешавӣ, – боз такрор кард мард. – Љавонони имрўза чун депутатҳо ваъдаи бебаркаш медиҳанду вафояшро фаромўш мекунанд. Беҳтараш бо ман биё!

– Ин қадар чаққа шудӣ! – ба ғазаб омад Гулноз. – Рав ба роҳат! Рав – рав!

– Ман-ку, меравам, ту пушаймон мешавӣ!

Аз мард рўй тофта, бо кароҳат нидо намуд:

– Подабон!

 

2

 

Рўз буд, рўзи рўшан!

Нишот хайма бар дили ў зада! Дунё дар чашмаш нуристону гулистон! Ишқ дар қалбаш дар ғалаён! Ба ғайр аз эҳсоси муҳаббат дигар ҳељ чизро дарк кардан намехост. Ҳама вуљуди ў ба чашм табдил ёфта, ба роҳи дилдода равон гашта. Имрўз пероҳани сап-сафед ба бар, худро махсус зебу оро дода. Ва ҳар дам оиначаашро бароварда, худро медид ва ба рўяш сурхию сафедӣ мемолид. Аз хурсандӣ дар худ намеғунљид, дилаш лабрези ҳавасу орзу.

– Худоё, имрўз чӣ бахте маро насиб гаштааст!

Беқарорӣ ўро мебўиду мебўсид!

Бесабрӣ ўро мебўиду мебўсид!

Дилаш чун рўди кўҳӣ дар талотум!

Кабўтари ҳавас дар осмони орзуҳо болу пар мезад…

Садои сурнаю таблак ўро ба худ овард. Дид, ки арўсу домод дар иҳотаи хешу табор ва ёру дўстон сўи ҳайкали Исмоили Сомонӣ мераванд.

Як дил кард, ки рафта тамошо кунад.

Охир, ў ҳам ана мана нагуфта, арўс мешавад!

Зуд аз раъяш гашт. Гултоз ояду ўро наёбад, ба љон хафа мешавад. Табъаш басо нозук, зудранљ.

Ду дида ба арўсу шаҳ парасту шуду парвоз кард…

Гунљишкаке пар-пар зада, дона мељуст.

Ду мусича нўл ба нўл пар-пар мезаданд.

Гулноз чатре ба сар аз сояи Ленин дар болу пари хаёл пар-пар мезад.

Дақиқаҳо паи ҳам сипарӣ мегаштанд.

Аммо ошиқ нест пайдо!

Замину осмону хуршед гулбез!

Аммо ошиқ нест пайдо!

Зи сар то ба по, љисму љонаш ғарки ишқ!

Аммо ошиқ нест пайдо!

Офтоб баландтар мешуд ва бештар нурҳои сўзон мерехт.

Савдозадаи ишқ чашм ба роҳ.

Интизор…

Интизор…

Интизор…

Интизор…

Кабутари умед дар парвоз!

Аммо ошиқ нест пайдо!

Ҳама ёду ақлу ҳушаш ба хаёли ў!

Интизор…

Интизор…

Интизор…

Интизор…

Дили зору чашми роҳаш нафасе қарор надошт. Чу садои пой меомад, дилаш аз ҳавас гум мезаду меларзид.

Ин ду мисра ифшогари ҳолаш:

Баски дар љони фигору чашми бедорам тўӣ,

Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам тўӣ.

Аммо ошиқ нест пайдо!

Баногоҳ дар дили ў суолаке сар кашид: “Соат чанд шуда бошад?” Худо ба имдодаш љавонеро фиристод.

Љавон ханда зада, нидо намуд:

– Ман хушбахтам!

– Нафаҳмидам.

– Ҳой лоларў! Одами хушбахт соат намебандад!

Якбора ёдаш барқ зад.

“Худоё! Ба суоли: “Чаро соат намебандӣ?” – Гултоз айнан ҳамин хел посух дода буд”.

Оре, ту ҳақӣ!

Барои одами хушбахт вақту фазо вуљуд надорад!

Аммо айни замон барои ў вақту фазо тангӣ мекард.

Офтоб ба қиём меомад. Замину замон ҳамвора метасфид.

Ў заҳри интизорӣ мечашид.

Оҳ, интизорӣ, интизорӣ!

Акнун фаҳмид, ки интизорӣ бадтар аз марг будааст.

Бале, бадтар аз марг!

Аз миён тақрибан боз як соат гузашт.

Аммо ў аз домани умед даст барнамекашид.

Бегап, беҳарф, ду дидаи умед ба роҳ, нигарони омадани ў. Дилаш аз ҳаяљон бозӣ мекард ва офтоб сару рўи ўро месўзонд.

Ҳаво гарм буд, беҳад гарм. Аз гармӣ нафаси кас мегирифт. Ҳама худро ба соя мезаданд. Танҳо Гулноз парвои гармо надошт.

Интизор буд ў…

– Тез гард, ки љигарам сўхт аз гармо! – гуфт духтаре ба љавони ҳамроҳаш.

