Главная / Гуногун / ҚИССАИ  БАҲОРӢ

ҚИССАИ  БАҲОРӢ

Аввали баҳор бошад ҳам офтоб заминро чун танўр метафсонд. Ин вазъиятро пуршиддат мегардонад. Аз ин рў пагоҳӣ ба ў таъкид карданд, ки ҳушёр бош, баҳор аст. Ҳа, дар ин айём мошин бисёр мешавад. Бўи баҳор ба димоғ зада, одамро маст мекунад. Бедоршавии табиат ҳамаро каме хоболуд мегардонад. Хусусан ба ронандаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Таассури организмро мекоҳонад. Хатари садама меафзояд. Аз ин рў кори нозирони роҳ меафзояд. Нозири роҳ одами масъул аст. Султон Назирзода ин масъулиятро медонад, мешиносад ва ба ҷо меорад. Вай тартиботро дўст медорад, худ риоя мекунад ва мекўшад, ки дар роҳ ҳам тартибот бошад. Зимнан, ин касб касби осон нест. Аз субҳ то шом ва шаб то рўз дар гармову сармо дар пост, миёни обу оташ қарор дорад. Ҳеҷ ягон ронанда гуноҳашро ба гардан намегирад. Ба ҳар роҳ; ё ба зўрӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар мехоҳанд аз об хушк бароянд. Ана дар ҳамин вақт рисолати масъулиятро бояд ба ҷо биорӣ. Ин ҳамаро метавон бидуни ғараз ва тамаъ пушти сар кард.

siyohgush“Оре, пеш аз ҳама танҳо ҳамин тавр метавон аз фалокат ҷилавгирӣ кард”, – чашм аз роҳ наканда фикр мекард Султон Назирзода.

Не, ронандаҳои масъулиятшинос бештаранд. Онҳо тартиботро риоя мекунанд. Лекин ҳастанд ронандаҳое, ки дидаву дониста қоидаҳоро сарфи назар карда, гўё қаҳрамоние нишон дода бошанд, фахр ҳам менамоянд.

“Ҳама агар тартиботро рияо мекарданд, олам гулистон мешуд”, – аз дил гузаронд ў ва чўбро гиру гурбаро ёд кун гуфтагӣ барин “Волга”-и сиёҳе ба сечароғи сурх итоат накарда, бо суръати баланд чорраҳаро гузашт. Нозири роҳ ҳолати «Омода бош!» – ро гирифт. Ва бо чўбчаи алобулояш ронандаро ишорати дар канори роҳ боздоштани мошин кард.

– Лаънатӣ, аз куҷо пайдо шуд, набуд-ку! – худ ба худ гуфт ронанда. – Ё гурезам? Не, намешавад. Сур карда, медорад, кор чатоқ мешавад. Беҳтараш дорам. Ягон бало мекунам.

Ронанда – марди хомфарбеҳи миёнақади шикамкалон, мошинро дошт ва дав-давон назди нозири роҳ омад. Вай табъи болида дошт. Аниқтараш ширакайф буд. Бо як чобукӣ дасти нозири роҳро гирифта:

– Э-э… асалому алайкум, начайлик! Аҳвол қалай, саломатӣ, кору бор, зиндагӣ ништяк? Аҳли байт, хурду калон, ҳама хубанд?

– Ростӣ, ҳолам бад аст, – гуфт нозири роҳ.

– Э, не-й-е! Чаро? Барои чӣ?

– Барои он ки аввалан гўшҳои ман тоқати шунидани алфози бегонаро надоранд, сониян шумо намегузоред, вазифаи хизматиамро иҷро кунам. Дастамро сар диҳед.

– Ман Зиё Олимуф!

– Бисёр хуб, – гуфт ў бо мулойиматӣ. – Акнун дастамро сар диҳед.

– Маро шинохтед? Не, шинохтед ё не?

– Дастамро сар диҳед, ки шинос шавем.

– Ана, – гўён дасти ўро сар дод.

Нозири роҳ ҳолати низомӣ гирифта, дасти росташро ба чакка бурда:

– Нозири роҳ сержанти калон Султон Назирзода! – гуфт.