«Э бетоқатҳо!» – дар дил ба онҳо таъна зад Гулноз.

Аслан љигари ў ҳам месўхт. Вале тоқат мекард. Чашм ба роҳ буд. Вале аз дилдодааш ҳамоно дарак набуд.

Гўшҳояш љеғ мезананд, дигар ин тавр интизор буда наметавонад. Аммо чӣ илољу чӣ чора љустанашро намедонист.

Гулнозро кўки чашм дар роҳи дилдода канд. Вале дилдода пайдо нагашт.

– Чӣ бало шуд-а, барои чӣ даракаш нест? Ягон бор ин хел дер намемонд-ку? – мегуфт худ ба худ Гулноз.

Ниҳоят ба ташвиш афтод. Ўро изтиробу ҳаяљон фаро гирифт. Осоишро аз даст дод. Пешу қафо қадам мезад, дар баҳри хаёлот шино менамуд.

«Оҳ, Худоё!.. О, чаро намеояд? Наход наояд? Ё ки фаромўш кард? Не, не, наход аз ин вохўрӣ кори заруртаре ҳам дошта бошад?! Не! Не! Меояд! Ҳатман меояд! Бояд биёяд!»

Ногаҳон дар сараш андешаи тоза давид. Тарсу ҳарос фарояш гирифт. Изтиробу ҳаяљон ба тарсу ҳарос олуда гашт.

“Не, не, не!” – гўён, тарсу ҳаросро ронд.

Аммо дилаш туғёносо ба тапиш даромад.

 

3

 

Рўз ба ним мерасид.

Сояҳо кўтоҳ мешуданд.

Сояи Ленин аз сари ў кайҳо рафта буд.

Ў сари сўзан меистод.

Аз Гултоз дараке набуд.

Ба дилаш боз оташ афтод.

– Наход ки наояд?! Наход… Наход…

Аз нигоҳи Ленин тарс мешукуфт.

Офтоб тарс мерехт.

Аз сояҳо тарс мерўид.

Боди сарди навмедӣ вазида, чашми умедашро кўр карданӣ мешуд. Аммо ў тан надода, худро тасаллӣ медод:

– Не, не, меояд! Бале, вай меояд, ҳатман меояд! Охир, вай худаш ин вохўриро хоҳиш кард-ку?!

Аммо ошиқ ҳељ не, ки пайдо шавад!

Хеле дилтанг шуда, оҳ мекашид, вале боз ҳам сабру тоқат зоҳир менамуд.

“Аллоҳу акбар!..

Аллоҳу акбар!..”

Азони пешинҳангом!

Пешинҳангоми шаҳри пурғавғо!

Аммо ба гўши Гулноз чу дуои хайрбод расид!

Аз изтиробу ҳаяљон сари калобааш гум гашта, худро даст гирифта наметавонист.

Офтоб бедареғ нур мерехт.

Нигоҳи изтироболуди Гулноз ба ҳайкали Ленин андармон шуд. Гўиё мепурсид: “Канӣ ояндаи дурахшон?”

Дили Гулноз сахт метапад.

Атроф ба таври ғайриоддӣ хомўш шуд. Аммо он дер напоид. Лаҳзае пас дар рў ба рўи ҳайкал зану баччае пайдо гашт. Зан ба бачча амр кард:

– Туф кун!

Ба амри зан сар нафуровард. Зан хашм гирифту дод зад:

– Туф кун, мегўям!

Бачча якравона рад кард:

– Намекунам!

– Мекунӣ! – бо қатъият гуфт зан.

Гулноз музтар меистод.

– Намекунам! – овозашро баланд карда, нотарсона дод зад бачча.

– Мекунӣ! – дод зад зан.

– Охир, вай одам аст, – дар худ печид бачча.

– Одам нест! – дағалона дод зад зан.

Аҳволи бачча чунон бад шуд, ки ба гиря оғозид.

– Бар падарат лаънат! – дод зад зан ва худ ба ҳайкал туф карду баччаро кашолакунон роҳӣ шуд.

Сари Гулноз ғуввас мезад. Ба назараш чунин менамуд, ки гўё ба љарие афтида истода бошад.

Атрофро чунон хомўшие пахш кард, ки мазорро мемонд.

Сипас бозор гашт. Мактаббачаҳо бо шўру мағал ба пояи ҳайкал гул гузоштанд. Баъд бо эҳтиром сар хам карда, чанде хомўш истоданд.

“Подабон” баргашт.

– Ўҳу-у-у! Ҳоло ҳам интизорӣ? Эъ, ў намеояд!

Гулноз дар шигифт монда, беихтиёр пурсид:

– Чаро?!

– Охир, кӣ дар назди ҳайкали ноқис мулоқот таъин мекунад?!

– Ноқис? – бо ҳайронӣ пурсид Гулноз. – Чӣ хел ноқис?