Вай то ҳадди имкон дар ин калимаҳо тамоми ҷиддият ва муҳаббаташро ба касби хеш ҷо дод.

– Хоҳиш менамоям ҳуҷҷатҳоятонро пешниҳод намоед!

Ронанда ба ҷои пешниҳоди ҳуҷҷат синҷакорона ба рўи нозири роҳ дида дўхту бо як табассуми аҷиб пурсид:

– Агар хато накунам, ту аз ноҳияи Ғори боло? Ёфтам-а? Аз симоят шинохтам. Ҳа, ман симошинос.

– Агар рафту аз ноҳияи Ғори боло бошам, баъд чӣ?

– Чӣ хел, баъд чӣ? Эҳ-ҳа! Ана гапу мана гап! Охир, мо ҳамшаҳр. Ният соф-дия, ният! Соф намешуд бо ҳамшаҳриям вомехўрдам.

Дар рўи нозири роҳ хафагӣ соя афканд.

– Агар ҳамшаҳрӣ бошем, қоидаро вайрон кардан мумкин будааст. Ҳуҷҷатҳоятонро бароред!

– Намебарорам!

– Мебароред!

– Исто, ман рақами нишони туро навишта гирам, – гуфт ў ва даст ба нишони Назирзода бурд.

Вай худро каме қафо гирифта:

– Ба нишонам нарасед, – гуфт. – Ин шаъну шарафи ман аст. Беҳтараш ҳуҷҷат пешниҳод кунед.

– Ҳуҷҷат нест! – ба дуруштӣ гуфт Зиё Олимуф.

– Чӣ, шумо мошинро бе ҳуҷҷат меронед?

– Не-дия, бо ҳуҷҷат!

– Пешниҳод кунед.

– Чӣ кор мекунӣ? – шиддат кард Зиё Олимуф.

Нозири роҳ бо эътимод ҳарф мезад, ки ба иззати нафси ў нарасад.

– Ҳуҷҷат тартиб дода, ба Бозрасии давлатӣ пешниҳод мекунам. Онҳо мувофиқи қонун ҷазо медиҳанд.

– Ҳа-а?! – хитоболуд овоз баровард Зиё Олимуф ва баъд аз нозири роҳ чашм наканда, бо нўги забон лаб лесид. Сипас хандид, баланд хандид. Хандаи ў ғолибият ва тамасхур дошт.

– Ҳамту? – бо ангушти ишоратӣ таъкидкунон рост ба чашмони нозири роҳ нигарист Зиё Олимуф. – Гила аз худат! Ту чӣ, маро бесоҳиб гумон кардӣ? Хобатро ба об гўй. Ман бе пушту паноҳ не, ҳомӣ дорам.

Ин суханони ронанда ба дилу дўши нозири роҳ бисёр гарон афтод. Ногаҳ як эҳсоси олуда ба истеҳзову алам ба дилаш нишаст.

– Ҳа-а, – лаб газид Назирзода. – Канӣ шунавем-чӣ! Кӣ будааст ҳомии шумо.

– Чӣ хел кӣ будааст ҳомии ман?

– Ному насаб, ҷои кораш, вазифааш…

Ў ба сари нозири роҳ сиёсат кард:

– Ба ў арз ки кардам, ана баъд мефаҳмӣ! Фаҳмидӣ?!

– Фаҳмо-о… Ҳоло арз мекунам гўй? Баъд чӣ?

– Гўшатро метобад, – ба дуруштӣ гуфт Олимуф. – Ҳа, сахт метобад. Чунон метобад, ки як умр фаромўш намекунӣ.

Дар лабони нозири роҳ табассуми саҳл намоёне ба ларза омад.

– Хайр, баъд чӣ?

– Баъд худат бо сари хаму гўшҳои лапар оварда медиҳӣ.

– Баъд чӣ?

– Баъд?… Баъд бахшиш ҳам мепурсӣ.

Назирзода асабӣ шуд, қариб монда буд, ки инони ихтиёрро аз даст диҳад. Аммо худро ба даст гирифта, ба Олимуф рўй овард:

– Истед, ки ҳамин гапҳоятон ҳамааш ростанд?

– Набошад чӣ, – гуфт Олимуф. – Агар хоҳед, қасам мехўрам.

– Қасам хўрдан ҳоҷат надорад, – бо оромӣ гуфт Назирзода. – Майлаш, баъд гўши маро тобанд, бигузор аз кор гиранд. Ҳоло калиди мошинро диҳед.

– Чиро диҳам? – гўё ў нафаҳмид.

– Калиди мошинро!

– Кадом мошинро?

– Мошини худатонро.

– Чӣ кор мекунӣ калиди мошини маро? – шиддат кард Олимуф.

– Мошинро дар майдончаи ҷаримавӣ махкам мекунем.

– Махкам мекунед? Барои чӣ?

– Барои он ки шумо нўшидагиед.

Ҳатто мижаи Олимуф хам нахўрд. Ва бе ҳеҷ ибо:

– Хайр чӣ? – гуфт. – Нўшидам. Ҳақ дорам. Ё ҳақ надорам? Гап зан ҳақ дорам ё не?

– Ҳақ доред, ки бинўшед, – розӣ шуд Назирзода. – Вале ба сари рул нишастан ҳақ надоред.

– Охир, ман зиёӣ ҳастам…

– Дар сари рул шоҳу гадо баробар аст.

Ронанда, ҳанўз ҳам аз аспи якравиаш пиёда нашуда, таънаомез гуфт:

– Хайр, чӣ шудааст? Осмон ба замин начаспидааст-ку?

– Чӣ шудааст? – якбора оташин шуда гуфт Назирзода. – Боз чӣ мешуд? Ҳар сол бо “шарофат”-и шумо барин ронандаҳо қариб ҳазор нафар одамони бегуноҳ ҳалок мешаванд, ду ҳазор маъюбу маслуқ.

– Хеле воҳима кардӣ-ку!

– Ин воҳима не, ҳақиқат, – ҷиддан гуфт ў. – Ҳа, ҳақиқати талх.

– Ин бо айби ронандаҳо не. Ҳа, гуноҳро ба сари ронадаҳои бечора бор накунед. Гунаҳгор Азроил. Рўз ки буд шуд, як чӣ баҳона мешавад.

– Шумо қоидаи ҳаракти роҳро вайрон кардед. Ба ин ҳам Азроил гунаҳгор?

– Қоида, қоида, – писханд зад ронанда. – Қоида барои он аст, ки вайрон кунӣ. Ё гапам нодуруст?

– Нодуруст, қоида барои он аст, ки риоя кунед. Вале Шумо бо суръати баланд дар ранги сурх гузаштед.

– Э он қадар ҳам сурх набуд. Шаробҳои ҳозира маза надорад, маст намекунад. Ҳа, нимаш об.

– Ин ҷо ҷои шўхӣ нест.

– Ҳамеша бояд шўхӣ кард. Зеро шўхӣ занги дил мешўяд ва умри одамро дароз мекунад. Ҳа, ин илман исбот шудааст. Биё, даст те, ин гапҳо айбай…

– Бале, айб аст, – гуфт Назирзода. – Калидро диҳед.

Олимуф пушти сархорон гуфт:

– Гўш кун, ту гурусна нестӣ?

– Баростӣ, гуруснаам, – иқрор шуд Назирзода.

– Оҳ-ҳо! Ман ҳам саг барин гуруснаам. Биё, ба ягон қаҳвахона рафта бо сихкабоби серравған садта-садта мекунем. Чӣ гуфтӣ-а?

– Наметавонам, – ҷавоб дод Назирзода. – Ман дар кор.

– Э кор гург не-ку, намегурезад. Кор гуфта худро пир мекунӣ. Кӣ минатдор мешавад? Бин, ягон орден ё медал надорӣ…

– Дорам, – гуфт Назирзода. – Медали “Шуҷоат”.

– Барои чӣ доданд?

– Доштани ронандаи маст.

– Нахо-о-од?… Хайр, биё, ту дили маро наранҷон, ҷўра. Ҳа, ин кори ганда. Худо бад мебинад одами дилозорро. Ҳатто Хоҷа Ҳофиз гуфтааст:

    Май бихўр, мусҳаф бисўзу оташ андар қаъба зан,

    Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун!