– Намедонӣ? Э, наврўидҳо-е! Ин ҳайкал аз аввал ноқис сохта шудагӣ. Бингар. Аввалан бо дасти чап “Ба пеш!” – мегўяд. Сониян кулоҳаш дар сараш нею дар дасташ.

– Хайр чӣ?

– Хайр чӣ, хайр чӣ?! Русҳо вақти мурдани касе кулоҳашонро ба даст мегиранд. Фаҳмидӣ?! Э, наврўидҳо-е! Ана, ҳамин ноқисиҳо ин ҳайкалро наљот дод.

Чизе бехи гўшаш патарос зад. Такон хўрду дилаш таҳ нишаст. Дид, ки майнае.

– Ўҳ, шумрў-е!

Ҳа, майнае. Аммо чун зоғ. Сип-сиёҳ. Ва боз чун дили ў. Гўиё майна аз дили ў бадар рафт. Ва ба сари ҳайкал нишаст.

Гўиё дар сари ҳайкали сиёҳ захме баромад.

Ва ў ба майнаи сип-сиёҳ менигарад. Гўиё наметавонад нигоҳ накунад.

Шах асту карахт ва ду чашм ба майна.

Майна гўиё чун уқобе ба садр нишаста.

Зи шодӣ садо мезаду садо.

Як садое гўшхарошу нофаҳмо.

Бо ғуруре як ба чап менигарад, як ба рост, дум мебардорад ва наљосат сар медиҳад.

Ба дили Гулноз як рўшание ворид мегардад. Табассум мекунад ва мазза мебарад. Майна парида меравад. Садои болҳояш то чанде дар гўшаш мемонад. Баъд ба ў чунин менамояд, ки Ленин қавоқ андохта, нидо намуд:

– Бирав! Гум шав!

Ноумедӣ ҳамчу абри тира осмони қалбашро пўшонд.

Рафта-рафта ба хулосае омад. Ва худ ба худ бо таассуфу андўҳзада зери лаб пичиррос зад:

– Не, намеояд.

Шамол як вазиду дарҳол сокит шуд.

Бо тамом сабру тоқат аз даст дода, умедашро гўр кард. Ва бо афсўсу оҳу воҳ гуфт:

– Тамом, бас аст, бас…

Рўй ба Ленин овард:

– Ту шоҳид, ин мазорро худам сохтам!

 

4

 

Рўй ба роҳ овард.

Як сар дошту сад савол!

Ҳар савол бо “Барои чӣ” – оғоз меёфт!

Сад савол ўро азоб медод!

Чун арўси шаҳгумкарда дар кўчаи калон қадам мезад. Ба ҳар як чиз бо тааљљуб ва маъюсона менигарист, гўиё дигар ҳељ гоҳ Гултозро нахоҳад дид.

Ягон заррае ҳам насимаке намевазад.

Ягон барги дарахт намељунбад. Дар осмон ягон пора абр ҳам наметобад.

Офтоби саратон баланд баромада, бетамаъу бедареғ нур мерехт.

Дунё ҳама нуристону гулистон.

Аммо зеҳну дилу дидаи ў тира.

Дилаш танг мегашту танг.

– Оҳ, ин чӣ гап?!

Овоз аз банди дилаш љаст.

Ва пасон хоҳише рў зад, ки Гултозро биљўяд.

Аммо…

Ба ёдаш омад, ки на телефонашро медонаду на суроғаашро. Охир, худаш напурсида буд. Магар метавонист ба ў шубҳа кунад? Не, ин фикр ҳатто ба сараш ҳам наомада буд.

Аӣаб, ин чӣ ҳол аст?!

Мехост назди касе бираваду ҳасрати дилашро бигўяд.

Аммо…

Ба ёдаш омад, ки ягон каси ба дил наздик ҳам надорад.

Акнун мехост ба љое биравад. Берун аз ин олами бераҳму пуршўр.

Гарм буд ҳаво, беҳад гарм. Чун танўри тафсон. Офтоб болои сар рост истода, гўиё тамоми нурҳои сўзонашро ба сари ў мепошид. Дар як дам ташна монда, вуљудаш гўё бирён мешуд. Ҳалқаш хушк, забонаш гўё ба комаш часпида.

Як лолаи саҳрои зодаи дардро мемонд дар ин шаҳри пурғавғо. Ғамгину мутаассир, бо андешаҳои бесару нўг қадам мезад. Нигоҳаш беқарор. Аз як кас ба каси дигар медавид. Чизеро мељўяд. Чиро? Не, киро! Гултозро!

Ин дам буд, ки касе садо зад:

– Биё шин, духтари хола!

Якбора рўяш, дилаш сўи садо гашт. Сар то ба по чашм шуд.

Гултоз аст?!..

Овозаш, симояш ба ў монанд, вале ў нест…

Э, не! Не, не! Ў нест!..

Гулноз бо нигоҳи пажмурда ба ў менигарад. Нигоҳи ронанда бошад пур аз шавқу завқ буд.

– Э, нашинохтӣ?

– Ту кистӣ?