– Бале, рост гуфтааст. Ана барои ҳамин ҳам шумо бояд ҷазо гиред.

– Биё, ин қадар сиёсат накун. Ба дор мекашанд-мӣ? Не, албатта! Хайр, ҷарима меандозанд. Ҷаримааш ҳам он қадар киройӣ нест.

– Мутаассифона шумо ҳақед. Ҷарима хеле ночиз аст. Онро зиёд кардан лозим, то ки вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракати роҳ ҳис намоянд

– Гўш кун, ту бисёр йигити хуб менамоӣ. Симоят ҳам зебо, қаду қоматат ҳам расо…

Нозири роҳ оҳи сард кашид.

– …Не, не, ин комплимент не, ҳақиқат. Ту йигити шаш кас медидагӣ. Агар дурўғ гўям кўр шавам. Ояндаи дурахшон дорӣ. Ҳа, рост-дия! Гўсолаи шуданӣ аз пояш маълум. Биё як коре кунем, ки “на сих сўзаду на кабоб”. Чӣ гуфтӣ, а?

– Нафаҳмидам?

– Дидаро нодида мегирӣ, тамом вассалом!

– Чӣ тур? – бо тааҷҷуб суол мекунад Назирзода.

– Охир, ман ҳам маънои БДА-ро мефаҳмам. Ҳа, бачаи ҷайра нестам-ку. Милиса ҳам одам аст. Хонаву дар, бачаву чақа дорад. Онҳоро хўрондан лозим, пўшондан лозим. Хайр, боз орзуву ҳавас гуфтанӣ гапҳо ҳаст…

– Хоҳиш мекунам, калидро диҳед.

– Ўй! – хитоб кард Зиё Олимуф ва бо тамасхур пурсид: – Хайр шуд, ставкаат чӣ қадар аст?

Ин кори Зиё Олимуф ўро лол карда, ба як ҳолати ногувор андохт. Вай хомўширо аломати ризо пиндошта, аз кисааш бист сомонӣ бароварда, хост ба кисаи нозири роҳ гузорад. Назирзода дасти ўро дур андохт.

– Шумо ба ман пора…

Нозири роҳ гўё нафасгир шуда, хомўш монд.

– Ана, хало-ос! Даррав пора. Чаро пора? Пора не, як чойпулӣ.

– Ба ман чойпулӣ лозим нест.

– Об-бо… хайр, на пора, на чойпулӣ, ҳамту пул… Ҳа, аз ман ба ту ҳадя. Ҳой, пули ман табаррукӣ.

– Ман “дар” гўям, шумо “девор” мефаҳмед…

– Ҳа-а, – лабханд кард Зиё Олимуф. – Гапа ғоз надеҳ. Фаҳмо. Ғараз аз тушбера гўшт хўрдан аст.

“Ба дасти наҳангаш афтодам-ку? Боз зам кунам ё не? Не, биринҷ оббардор не, зам кардан даркор”.

– Кам мегўй? Хайр, ана боз ду Айнӣ… Э-э, гиред-е…

– Не!

– Ин не – вай не, кам-а? Ду Айнӣ кам-а? Хайр, ана боз ба болояш як Сино.

Ин гапи Зиё Олимуф ба иззати нафси нозири роҳ расид. Ва ў андаке сахт карда, гуфт:

– Хоҳиш мекунам таҳқир накунед!

– Киро? Туро? Худо нигоҳ дорад.

– Не, пули милли Тоҷикистонро.

Аз ин гуфтор ба таври худ хулоса мебарорад.

– Э-э, нав намёкатро фаҳмидам. Доллар мегирӣ…

Аз ин густохии ў ба қаҳру ғазаб омад, хост, ки торсакие ба рўяш фурорад, аммо ин хоҳишашро саркуб кард.

– … Маъзур, доллар надорам. Не нагў ҳаминро гир.

– Не!

– Чаро?

– Ин ҷиноят аст!

– Не бошад, не.

Вай як зум фикр кард.

– Ту умуман чӣ мехоҳӣ?

– Адолат!

– Ҳама нозирон як хел набудаанд-да.

– Ман ганда-а?