– Гултоз!

– Чӣ-ӣ?! Ту мастӣ ё девона!

– Ё ҳарду! – қоҳ-қоҳ механдад. – Биё, шин, ман андўҳи туро гум мекунам.

– Наметавонӣ! – сўяш чашм ало мекунад.

– Метавонам!

Оҳи дардноке кашид ва бо қаҳр гуфт:

– Э, гум шав-е!

Љавон бо қаҳр се-чор бор баланд газ медиҳад. Дуди мошин фағона мезанад. Бўйи тез ба димоғаш зада, сараш аз бўйи манфур лаҳзае гаранг мешавад.

Лаҳзае пас боз љавоне ўро садо мекунад:

– Ҳо духтар!

Як қад парида, сўи ў мегардад:

– Чӣ мегӣ?

– Биё брем…

– Чӣ-ӣ?! – абрў гиреҳ зада, бо кароҳат гуфт: – Э, гум шав-е, шумрўи фисин!

Љавон худро гум карда, лолу гиљ монд.

– Чӣ барзагов барин менигарӣ?!

Мошини зебои хориљие бо шаст мегузарад. Ва оби чиркинро ба сару рўи ў пош медиҳад. Як қад парида:

– Лаънатӣ! – гўён, дашном медиҳад ва сару рўяшро тоза мекунад. Аммо дар пероҳани сафедаш доғҳои сиёҳ боқӣ монданд.

Худро чун дар дами танўр ҳис мекард ва оҳи пурсўз мекашид. Гўиё замин ҳам ҳамроҳи ў оҳи пурсўз мекашид.

Ҳавои гарми олудаи бўйи муму бензин димоғашро месўзонд, дилро беҳузур мекард.

Боз мошине истоду ронанда нидо зад:

– Биё шин, духтари хола!

Бо нафрат рўй тофт. Ва чашмаш ба мағозаи рў ба рў афтод. Дар болои он лавҳае овезон буд: “Мағозаи бахт”.

Гирдоби андеша ўро ба комаш кашид.

Андешаҳои ранљовар.

Азобаш зиёд гашт.

Аљаб, ин чӣ ҳол аст?!

Як сар дошту сад хаёл!

Сад хаёл ўро азоб медод!

 

5

 

Боз рўй ба роҳ овард.

Хуршед тори сараш чун чатр. Соя надошт, нур дошт. Нури сўзон. Чун рўғани доғ чак-чак мечакид.

Нахуст пояш сипас ёдаш сўи мазори номус бирафт. Ва беихтиёр бо овози шунаво гуфт:

– Мазори номус.

Дарун-дарун месўхт.

Хотираҳояш машъалвор аланга мезаданд.

Ёд дорӣ?

Магар вай фаромўш карда метавонад?!

Намози шом занг зад Гултоз. Ва бо овози маҳину дилнавоз пурсид:

– Шабоҳанг мехоҳӣ?

Бидуни таваққуф нидо намуд:

– Мехоҳам!

Боди шабгири диловез бо нармӣ ба гесўяш шона мезад. Садои паррандагони нолашаб, чир-чири ҳашарот ва шилдирроси об марғуб ба гўш мерасид. Ва дар дил ҳиссиёти гувороеро бедор мекард. Ахтарон чун байзаҳои сафед дар боми арш ба сони Суҳайли Яманӣ љило медоданд. Гулноз бехабар аз одаму олам дар оғўши Гултоз менишаст. Дар ин лаҳза хушбахттар аз ў касе набуд.

– Чӣ шаби сип-сиёҳ?!

– Чун мўйҳои ту!

– Ситораҳо дурахшон?!

– Чун ояндаи ту!

Аз овози ў шодмонӣ ва навозиш эҳсос мешуд.

– Гултоз! – пичиррос зад Гулноз.

– Љон!

– Ҳељ гоҳ аз ҳамдигар људо намешавем?

– Ҳељ гоҳ! – гуфт ва аз лабонаш бўсид. Гулноз низ дигар бар хоҳиши дил муқобилият накарда, ўро бўсид.

Ногоҳ дилаш аз ҳарос ларзид.

– Гултоз, сабр кун. Ҳар кор вақту соат дорад.

– Наход ту ҳанўз ҳам шубҳа кунӣ? Ман бе ту мемурам…

Асрори шабоҳангу афсонаи умед ақлу ҳушашро рабуд. Ва номус аз даст дод. Гултоз аввал ханда, сипас асроромез садо зад:

– Базми суру шўру мастӣ дар пеш!

– Пешаш кай?

– Дер ояд – шер ояд!

Сонӣ шаб рафту рўз – фардо расид. Гултоз ўро боз ба ҳамин љой овард.

Офтоб бедареғ нур мерехт.

Гултоз сангу хокро љамъ оварда, теппача месохт.

Гулноз бо ҳайронӣ ба кори ў менигарист.