– Ганда нагуфтам-ку?

– Агар ҷиноятатонро нодида гирифта, чора набинем, хуб. Агар не, ганда. Аҷаб фалсафае.

– Оҳ, Худо… Худо-е! – нолишкунон аз киса сигарета баровард.

– Мекашӣ?

– Ташаккур, ман намекашам.

– Тамоман?

– Тамоман.

Вай тамасхуромез хандид ва сигарета даргиронд. Дуди онро ду-се бор ҳарисона фурў бурд.

– Ҳа-а, ин не – вай не… Хайр, гир акун.

– Не!

– Ту ба ман ин қадар “не, не” гуфта худатро дар тарозу наандоз. Ҳама мегиранд.

– Ман ба пули ҳаром одат накардаам.

Ин гап ба иззати нафси Зиё Олимуф расид.

– Оҳ-ҳо! Забонат тез будааст-ку?

– Гапи ҳақро мегўям. То ҳоло нагирифтаам

– То ҳол нагирифта бошӣ, оянда мегирӣ. Пулро ба сари оҳан ниҳӣ об мешавад.

Нозири роҳ чизе нагуфт.

– Аз афташ навкорӣ? – пурсид Зиё Олимуф.

– Не, – гуфт ў, – даҳ сол собиқаи корӣ дорам.

– Не может бит! Устод надоштаӣ-да.

– Устод доштам.

– Беҳунар будааст, – гуфт ў. – Туро ҳам беҳунар тарбия кардааст

– Дар тамоми дунё шўҳрат дошт.

– Чӣ-ӣ-ӣ?! Кӣ будааст ў?

– Ҷояшон ҷаннату рўҳашон шод бод, Нуров Мулло.

– Ҳамон бурутӣ? Эҳе, ҳамиқа мегирифт, ки…

– Аз барои Худо бас кунед! – ваҷоҳати Назирзода ниҳоят вайрон шуд.

– Нафаҳмидам…

– Гўш кунед, дурўғгўйро чӣ мегўянд?

– Чӣ хел чӣ мегўянд? Дурўғгўйро дурўғгўй мегўянд.

– Не, аз нуқтаи назари мусулмонӣ

– Ҳа-а, ин хел гўй? – вай лабханд кард ва ба хаёл рафт, аммо ҷавоб ёфта натавонист. Вале тан надода, гуфт:

– Дар нуги забонам чарх мезанаду ҳеҷ не ки…

– Дурўғгўй душмани Худо!

– Не-е! Ҳай ёфтӣ-да! – пичинг зад ў. – Рост гуфтӣ мурдӣ, дурўғ гуфтӣ бурдӣ.

Нозири роҳ шигифтзада пурсид:

– Яъне, ки шумо ҳамеша дурўғ мегўед?

– Э не-е! Не, ҳеҷ гоҳ!

– Мегўед.

– Кӣ гуфт?!

– …

– Чӣ ин қадар ба рўи ман менигарӣ?

– Меҷўям, – гуфт ў дар ҷавоб. – Мутаассифона намёбам.

– Чиро намеёбӣ?

– Ҳамрангиро.

– Чӣ хел ҳамрангиро?

– Сирату ботинро, – бо таассуф ҷавоб дод Назирзода. – Дар телевизор як гап мегўед, рафторатон дигар. Дар забон ҳой-ҳою дар рафтор вой-вой будаед. Борҳо тавассути телевизион гуфтед, ки на ҳама чизро, масалан виҷдонро харида мешавад. Ҳозир бошад виҷдони маро хариданӣ ҳастед. Эҳ, шумо!

Ин суханон чунон ногаҳонӣ буданд, ки Зиё Олимуф ҳатто ба гўшҳояш бовар накард. Сипас аз киса рўймолча бароварда, бинӣ афшонд. Нозири роҳ як қад парида, ба ў нигарист.

– Э… ё метарсӣ? Э буздилӣ накун-е! “Аз чумчуқ тарсӣ, арзан накор” гуфтаанд. Натарс. Ман ба ҳеҷ кас намегўям.

Ин рафтори ў ғояти пастӣ ва ҳатто, чун кирдори бачаи беақл, хандаовар буд.