Малахҳо беист чир-чир мекарданд. Чунин ба назар менамуд, ки гўиё он садои худи офтоб буда, нурҳои он беист ва бо шиддат важжос мезаданд.

Гултоз аз дарахти арча навдаеро шикаст. Ба он латтаи сурх баст. Ба болои теппача халонд. Ва аз љо бархост.

– Чаро сурх? – бо ҳайронӣ пурсид Гулноз.

Ҳељ љавоб надода, сарашро поин андохту сокит монд.

– Чӣ, ту кар шудӣ ё гунг?

Боз посух нашунид ва худро гум кард. Лаҳзае пас Гултоз гуфт:

– На кар, на гунг.

– Пас чаро љавоб намедиҳӣ?

– Чун ки дақиқаи хомўшӣ буд. Барои он сурх, ки ин мазори номус аст.

– Номуси кӣ?

– Номуси ту!

 

6

 

Офтоб қиём мекард!

Аз сару гардани Гулноз арақ мешорид. Баногоҳ гўшҳояш ғуввос заду ба дилаш шубҳае љо гашт. Беихтиёр пичиррос зад:

– Гурехт номард!

Таконе хўрда, дилаш ларзид. Сипас ўро даҳшат ва тарсу ҳарос фаро гирифт.

– Не, не, – рад кард вай. – Гултоз маро дўст медорад. Охир, бе ту мемурам гуфт-ку?

Гулноз андаке таскин ёфт, вале хаёлу хотираш торафт парешону пуризтироб мешуд.

– Ё маро масхара медоронад?

Чуқур нафас гирифта, ба атроф нигарист.

– Не, не, не!

Худро хеле хаста ҳис мекунад.

– Аҳа! Фаҳмидам! Ба фикрам ў мехоҳад маро зери по кунад. Не, ҳаргиз! Ин хобатро ба об гўй!

Вай ба нуқтаи номаълуме нигариста, тез-тез мижа зад. Ва баъд оташин шуд. Бо хашму ғазаб ғур-ғуркунон чанд қадам монд. Баъд истоду таҳдидомез гуфт:

– Ҳоло сабр кун, ман ба ту нишон медиҳам!

 

7

 

Якбора ба тани Гулноз љон дамид. Зеро Гултозро дид. Вай назди мазори номус менишаст. Ҳама аламу қаҳру ғазаб аз дилаш рафт.

– Гултоз, Гултоз! – аз дур фарёд зад Гулноз.

Ва болу пар бароварда назди ў ҳозир гашт.

Вале Гултоз ҳељ ҳаракате зоҳир нанамуд. Гўиё Гултоз нею тамоман каси дигар – бегона нишаста буд. Наход ки хато кард? Зеҳн монд ба ў. Не, худи худаш, Гултози дилдодааш! Тори сараш рост, ду чашму ду гўш ба ў интизор истод. Ҳа, бо тамоми вуљудаш интизор буд, ки ҳозир Гултозаш мехезаду ҳарвақта барин: «Биё, биё љонакам! Биё, биё офтобаки ман, моҳтобаки ман!» – гўён, аз забонаш асал мечакад. Сипас ўро сахт ба оғўш мекашад. Гарм-гарм аз лабонаш мебўсад. Мебўсаду мебўсад…

Вале чун ҳарвақта нашуд. Ҳатто дам намезад ў. Лоақл: «Биё»-и хушку холӣ ҳам нагуфт. Аз сангу сафол садо буду аз вай не. Авзои Гултоз Гулнозро беқарору парешон кард. Ба чоҳи тааљљуб афтод, чаро дилдодааш аз дидани ў шодмон нашуд. Гулноз ҳељ чашмдори чунин истиқболу рафтор набуд. Аз ин рў чанд лаҳзае моту мабҳут гашта, чӣ гуфтану чӣ кор карданашро надониста монд. Танҳо бо ҳайрати бепоён ба Гултоз менигаристу халос.

Чанд лаҳза сукунати вазнине ҳукмрон гашт.

Ниҳоят Гулноз гардани ғурурро шикасту сукунатро барҳам зада, худ лаб ба гуфтор кушод:

– Салом Гултоз! – гуфт.

– …

– Ассалом, Гултоз!

– …

– Гултозљон! Ба ту чӣ шуд?

– Ҳмм! – гуфт Гултоз ва шитоб накарда, бафурља аз љайбаш қуттии сигорро бароварда, сигор гиронд. Бо як ҳаловати аљибе қуллобе гирифту дуди онро ба ҳаво пуф кард. Љавоби ҳама саломҳову “чӣ шуд”-и Гулноз гўиё бо дуд ба осмон рафт.

Бо вуљуди ин Гулноз наранљид, бо ду чашми чор нигоҳи умедвор меафканд ва интизори сухани хуш, оғўши гарму бўсаи сўзон меистод.

Гултоз чашм аз нуқтаи номаълуме наканда, дуд медод. Бо ҳаловат дуд медоду дуд. Табъаш ким-чӣ хел, ба Гулноз нофаҳмову муаммо. Гулноз боз гардани ғурурро бишикасту меҳрубонона:

– Ассалом, Гултозљон! – гуфт.

Гултоз боз ҳам:

– Ҳмм! – гўён, дуд сар доду халос.

Ин дафъа овозаш ким-чӣ хел ғайритабиӣ баромад. Як гўлу афшонду боз ба ким-кадом нуқтаи номаълуме дида дўхт. Гўиё аз ў ба љон ранљида, қаҳрӣ гашта. Гулноз боз лаб ба сухан кушод. Оҳанги суханаш нарм ва сулҳомез буд:

– Гултоз, ин чӣ шўхӣ?

– …

– Ҳозир вақти шўхӣ не, Гултозљон!

– …

– Худоё! Ба ту чӣ шуд?!

– …

Оқибат дар дилаш як изтироби ғарибе ба туғён омад. Ва тоқаташ тоқ гашт. Ин лаҳза буд, ки гармсели дуруште сару рўи ўро лесида гузашт. Ва гўиё ба ў љасорат бахшид. Бо овози баланд пурсид:

– Ҳой! Бо девор не, бо ту гап мезанам. Мефаҳмӣ ё не?

Аммо Гултоз ҳамоно мўҳри хомўшӣ бар лаб дошт. Ва бепарвову мағруру пурсеҳр буд.

– Худаш чӣ гап, Гултоз?

Гулноз ба ғазаб омад, ўро такон дод.

– Чӣ гўшата ба карӣ мезанӣ?

– Ҳа-е! Чӣ гап?!

Теғи нигоҳи Гултоз љисми наҳифи ўро бишикофт. Ларзиду ҳайратангез садо зад:

– Оҳ, Худоё!

Сипас бо ҳамон ҳайратзадагӣ пурсид:

– Ба ту чӣ шуд? Чаро бо чашми бегона ба ман менигарӣ? Чаро аз ман ҳазар мекунӣ?

– Ҳа-е! – Гултоз теғ кашида, ба Гулноз нигарист. – Чӣ гап? Пурсандаӣ ки ин қадар савол медиҳӣ?

– Пурсанда мегўӣ? – аз алам ларзид ў. – Ту ҳуқуқ дорӣ ки ба вохўрӣ набиёӣ, ман панљ соат туро интизор шуда, ҳуқуқ надорам пурсам, ки чӣ гап?

Гултоз аз љояш бархост.

Рўҳи Гулноз ташна буд. Ташнаи муҳаббат. Ташнаи навозиш. Чашмони Гулноз ба чашмони Гултоз часпид. Ва якбора он ҳама қаҳру ғазаб, ҳаяљону изтироб фурў нишаст. Фурў нишасту дилаш гум зада рафт. Чунон гум зад, ки худро бой дод. Чун ҳамеша љаҳиду худро ба гардани Гултоз овехт. Дастонаш қулфу калид гашт. Бўи дилдода ба машомаш зад. Сараш чарх зад, маст шуд. Беихтиёр чашмонаш пўшида шуданд. Лабони ақиқаш љўёи лабони дилдода гашт. Ҳамеша лабҳо ҳамдигарро бехато меёфтанд. Ин дафъа лабони Гулноз каме овора шуд. Дертар ёфт лабони дилдодаро. Вале истиқболу сўзонии пештараро дарнаёфт. Беҳаракату сард буданд лабҳои Гултоз.

Ҳа, сарду беҳаракат!

Гўиё ўро барқ зад. Дастонаш бемадор шуданд. Қулфу калидаш кушода гашт. Ва ў ба қади Гултоз шорида ба замин рехт. Бо вуљуди ин ҳама боварӣ бой надод. Сари мақсад омаданӣ шуда, нафасашро ба дарун гирифту оҳиста:

– Бас будагист, – гуфт.

– Чӣ?

– Саёқ-саёқ гаштанамон.

– Ба ман маъқул.

– Ба ман не.

– Хайр чӣ? Это твоя проблема!

– Хайр чӣ будааст. О, кай тўй мекунем?

Гултоз ба қуллаи кўҳи рў ба рў дида дўхт. Гўё саволи ўро нашунид. Гулноз саволашро такрор намуд.

– Чӣ? – Гултоз норозиёна нигоҳашро аз кўҳ барканд ва ба Гулноз зеҳн монд.

Нигоҳаш нигоҳе буд басо аљибу пурасрору нохоно.

– Тўй?

Бо табассуми сулҳомез нидо зад:

– Ҳа, тўй!

Бар абрў гиреҳ заду хашмгинона нигоҳ кард.:

– Тўйи кӣ?

Бо чашмони барқосо љавоб дод:

– Тўйи мо.

Боз бо теғи нигоҳ љисми наҳифи Гулнозро бишикофт.

– Тўйи мо?! Чӣ хел тўйи мо?!

– О, тўйи тую ман.

Чун гурбаи ваҳшӣ дандонҳояшро намоиш дод.