– Бас кунед.

– Бас намекунам!

Нозири роҳ аз қаҳру алам дарун-дарун сўхта ноилоҷ монд.

– Шумо барои ман дигар роҳ намондед. Маҷбурам, ки бригадаи  таблиғотиро даъват кунам.

– Барои чӣ?

– Шуморо ба навор мегиранд, дар телевизион намоиш медиҳанд.

– А-а?! Чӣ гуфтӣ?!

Ба пўстини ў кайк афтод.

– Шумо экранро дўст медоред-ку? Баромад мекунед.

– Баромад? Чӣ мегўям?

– Шумо маро мепурсед? Охир, шумо дар гап усто-ку?

Ў лаҳзае лаб аз гуфтор баст. Дар қиёфаи Зиё Олимуф асари тарсу ҳарос ҳувайдо шуд.

– Мегўед, ки чӣ хел нўшидед ва қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон кардед. Мегўед, ки чӣ тавр ба ман пора дода, виҷдонамро хариданӣ шудед. Мегўед, ки чӣ хел пули миллии Тоҷикистонро таҳқир кардед. Мегўед, ки чӣ гуна забони давлатиро хор кардед.

Ў ба даҳшат афтода, ранги рўяш мурдавор канд.

– Ҳай-ҳай-ҳай… ин ҷазои сахт…

– Сахт, вале зарур! – гуфт нозири роҳ ва дигар худдорӣ карда натавониста, идома дод:

– Дилам ба миллат месўзад, мефаҳмед? Месўзад! Агар зиёияш чунин рафтор кунад, аз дигарон чӣ гила?!

Нафаси Олимуф ба дарун зад. Вай бо андўҳ оҳ кашиду идома дод:

– Ана, ҳаминаш алам мекунад. Аз ростӣ, мағз-мағзи устухон месўзад. Сахт месўзад! Мефаҳмед?!

Пас аз ин гуфтаҳо вай сар ба зер афканд ва ба ҳайкали ғаму андўҳ табдил ёфт.

Олимуфро аввал чашми чапаш парид, сипас ҳуш аз сараш. Дилаш сих зад. Чунон сих зад, ки “воҳ” гуфта монд. Сару рўяшро арақи шарму ҳаё пахш кард. Лаҳзае лаб газида, музтар монд. Ёрое надошт, ки ба чашми нозири роҳ нигарад. Тайёр буд, ки замин ўро фурў барад.

“Садрўза роҳатат ба якрўза кулфат намеарзад”-аш ҳамин бошад? Омад ба сарам ҳар он чи метарсидам…”.

Вай сар бардошт, вале ба нозири роҳ нигоҳ накард. Нигоҳаш ба сечароғ афтод. Чароғи зардаш чашмак мезад. Гўё ба ҳоли ў механдид. Ба абрувонаш гиреҳ афтид. Аз сечароғ чашм канда, ба сўи офтобшин нигарист. Офтоб нишаста буд. Абрҳои сурх, ки гўё аз онҳо хун мечакид, уфуқро иҳота карда буданд. Ин манзара дили ўро харошид. Суханҳои нозири роҳ дар гўшаш садод доданд.

“Гапаш чун теғ тез, вале ҷондор”, – дар дил иқрор шуд ў ва зери лаб “астағфируллоҳ” гуфту чашмаш боз ба сечароғ афтод. Ин лаҳза чароғи сурхи он фурўзон гашт. Он чун ҷараёни барқ ба танаш давид. Таконе хўрд. Дилаш сахт-сахт тапида, гўшҳояш садо доданд. Акнун аз ҳар тори мўяш арақ мечакид. Вай ба дараҷае сурх гашта буд, ки тарҳи рўяшро аз сурхии чароғи раҳнамо фарқ карда намешуд.

– Уфф, – номаълум оҳ кашид Зиё Олимуф ва оҳиста калидро ба дасти нозири роҳ дод.

16 августи соли 2007

 

Инчунин кобед

mongolia_during_the_manchu_rule

Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Муғулистон

Дар нимаи дуюми асри XIX ҳукумати Чин дар Муғулистон баъзе дигаргуниҳои иқтисодию сиёсиро ба амал …