– Чӣ?! Тўйи тую ман?! Чӣ, ту ақлатро хўрдӣ? Ҳељ гоҳ чунин тўй намешавад!

Гулноз маргро тасаввур карда метавонисту чунин љавобро не.

Бо тарсу ҳарос пурсид:

– Ҳељ гоҳ?! Чаро?!

Бо рўи турш ва чашмони пурғазаб нидо намуд:

– Ман туро дўст намедорам!

Ин зарба аз зарбаи аввала гаронтар омад. Гулнозро гўиё тори дил барканд. Зонуҳояш ба ларзиш даромаданд. Дар дил: «Э худо, қувватам бидеҳ, ки наафтам» – гуфт ва бо ҳаяљон пурсид:.

– А-аъ?.. Чӣ гуфтӣ?.. Такрор кун…

– Карӣ?! Гуфтам, ки дўстат намедорам!

Магар ба гўшҳояш бовар накард, ки пурсид:

– Дўстам намедорӣ?

– Бале! – дағалона гуфт Гултоз. – Дўстат намедорам! Ва ҳељ гоҳ намедоштам!

Лаҳзае пакар шуда, чӣ гуфтанашро надонист.

– Ҳа, чӣ дамат ба дарун зад? – писханд зад Гултоз.

«Э Худо, тавре бикун, ки ин гапаш дурўғ бошад» – дар дил илтиљо кард Гулноз ва мисли кўдак аз дастонаш дошта, сахт фишурда, рост ба чашмони ў нигарист.

– Гултоз… Гултоз… Бигў, ки шўхӣ кардам… – зорӣ мекард Гулноз. – Бигў, Гултоз… Шўхӣ кардӣ, а?..

Гултоз дағалона ўро тела доду дод зад:

– Ин љо хонаи очаат аст, ки шўхӣ кунам!

Мувозинати худро базўр дошт. Хеле ошуфтаву парешону гиљ монд. Сипас бо ҳайронӣ канда-канда гуфт:

– Пас… пас чаро аз пасам давидӣ… банда шудӣ… садқа шудӣ… аз Азиз људоям кардӣ… номусамро шикастӣ…

– Бале, ҳамин тавр! Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ! Гап дорӣ?!

Бо тундӣ дод зад:

– Дорам!

Ва худро ба даст гирифту афзуд:

– Пас маълум мешавад, ки ту домони маро бо чормағзи пуч пур карда будаӣ?!

– Бале, ҳамин тавр! Гап дорӣ?

Якбора ҳунгос зада, ба гиря оғозид. Ва дар ҳоле, ки мегирист, нидо дар медод:

– Охир, чаро? Чаро? Худоё?!

Гултоз агарчӣ навакак сигор дуд карда буд, боз даст ба киса бурда, қуттии сигорро баровард. Сигори охиринро ба лаб гузошт, қуттиро маљақ карда, ба рўи мазори номус партофт. Баъд нидо намуд:

– Қасос гирифтам! Ҳа-ҳа-ҳа!

Гулноз такон хўрд. Ранг аз рўяш парид. Чеҳрааш мисли абри навбаҳор аввал сап-сафед гашт, баъд як лаҳза сип-сиёҳ шуд. Нафасаш ба шўр омад.

– Аз ман қасос гирифтӣ?!

Дар чашмони Гултоз оташи беэътиноӣ забона мезад. Аз ин Гулноз девона гашт, хез заду аз гиребонаш махкам дошт. Ва дод бизад:

– Барои кадом гуноҳам?!

Гултоз лаҳзае дасту по гум кард.

– Гўй! – гургона дандон совид Гулноз.

– Сар деҳ, баъд мегўям!

– Не, аввал гўй!

– Не, аввал сар деҳ!

Аз ғазаб лабу дандон хоида дод зад:

– Аввал гўй!

– То сар надиҳӣ, намегўям!

– Хайр, ана! – Гулноз гиребони ўро сар дод. – Гўй!

Гултоз гиребонашро ба тартиб оварда, ин дафъа бепарво ва як қадар бо қаноатмандӣ љавоб дод:

– Аз ту не, аз Азиз қасос гирифтам. Ҳа-ҳа-ҳа!

Гулноз боз такон хўрда, қадаме ба қафо рафт, гўё море аз пешаш баромада бошад.

– Чӣ?.. Аз Азиз-з?

– Ҳа, аз Азиз! Ҳа-ҳа-ҳа!

Дилаш дар қафаси сина тангӣ мекард, дасту пояш меларзид.

– Ҳа, ҳа, аз Азиз! Ҳа-ҳа-ҳа!

Фарёди тунд аз замири сина кашид:

– Охир, барои чӣ?!

– Барои он ки ў маро назди дўстон сархам, шарманда кард, обрўямро резонд. Як дона сигор пурсидам, надод. «Ба пулат чечак омадааст, ки харӣ» – гуфт.

Гўиё сихи сўзоне ба дили Гулноз халид.

– Оҳҳ! – нолише аз қаъри дилаш љўш зад. Ва гумон кард, ки қурси офтоб пора-пора гашт ва осмон омада ба замин фурў рафт.

Гултоз аз худ розӣ, дилаш моломоли шодӣ, бо виқор, бо сари баланд ба ў менигарист.

Гулноз чун мўи оташдида дар худ мепечид.

Гултоз ба ханда оғозид. Механдиду механдид. Аз шавқи ханда банди дилаш суст мешавад.

Гулноз чашмонашро пўшиду дод зад:

– Ин чӣ гап?!

– Ҳељ гап не!

Ва ў гўё хоб буду бедор шуд. Ва якбора дарёфт, ки оташи лабони Гултоз бахти ўро кайҳо сўхта будаасту дарк намекардааст. Пеши чашмони ўро сиёҳи пахш кард. Ҳайкал барин шах шуда монд. Ба назараш чунин намуд, ки хоб мебинад. Худаш ҳам, дар бедорӣ оё мумкин аст, ки љавонмард барои он ки ба ў як дона сигор надодаанд, ду касро бадбахт гардонад. Дар олам одамони интиқомљўй кам нестанд, вале ин хелашро тасавур карда наметавонист.

– Ҳељ гап не, ғам махўр! – ба китфи ў тап-тап зад Гултоз. – “Гул резад, нарезад аз ў бўй!” Ба назди Азиз бирав. Ў туро бо љону дил қабул мекунад.

Чеҳраи офтоб ғамгин ва тира гашт.

Нигоҳи нафратовари Гулноз ўро ба қатл мерасонд. Патҳои бинии нозукаш мепариданд.

– Чаро истодаӣ? Бирав назди Азизат!

Ва ў қоҳ-қоҳ хандид.

Гулноз якбора ба Гултоз ҳамла овард.

Ва ҳамзамон аз Гултоз торсакие хўрд. Вай аз дард дод зад:

– Эй вой бар ту!

Ў боз қоҳ-қоҳ хандид.

– Эй вой бар ту!

Пеши чашмонашро пардаи сиёҳ пўшонд.

Ва ў бехудона панља ба рўй зада, фиғон кашид:

– Дар ин дунё на ишқ будаасту на муҳаббат! Ҳама фанду фиреб!

– Не, ҳаст ишқ! Худо дода буд ишқро ба ту. Ба қадраш нарасидӣ. Ту худат онро хор кардӣ! Гултоз аз Азиз қасос гирифт, зиндагӣ аз ту! «Худкардаро даво нест!»

Гулноз девонавор ба чор сў чархиду чашм давонд. Ва дод зад:

– Кӣ гуфт ин суханонро?!

Ҳељ посухе нашунид. Ҳоло муҳим набуд, ки кӣ гуфт. Муҳим он буд, ки ҳақиқат буд ин гуфта. Гулноз ин ҳақиқатро дарк намуд. Ва арзандатарин кораш дар зиндагӣ дарки ҳамин ҳақиқат буд. Ва якбора дар вуљудаш ҳама орзуву умед сўхту хокистар гашт.

– Оҳҳ! – нидои љонсўзе дардод Гулноз ва ба љисму љонаш аз сар то нохуни пояш ларза омад.

Хунук хўрд, тасф кард.

– Номусам, вой номусам! – Гулноз ғирев андохта, чун помолшуда пўч гашт.

Зону ба замин зад ва сар ба рўи мазори номус монд.

Ин дам дуртар аз ў марде бо писарчааш гузаро буданд.

– Ота, ота, бин!

– Чира?

– Мурдае аз қабр берун монда.

Мард хомўшу парешон лаҳзае ба духтарак, ки ба ҳайкали мармарин табдил ёфта буд, дида дўхт ва гуфт:

– Сари қабри азизи дилаш меноладу ашк мерезад.

– Рафта ёрӣ диҳем?

– Бефоида. Ба ҳар бутае, ки алов афтод, танҳо худаш месўзад.

Рўи Гулнозро ашки сўзон мелесид.

Ба ҳолаш мурғони ҳаво гиря мекарданд!

 

8

 

На рўзи рўз буду на шаби шаб.

Офтоб фурў нарафта буд, вале наменамуд.

Қуллаи қўҳ, ки то ин дам ба мисли оташ сурхча менамуд, ранги хокистарӣ гирифт.

Ҳавои шаҳр тираранг гашт.

Сукунати сангине чун дар гўристон ҳукм меронд.

Ва ин лаҳза як оҳи сўзоне бар фазо печид.

Паси он бонги муаззин бархост.

“Аллоҳу акбар!..

Аллоҳу акбар!..”

Азони асрҳангом!

Асрҳангоми шаҳри пурғавғо!

Гўӣ ки:

Фиғоне буд!

Навҳае буд!

Афсўсе буд!

Ояте буд!

Бале, буд, ҳама чиз буд сари мазори номус!

 

16 сентябри соли 2000

10 октябри соли 2003

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …